Риоя накардани қонун ҳанӯз ҳам мушоҳида мешавад

№112-113 (3592-3593) 30.08.2016

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷумлаи санадҳоест, ки аз рӯзи қабул ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон таъсири мусбат расонида истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як суханронию мулоқот бо мардуми кишвар ҳатман нақши падару модар дар таълим ва тарбияи насли имрӯзаву ояндасозро махсус таъкид менамояд, ки аз зарурат ва моҳияти қонуни зикргардида шаҳодат медиҳад.

Аз ин хотир, мо ҷараёни амалисозии қонуни мазкурро дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва сохторҳои марбутаи он мавриди омӯзиш қарор додем.

Маълум гардид, ки ба мақсади назорат ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо фармоиши раиси ноҳия дар назди шуъбаи маориф шӯрои ҷамъиятӣ таъсис ёфта, нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2013-2017 тасдиқ шудааст.

Дар асоси нақшаи таҳиягардида пайваста санҷишҳо гузаронида, натиҷаи онҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Чунин санҷишҳо аз ҷониби шуъбаи маориф бо ҷалби намояндагони дигар сохторҳо дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 1, 2, 6, 7, 11, 20, 22, 25, 40, 53 ва 59 доир ва натиҷаву хулосаи онҳо баъд аз муҳокима ба таълимгоҳҳо ирсол гардидааст.

Ҷолиб аст, ки шуъбаи маориф (мудираш Ф. Наҷмуддинов) барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нақшаи намунавии гузаронидани чорабиниҳоро оид ба татбиқи қонуни зикргардида таҳия ва дастраси таълимгоҳҳои ноҳия гардонидааст. Дар нақша номгӯйи як қатор чорабиниҳо, аз қабили мунтазам ташкил намудани «Рӯзи падару модар», таҳти ташхиси тиббӣ қарор додани хонандагон, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба ҳуқуқу уҳдадориҳои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, ҳамчунин навиштани иншоҳои хонагӣ дар мавзӯъҳои «Фарзанди хуб — боғи падар», «Меҳри модар», «Фариштаи хонадон» ва ғайра дарҷ гардидааст, ки аз муҳтавои қонуни мазкур бармеоянд.

Ҳамзамон, дар нақша вазифаи ҳар як шахс ва ташкилоти ҷамъиятии муассисаҳои таълимӣ мушаххас нишон дода шудааст. Чунончӣ, оид ба татбиқи қонун вазифаҳои хизматии директори муассиса, муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, роҳбарони синф­ҳо, роҳбари созмони талабагӣ, шӯрои бонувон, шӯрои китобхона ва ғайра мушаххас гардидааст.

Қобили қайд аст, ки ­комиссияи махсуси Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ баъд аз омӯзиш ин таҷрибаро қобили қабул дониста, ҷорӣ намудани онро дар муассисаҳои дигари таълимӣ тавсия намудааст.

Дар робита ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сохторҳо, аз ҷумла шуъбаи маориф, корҳои дохилӣ, бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, танзими ­анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, прокуратура ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар алоқамандӣ бо ҳам рейду санҷишҳои муштарак гузаронда, натиҷаи онҳоро таҳлил ва ҷамъбаст менамоянд.

Дар баробари ин, ҳар як сохтор дар алоҳидагӣ низ доир ба ин масъала кори худро мустақилона пеш мебарад. Чунончӣ, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (котиби комиссия С. Исматов) 22 нафар ятимро ба қайд гирифтааст, ки мунтазам раванди таҳсил, шароити зист, таъминоти онҳо бо сару либос ва ашёву анҷоми хонишро назорат мекунанд.

Бахши кор бо занон ва оила (мудири бахш Ғ. Халифаева) тибқи нақшаи чорабиниҳо аз ҳисоби вакилон, фаъолон, собиқадорон ва шахсони обруманди маҳалҳо гурӯҳи таблиғотӣ ташкил намуда, дар ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва миёни мардум доир ба баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли ҷавон, пойдории оилаҳо, пешгирии никоҳҳои хешутаборӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ кардани сару либоси ягона, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва ғайра корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ гузаронда истодаанд.

Бо вуҷуди ин, ҳолатҳои риоя накардани қонун аз ҷониби баъзе ноболиғон ҳанӯз ҳам ба назар мерасад. Чунончӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз тарафи наврасон ҳашт ҷиноят содир гардидааст, ки дар ин робита нисбати 26 падару модар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Аз ин рӯ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дахлдорро зарур аст, ки дар ин самт фаъолияти худро тақвият бахшанд.

 Саттор Умаров, «Садои мардум»