Ривоят дар бораи модар

№29 (4449) 05.03.2022

 Гӯянд биҳишт гоҳи оғоз,

Будаст фақат барои як кас.

Аз баҳри касе, ки гавҳари меҳр,

Аз ҳар чӣ ба ӯ бувад муқаддас.

 

Пас амр бишуд фариштаеро,

К-ояд пайи ҷустуҷӯ заминаш.

Ин гуна касе агар биёбад,

Орад ба биҳишти нозанинаш.

 

Шаб буд, фаришта омаду дид,

Рафтаст башар ба хоби сангин.

Ҷуз зан, ки ба пойи гоҳвора,

Мехонд таронаҳои ширин.

 

Ин аст-фаришта гуфт бар хеш-

Фарде, ки биҳишт баҳри он аст.

Меҳраш чӣ самимиясту бешак,

Мақбули Худои меҳрбон аст.

 

Пас нарм салом додаву кард,

Ӯро зи муроди хеш огоҳ.

Яъне, ки дари биҳишт боз аст,

Бархез, ки рӯ ниҳем бар роҳ.

 

Зан шод бигашту тифл аз маҳд,

Бикшоду гирифт дар канораш.

К-инак биравему вогузорем,

Ин даҳру ҷафои рӯзгораш.

 

Ҳайратзада шуд фаришта, к-эй зан,

Он ҷой бувад барои як кас.

Мехоҳӣ агар биҳишт, тифлат

Бигзор даруни маҳд вопас.

 

Зан кард сукуту он гаҳе гуфт:

Ҳаргиз наравам биҳишт бе тифл.

Маъзур, ки ман наям пазиро,

Ин ҳадяи сарнавишт бе тифл.

 

Нолид фаришта к — эй Худованд,

Афтод маро ба кор мушкил.

Чун оварамаш, ки пои модар,

Печида бувад ба риштаи дил.

 

Амри дигаре расид он дам,

К-он ҳар ду биёр сӯи ҷаннат.

Подоши чунин муҳаббати пок,

Додем биҳишти хеш вусъат.

 

Гар бандаи ман намедиҳад раҳ,

Шодӣ ба дилаш бидуни фарзанд,

Ман Холиқи ӯ чӣ сон нахоҳам,

Қалби ҳама офарида хурсанд.

ОЗАР,

Шоири халқии Тоҷикистон