Воситаҳои ахбори омма бо фаъолияти ҳамарӯзаи худ бо роҳи таҳлилу масъалагузории соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба Ҳукумат дар ҳалли масъалаҳои мушаххаси сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ кумак мерасонанд. Аҳли қалам дар муддати фаъолияти на он қадар тӯлонии хеш саҳифаҳои таърихи миллат, зиндагиву корномаҳои фарзандони барумандро дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёт тавассути навиштаҳои хеш дарҷ намуда, халқро ба созандагиву бунёдкорӣ даъват менамоянд.
Ба ин хотир, ҳамасола 11 март ҳамчун Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин санаи муборак бо хоҳиши хабарнигори рӯзномаамон мудири кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангини Гулзод чунин изҳори андеша намуд:
-Боиси ифтихор аст, ки бо шарофати истиқлолият ҳар сол мо 11 мартро чун Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн мегирем. Ин рӯзи фархунда танҳо ҷашни матбуотчиён нест, балки ҷашни тамоми аҳли қалам ва фарҳангиён аст. Дар ин рӯз таҷлил гардидани Рӯзи матбуот як навъ эҳтиром ба рӯҳи бузургони миллат, аз ҷумла бунёдгузорони нахустрӯзномаи тоҷикӣ дар қаламрави Осиёи Марказӣ – «Бухорои шариф» аст. Аввалин рӯзнома дар рӯзгори тираи Аморати Бухоро чароғеро мемонд, ки ба дилҳо нуру зиё бахшид. Чароғе, ки Мирзоҷалол Юсуфзодаву ҳаммаслаконаш афрӯхтанд, роҳро ба сӯйи зиндагии нав мунаввар кард, равзанае ба ҷаҳони нав гардид. Ҳарчанд «Бухорои шариф» умри дароз надид, аммо дар ҳамон фосилаи кӯтоҳи таърих тавонист, ки дар афкори мардум таҳаввулотеро ба амал орад.
Инак, бо гузашти беш аз як аср мо аз заҳмату ҷонфидоиҳои саромадони журналистикаи тоҷик бо муҳаббат ёд мекунем. Дар ин муддат матбуоти тоҷик се марҳилаи тақдирсозро аз сар гузаронид: то замони Инқилоби Октябр, замони шӯравӣ ва давраи истиқлол. Ҳар давра дар пешрафти матбуоти тоҷик нақше дорад. Бо вуҷуди бурду бохтҳояш ҳокимияти шӯравӣ дар ташаккули матбуоти тоҷик давраи сифатан навро боз намуда буд.
Матбуот чун оинаи рӯз дар инъикоси ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа нақши созанда гузошта, барои таблиғи аҳдофи замон хизмат кард. Мо наметавонем имрӯз аз хидматҳои арзандаи фарзонагоне чун устод С. Айнӣ, устод А. Лоҳутӣ ва дигарон ёд наорем. Талоши онҳо барои рушди матбуот ва корҳои табъу нашр дар кишвар барои насли имрӯза ҳанӯз намунаи омӯзишу сабақ аст. Давраи истиқлол бошад, барои аҳли қалам имкониятҳои нав фароҳам овард. Заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти расонаҳо боиси пайдоиши матбуоти гуногунсамту гуногунмавзӯъ гардид.Дар баробари матбуоти расмӣ, матбуоти шахсиву тиҷоратӣ фаъолияти густурда доранд. Хеле хушоянд аст, ки сарфи назар аз шакли моликияту гуногунандешӣ, журналистони матбуоти мо дар масъалаҳои усулӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, муаммоҳои худшиносиву худогоҳии аҳли ҷомеа мавқеи созанда доранд.
Нашрияи «Садои мардум» ҳамсоли истиқлоли кишвар аст. Яъне, дар ибтидои соли соҳбистиқлолӣ ба фаъолият оғоз намуда, дар навишти солномаи кишвар саҳми босазо дорад. Рӯзномаи «Садои мардум» дар душвортарин лаҳзаҳои замони мо ягона нашрияе буд, ки ба рисолати худ – расонидани сухани созанда ба ҷомеа содиқ монд ва ин анъанаҳои некро имрӯзҳо ҳам давом медиҳад. Чун дар арафаи ҷашн қарор дорем, матбуотчиёни тоҷикро ба ҷашни касбӣ табрик гуфта, барояшон дар инъикоси воқеияти рӯз, расонидани сухани созанда ба мардум комёбиҳо мехоҳем.
Таҳияи Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»