Ризоят ва ваҳдати миллӣ – арзиши бунёдии ҷомеа

№79 (4499) 25.06.2022

110519103813_tj_zarifalizadeh304-1bbcБа вуҷуд овардан, нигоҳ доштану таҳким бахшидани ризоят дар ҷомеа, ки асоси ваҳдат, ягонагӣ, сарҷамъӣ ва муттаҳидии он мебошад, яке аз ҳадафҳои муҳим ва асосии ҳар як давлат аст.

Ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ омилҳоеанд, ки ҳамеша ҷомеаро ҳамроҳӣ менамоянд. Ин арзишҳо қонунияти мавҷудият, устуворӣ ва рушди ҷомеа ва давлатанд. Дар он ҷомеаҳое, ки ризояти ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ барқарор аст, дар он ҷо оромию осудагии аҳолӣ, суботу пешрафт ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ҳукмрон мегардад, ки ин мақсаду мароми ҷомеа ва давлат мебошад.

Ҳадафу мақсадҳои созандаи ҷомеа ва давлат низ маҳз ба ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ вобастаанд. Танҳо дар фазои сулҳу субот, оромию тинҷӣ ва қонунияту тартибот ин мақсадҳои волои ҷомеа ва давлат амалӣ мешаванд.

Ризояти иҷтимоӣ ва ваҳдати ҷомеа аз қадим дар мадди назари арбобони давлатӣ ва сиёсатмадорону олимон қарор дошт. Аз ҷумла, дар Юнон ва Хитойи қадим дар бораи таъмини ҳаёти осоиштаи ҷомеа, адолат ва тартиботи зарурӣ мутафаккирони он замон андешаронӣ карда буданд. Масалан, Эпикур навишта буд: «Адолат, ки аз табиат бармеояд, созиши фоиданок буда, бо мақсади ба ҳамдигар зарар нарасондан ва зарарро қабул надоштан аст.».

Масъалаҳои номбурда дар замони нав (давраи Эҳё), давраи ба сари қудрат омадани буржуазия (оғози низоми давлатдории муосири ҷаҳонӣ) аҳамияти боз ҳам муҳимро касб карда, мавриди баррасии ҳамаҷониба ва васеи арбобони давлатӣ ва мутафаккирон гардиданд. Тибқи андешаҳои як қатор андешамандони он замон, ба монанди Г. Гротсий, Т. Гоббс, Б. Спиноза, Ҷ. Локк, Ж. Ж. Руссо, И. Кант ва дигарон, давлат дар асоси созиши аъзои ҷомеа барои таъмини сулҳ, амният ва тартиботи ҳуқуқӣ созмон дода шудааст. Гуфтаҳои Гоббс, дар бораи он ки дар ҳолати табиӣ инсонҳо дар ҳолати ҷангӣ ҳама бар зидди ҳама қарор доранд, хеле маълуму машҳур аст. Ин андешаашро Т. Гоббс идома дода, зикр мекунад, ки дар ҳолати табиӣ, ки дар он ҳокимияти умум, қонун ва адолат вуҷуд надорад, ҳар кас ҳуқуқ ба ҳама чизро дорад ва дар ин ҳуқуқи табиӣ ва озодии ӯ ифода меёбад. Дар ин вазъият ақли инсоният талаб менамояд, ки сулҳу оромиро ҷустуҷӯ намояд. Қонунҳои дигари табиӣ, ки даст кашидан аз ҳуқуқҳои табииро ба манфиати сулҳу оромӣ ва амният, иҷрои созиши ҷамъиятӣ ва риояи қоидаи «Ба касе чизеро накун, агар нахоҳӣ онро нисбат ба ту кунанд», талаб мекунанд, бояд иҷро карда шаванд.

Ин андешаҳо аз ҷониби мутафаккири фаронсавӣ Ж. Ж. Руссо дар асари машҳури ӯ «Дар бораи созишномаи ҷамъиятӣ ва ё принсипҳои ҳуқуқи сиёсӣ» идома дода шудааст. Тибқи хулосаи Руссо, ҳокимияти давлатиро иродаи умум, ки соҳибихтиёрии халқ мебошад, муайян ва роҳандозӣ менамояд, ки мақсади он сулҳи доимӣ, ризоят ва ягонагии ҷомеа мебошад.

Назарияю андешаҳои номбурда, ки самтҳои гуногуни фаъолияти инсон, ҷомеа ва давлатро фаро мегирад, асоси илмии давлатдории муосири ҷаҳон, бунёду фаъолияти давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқ­бунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро ташкил медиҳанд.

Мутаассифона, дар марҳилаҳои гуногуни рушди ҷомеа ва давлат ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллиро халалдор намуда, боиси нооромию нотинҷӣ, вайрон гардидани қонунияту тартибот ва дар маҷмӯъ, ба мавҷудияти давлату миллат хатари воқеӣ эҷод мекунанд.

Чунин ҳодиса (муқобилати сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ) — ро, ба сари халқи Тоҷикистон дар оғози соҳибистиқлолии давлати тоҷикон бор карданд. Душманони хориҷии миллати тоҷик бо тарафдорию дастгирии хоинони дохилии миллат (аъзо ва пайравони ҳизби террористию экстремистии наҳзати исломӣ) ва аз саҳлангорию ноуҳдабароии роҳбарияти ҳамонвақтаи ҷумҳурӣ ва бетарафии баъзе аз қишрҳои ҷомеа, хусусан зиёиён, истифода бурда, он фоҷиаро ба Тоҷикистон оварданд. Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ чунин қайд карданд: «Замоне ки кишвари соҳибистиқлоли мо ҳанӯз аввалин қадамҳои худро мегузошт, хоинони миллати тоҷик ва душманони давлати таҷикон бо пуштибонии доираи манфиатдори хориҷӣ кишвари моро ба гирдоби мухолифати шадиди дохилӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд».

Зарур буд, ки ҳар чӣ зудтар пеши роҳи он даҳшат, яъне хатари воқеии аз байн рафтани давлати тоҷикон ва пароканда гаштани миллати тоҷик, гирифта шавад. Хушбахтона, толеи миллати тоҷик баландӣ карду Парвардигор Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард. Ӯ аз лаҳзаҳои аввалини интихоб шудан дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ барои ҳар чӣ зудтар хомӯш кардани оташи ҷанг, қатъи хунрезӣ, таъмини сулҳу оромӣ, баргардонидани гурезаҳо, барқарор сохтани деҳаю хонаҳои сӯхта ва валангоршуда тасмими қатъӣ гирифт.

Яке аз он масъалаҳо барқарор кардани сулҳу оромӣ, ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ буд. Суханони Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Ман ба шумо сулҳ меорам ва то охирин гурезаи тоҷикро ба хонааш барнагардонам, худро ором ҳис намекунам», дар дили халқ шуълаи умедро фурӯзон кард ва, воқеан, фаъолияти ваҳдатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид. Ҳамон тавре ки Роҳбари давлат қайд карданд: «Маҳз дар ҳамин иҷлосия (Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ – З. А.) аввалин қарору иқдомот доир ба қатъи хунрезӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва таъмини сулҳ қабул гардида, заминаҳои нахустини оштии миллӣ гузошта шуданд».

Бо заҳмату талошҳои пайгирона ва исроркоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтушуниди миёни тоҷикон оғоз гардид ва он ҳашт давраро дар бар гирифта, 40 моҳ тӯл кашид. Гуфтушунид 27 июни соли 1997 бо қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон хотима ёфт.

Қарорҳои дар рафти гуфтушунид қабулшуда аз ҷониби Комиссияи оштии миллӣ (аз шумораи баробари намояндагони Ҳукумат ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик (13+13) иборат буд) дар ҳамбастагӣ бо Президент, парламент ва Ҳукумати кишвар амалӣ гардид ва дар натиҷа Тоҷикистон ба давраи нав — марҳилаи рушд, ободкориву созандагӣ ворид шуд.

Дар ба даст овардани сулҳи тоҷикон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калидӣ ва ҳалкунанда мебошад. Бояд қайд кард, ки бе заҳмату талошҳо ва истодагию матонати ӯ ба даст овардани истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон номумкин буд, зеро масъалаҳои калидии сулҳи тоҷикон (Протокол дар бораи принсипҳои асосии барқарор кардани сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, Протокол дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ, Протокол оид ба масъалаҳои сиёсӣ, Протоколи иловагӣ ба протокол дар бораи вазифаҳо ва ваколатҳои асосии Комиссияи оштии миллӣ ва дигарҳо) аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда шуданд.

Дар натиҷа, дар ҷомеа ризоят ва ваҳдати миллӣ барқарор гардид, ки он асоси оромию осудагии аҳолӣ, суботу пешрафт ва қонунияту тартибот гардид.

Дар барқарор гардидани ризоят ва ваҳдати миллӣ омилҳои зерин аҳамияти муҳими таърихӣ доранд.

Якум, хираду заковати азалиро истифода бурда, халқи тоҷик, сабақу озмоишҳои таърихро ба роҳбарӣ гирифта, ба ризояти ҷамъиятӣ ва ваҳдати миллӣ ноил шуд. Ба ин халқи тоҷикро фоҷиаи аз даст додани давлати миллӣ (давлати Сомониён) ва садсолаҳо барои рушди давлатдории аҷнабиён хизмат кардан водор кард.

Дуюм, ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ миллати тоҷикро сарҷамъ кард, ба ваҳдати он таҳким бахшид, инчунин боз як сабақи муҳими таърихӣ барои ватандӯстию ватандорӣ, ғамхори Ватану миллат будан ва ба қадри давлату давлатдорӣ, марзу бум расидан мебошад.

Сеюм, бо барқарор гардидани ризоят дар ҷомеа ва ваҳдати миллӣ давраи нав — давраи рушд, созандагию ободкорӣ оғоз гардид, ки барои некуаҳволӣ ва баланд шудани сатҳи зиндагии мардум таҳкурсии асосӣ мебошад.

Чорум, барқарор шудани ризоят дар ҷомеа ва ваҳдати миллӣ омили муҳими таҳкими давлатдорӣ, рушду такмил ва пойдорию бардавомии он гардид. Дар натиҷа, тағйи­роти куллӣ дар сохтору фаъолияти мақомоти давлатӣ (тағйирот ба Конститутсия, қабули қонунҳои интихоботӣ ва дигарҳо) ба вуҷуд омаданд, асосҳои ҳуқуқии онҳо таҳкиму такмил ёфтанд, ки ин ҳама барои пойдории давлати тоҷикон заминаи асосӣ ва воқеӣ мебошанд.

Ҳамин тариқ, ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллӣ дар ҳар давру замон яке аз қонуниятҳои муҳими суботу рушди ҷомеа ва давлат, таъмини қонуният ва тартибот дар он мебошад. Хусусан, барои миллати тоҷик, ки бо ҷоннисориҳои фарзандони содиқу вафодораш ва бо заҳмату талошҳои зиёд ба ризоят ва ваҳдати миллӣ ноил гардид, ин воқеият хеле ва хеле муҳим мебошад.

Зариф Ализода,

ҳуқуқшинос