30 сол пеш дар ҳамин шабу рӯз вазъияти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ пур аз ваҳму изтироб буд. Хандаҳои беғаш ва форами кӯдакон, табассуми ширини ҷавонону духтарони қадрас ба гӯш намерасид. Агар мусиқӣ аз тариқи радио ва телевизион садо медод, он ҳам нолаи ҳазин буд. Дар урфият мегӯянд, ки вақте ки тӯпҳо садо баланд мекунанд, мусиқӣ хомӯш мешавад. Дунёро ваҳму сиёҳӣ пахш хоҳад кард.
Шоири халқии Доғистон Расул Ғамзатов ба саволи «Ранги сурх аз куҷо баромадааст», ҷавоб дода буд: «Аз ранги сиёҳ.
- Пас ранги сиёҳ аз куҷо пайдо шудааст?
- Аз ранги сурх. Вақте ки хуни сурх мерезад, дунё (ҷаҳон) мотамзада шуда, сиёҳпӯш мешаванд».
Солҳои 1992-1993 ба қавли Расул Ғамзатов, хуни сурх рехту диёри нозанини мо, сокинони он сиёҳпӯш шуданд.
30 сол пеш мақолаи ғамангез ва ноумедонаи «Вақте ки тӯпҳо садо мекунанд» (рӯзномаи «Садои мардум» 27-уми ноябри соли 1992, №217 (467) саҳ. 4) чоп кардам. Азбаски саҳифаҳои рӯзномаро гузориш аз рафти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар шаҳри Хуҷанд банд карда буданд, чопи мақолаи банда каме ба таъхир афтод.
Аз ҷумла навишта будам, ки: «Чун анъана, ҳар рӯз, назди тиреза ба берун чашм медӯзам. Мардум бо нигоҳҳои саволомез ва пуризтироб бошитоб равонанд. Ҳатто кампираконе, ки сари роҳ нишаста, соатҳои тӯлонӣ суҳбат мекарданд, ба назар наменамоянд. Борони тирамоҳӣ ҳамоно беист меборад. Дар оинаи нилгун Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд давом дорад. Ҳама бо як орзу сар ба болини хоб мениҳем, ки то субҳи дигар ба дидори ҳам расем?
Кош он рӯзи фирӯз ва муросо зудтар мерасиду вазъи ноороми ҷумҳуриамон ба эътидол меомад. Боз хандаи бекина ва ғулғулаи бозиҳои кӯдакон ба осмон мехест».
Ҳамон рӯз умеди ягонаи сокинони кишвар ба Иҷлосияи XVI тақдирсози Хуҷанд буд.
Аз Дастгоҳи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш шуд, ки хабарнигорони рӯзномаи «Садои мардум» барои инъикоси кори Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба шаҳри Хуҷанд раванд. Иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири рӯзнома Мирзомаҳмуд Мирбобоев ва хабарнигори рӯзнома Мардони Муҳаммад ба сафари хизматӣ ба шаҳри Хуҷанд фиристонида шуданд. Дар шаҳри Хуҷанд ба онҳо хабарнигори рӯзнома Абдуғаффор Қурбонов, хабарнигорони минтақавии рӯзнома дар вилояти Ленинобод Солеҳи Зарифзод ва хабарнигори рӯзнома дар вилояти Кӯлоб Бобоҷон Абдулвоҳидов ҳамроҳ шуданд.
16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ба кори худ шурӯъ намуд. Рафти иҷлосия аз тариқи радио ва телевизион, инчунин матбуоти даврӣ инъикос мешуд.
- «Садои мардум» дар воқеаҳои солҳои 1991-1992 дар ҷумҳурӣ ягона рӯзномае буд, ки ба Давлату Ҳукумати қонунӣ содиқ монд ва ба туфайли ин рӯзнома хонандагон аз ҳақиқати воқеаҳо бохабар гаштанд. Ҳамин ҳақиқатнигории рӯзнома буд, ки баромадҳояш на ба ҳама писанд меомад. Аз ин рӯ, душманони ростиву ҳақиқат сармуҳаррири рӯзнома Муродулло Шерализодаро ҳадафи тир қарор доданд. 5-уми майи соли 1992 ин рӯзнгоманигори ҳақиқатпараст ба қатл расонда шуд. Вале рӯзномаю коллективи эҷодии он аз роҳи ҳақиқатнигорӣ рӯй натофт, — навиштааст профессор Иброҳим Усмонов.
Хабарнигорони парлумонии рӯзнома шурӯъ аз 18-уми ноябри соли 1992 то 15-уми декабри соли 1992 дар бораи ҷараёни иҷлосия иттилоия, хабар, муроҷиатномаҳо, қарорҳои нав қабулшуда ва гузориши фишурдаро чоп карданд. Дар баробари ин, онҳо баромаду гузоришҳои вакилони халқро сабт карда, фишурдаи онро дар коғаз навишта, аз тариқи телетайпи АМИТ «Ховар» ва тавассути телефон ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» мефиристоданд. Алабатта, ин кори вазнин ва заҳматталаб буд, вале хабарнигорон масъулияти дар наздашон гузоштаро хуб дарк намуда, софдилона меҳнат мекарданд.
Дар идораи рӯзномаи «Садои мардум», ки он солҳо дар қабати сеюми бинои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буд, ҳайати эҷодии рӯзнома бо роҳбарии нависанда ва журналисти шинохта Бахтиёр Муртазоев (ҳоло Нависандаи халқии Тоҷикистон) навбатдорӣ ташкил карда, матолиби омадаро таҳрир карда, ба чоп месупориданд.
Кормандони эҷодии рӯзнома бо роҳбарии мудири шуъбаи сиёсат ва ҳуқуқ Бахтиёр Муртазоев, мудирони шуъбаҳо Умриқул Ҳақбердиев, Ғаниҷон Ҷӯразода, Зулфиқори Шодӣ, хабарнигорон Раҳимҷон Бобоҷон, Қурбон Мадалиев, Қироншоҳ Шарифзода, Обиди Умар, муаллифи сатрҳо, Мардон Шукуров, Марямбонуи Фарғонӣ, Акбари Саттор, Темур Исмоилов, кормандони котибот Мухтор Боқизода, ҳуруфчинҳо Сайёра Мазамбекова, Санавбар Ҳоҷиева, Аноргул Сӯфиева, Дилором Ҷобирова баъзе маврид то саҳар дар идора кор карда, субҳи собиқ ба хонаҳояшон мерасиданд.
Кормандони техникии КВД КТН «Шарқи озод» ленотипҳо ва ҳуруфчинҳо Татяна Салеҳова, Фурқат Мирзоев, Равшан Қодиров, Татяна Саъдуллоева, Беҷода Гуленова, саҳифабандҳо Камол Абдуллоев, Кабир Ҳакимов, Исматулло Холов, Алимов Нормурод, сардори сехи чопи офсетии газета Вафобек Гулбердиев ва дигарон низ зарурияти рӯзномаҳоро дарк намуда, бо дарки масъулият, вале ҷиддӣ меҳнат мекарданд.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанди бостонӣ 16-уми ноябр оғоз ёфта, 2-юми декабри соли 1992 ба кораш анҷом бахшид. Хабарнигорони парлумонии рӯзномаи «Садои мардум» дар Хуҷанд ва ҳайати эҷодии рӯзнома дар шаҳри Душанбе вазифаҳои дар наздашон гузошташударо сарбаландона ба ҷо оварданд.
19-уми ноябри соли 1992 аз тариқи овоздиҳии пинҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Мавриди зикр аст, ки аввалин мусоҳибаи Сардори ба тозагӣ интихобшудаи давлат бо хабарнигори рӯзнома Мардони Муҳаммад таҳти унвони «Давлат аз иттифоқ хезад» дар рӯзномаи «Садои мардум» 19-уми декабри соли 1992, №227 (477) ба табъ расидааст.
«…Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бешак, иҷлосияи таърихӣ буд. Дар он қисмати миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳал мешуд. Аксарияти кулли депутатҳо ин нуктаро хуб дарк намуда, баҳри ба эътидол овардани вазъи ҷумҳурӣ ва пеши роҳи хунрезиро гирифтан кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. Иҷлосия дар фазои якдилию ҳамдигарфаҳмӣ гузашт. Депутатҳо якдилона Раёсати Шӯрои Олӣ ва Ҳукумати Тоҷикистонро интихоб карданд.
…Гуворотарин лаҳзаҳот қабули Парчаму Нишони давлатии Тоҷикистон буд. Ин лаҳзаҳои таърихӣ ҳеҷ гоҳ аз хотири иштирокчиёни иҷлосия фаромӯш нахоҳад шуд.
«Умуман, ин иҷлосия қадами нахустин баҳри сулҳу осоиш дар ҷумҳурӣ гардид…», — гуфта буданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Баъд аз ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минбари иҷлосия баромада гуфтанд:
«… Депутатҳои азиз, меҳмонони гиромӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Аз ин минбари баланд барои ба ман боварӣ зоҳир карданатон миннатдорӣ баён менамоям. Натиҷаи овоздиҳӣ нишон дод, ки дар байни депутатҳо якдилӣ, якдигарфаҳмӣ оғоз ёфта истодааст. Ман низ оғози кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард…
Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳар чӣ аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард…».
(Рӯзномаи «Садои мардум», 27-уми ноябри соли 1992, №217 (467), саҳ. 2)
Баъди баромади кӯтоҳ, вале пурмаънову ҳадафноки Сардори давлат шуълаи умед дар дили ҳазорҳо нафар сокинони Тоҷикистон баланд шудан гирифт. Шоирон аз нав ба шеъргӯӣ оғоз карданд. Мутрибон торҳои хешро ҷӯр карданд. Мавҷи ханда ва суруду таронаҳо оҳиста- оҳиста баланд шуд.
Адиби кӯҳансол Абдумалик Баҳорӣ шеъре эҷод кард:
… Даҳшати шабҳо гузашту як пагоҳ,
Муждае омад аз Арбоби Хуҷанд.
Аз қарори маҷлису сулҳу салоҳ,
Аз шиори родмарди сарбаланд.
Ин шиор аз минбари олӣ ба гӯш,
Мерасиду чеҳраҳоро мекушод.
Парчами ҷумҳуриро ҳар як хамӯш,
Бӯса мекарду ба чашмаш мениҳод…
Ҷанг барҳам хӯрду осоишта шуд,
Дур шуд аз умқи дил дарду алам.
Тухми сулҳу ваҳдати мо кишта шуд,
Офарин, эй Сарвари собитқадам!
Инак, баъд аз 30 сол мақолаи «Вақте ки тӯпҳо садо мекунанд»-ро мутолиа мекунам. Он солҳои пурфоҷиа барандаи барномаи «Синамо»-и телевизиони Тоҷикистон ба ҳунарпешаи шинохта Гулсара Абдуллоева суҳбат анҷом дода буд. Роқими ин сатрҳо барномаро тамошо карда, дар мақолаам 30 сол пеш навишта будам:
«Ман бозиҳои табиӣ ва олиҷаноби Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Гулсара Абдуллоеваро борҳо тамошо карда, эътироф намудаам. Ҳам дар чодари кино ва ҳам дар саҳнаи театр ин ҳунарпеша беҳамто ва бебаҳост. Дар нақшҳои ҷиддӣ, мазҳакавӣ ва офаридани симои модарон кайҳо боз комёб шудааст. Вале саҳнае, ки дар барномаи телевизионии «Синамо» тамошо кардам ба фикрам, яке аз саҳнаҳои табиӣ, боварибахш ва таъсирноки аз таҳти дил иҷрокардаи апаи Гулсара буд.
Суол аз ҷониби баранда дигар буду ҳунарпешаи маҳбуби моро воқеаҳои вазнин ва даҳшатбори имрӯза (манзур соли 1992), ҷангҳои бародаркушӣ ва навҳаву фиғони модарони аламзада нагузошт, ки аз комёбиҳои хеш ҳарф занад. Ашкҳои эҳсосӣ ва пураламаш марҷонвор ба рухсораҳои зебояш мешориданд…
Пас аз дидани ин саҳна, ба фикрам, ҳоҷати пурсидан намонд, ки чаро ин шабу рӯзҳо санъаткорони мо хомӯшанд? Зеро Гулсара Абдуллоева ба ин савол хеле бамаврид посух дод».
Инак, бо гузашти 30 сол, агар ман дар мавзӯи рӯз маводе нависам ё барномае дар шабакаҳои гуногуни телевизионӣ таҳия намоям, Гулсара Абдуллоева ин навбат бо табассумҳои ширин ва лутфу шӯхиҳояш ба тамошобини телевизион рӯҳу мадори тоза мебахшад. Зеро дигар садои тиру тӯп шунида намешавад. Баръакс, дар ин шабу рӯз садои карнаю сурнай ва дафу най дар фазои Тоҷикистони ободу зебо ва дилоро танинандоз аст. Ҳамаи ин бо шарофати баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ дар Хуҷанди бостонӣ амалӣ гардид. Ин иҷлосия Сардори давлати тоҷиконро интихоб кард, ки Тоҷикистонро аз ҷанголи ҷанг наҷот дод ва ба халқи тоҷик сулҳу салоҳ овард. Ин буд, ки халқи бошарафи тоҷик ӯро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат пазируфтанд. Ин бузургмард Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Ба аҳди худ вафо карду вафо кард,
Вафоро бовафо некӯ баҳо кард.
Ҷаҳон хушнуд шуд аз ин вафояш,
Бигуфтанд «Офарин», «Аҳсан!» барояш.
Пас аз он оли Сомон зинда бинмуд,
Ба ҷаҳдаш ин Ватан поянда бинмуд.
Тилло НЕКҚАДАМОВ,
«Садои мардум»