Рӯ ба Ҳинд овардани соиб, дило, аз баҳри чист?

№137 (4087) 14.11.2019

Рӯ ба Ҳинд овардани соҳибдилон аз баҳри чист?

Рӯзгор оинаро муҳтоҷи хокистар кунад.

Ин байт хеле маъмул аст ва зуд-зуд аз забони ин ё он нафар ба гӯш мерасад. Ҳар гоҳ сухан дар бораи ин байт равад, мепиндоранд, ки онро Мирзо Бедил гуфтааст. Баъзеҳо онро ба Соиб нисбат медиҳанд.

Муҳаммад Ҳусайни Ораш — узви Анҷумани озоди нависандагони Балх қиссаи дилпазиреро вобаста ба байти зикршуда нақл кард. Минҷумла гуфт, ки вақте дар мактаб мехонд, рӯзе муаллиме ба дарс наомад ва ҳамсабақон тасмим гирифтанд, ки ба ду гурӯҳ тақсим шуда, байни ҳам байтбарак намоянд. Яке аз шарикдарсон дар ҷавоби байти тарафи муқобил хонд:

Рӯ ба Ҳинд овардани соҳибдилон аз баҳри чист?

Рӯзгор оинаро муҳтоҷи хокистар кунад.

Ҳамон замон ба синфхона муаллими фанни забон ва адабиёт ворид шуд ва гуфт:

- Мехоҳед дар бораи ин байт бароятон қиссае бигӯям?

Мо, ки муштоқи шунидани қиссаҳои рангину ширин будем, розӣ шудем. Муаллим чунин қисса кард:

- Мегӯянд, ки Ҳазрати Бедил ҳамеша ба шаҳри Табрез мерафт. Зимни мулоқот бо Соиб аз ӯ мехост, ки ба Ҳиндустон биёяд, аммо Соиб ин даъватро рад карда мегуфт, ки дар шаҳри шумо ҳама чиз ранги хокистарӣ дорад. Он ҷо на хок аз хокистар фарқ дораду на хокистар аз хок. Намехоҳам ба он ҷаҳаннам биравам.

Аз қазо Соиб ба дарди ҷонкоҳе гирифтор мешаваду табибон дар илоҷи он оҷиз мемонанд. Ҳолдонҳо маслиҳат медиҳанд, ки давои бемориро танҳо табибони Ҳиндустон медонанд. Соиб ноилоҷ ба Ҳинд меравад ва он ҷо дардашро мудаво мекунанд. Баъди шифо ёфтан ба суроғи Бедил мебарояд. Вақте ки онҳо рӯ ба рӯ меоянду ба чашми ҳамдигар нигоҳ мекунанд, Бедил мегӯяд:

Рӯ ба Ҳинд овардани Соиб, дило, аз баҳри чист?

Соиб зуд посух медиҳад:

Рӯзгор оинаро муҳтоҷи хокистар кунад.

Ҳамин тавр, ин байтро Бедилу Соиб якҷоя гуфтаанд.

Шояд ин ҳикоят ҳақиқат надорад, вале муҳим он аст, ки байт дар миёни мардум он қадар шуҳрат ёфтааст, ки вобаста ба мазмуну муҳтавои он ҳикоят бофтаанд.

ВОРИС, «Садои мардум»