Розҳои Ҳошим Гадо

№15 (4598) 20.01.2023

Хошим ГадоПӯсткандаи гап ҳамин, ки…

 Мехоҳӣ, ки ором бихобӣ? Рӯи пӯстак бошу бо нони қоқу косаи об қаноат кун!

 Бе нону намак суҳбат нағз намегузарад.

 Бикӯш, ки мардумозор набошӣ.

 Ӯ чунон мураккаб аст, ки ҳеҷ асрорашро нахоҳӣ донист.

 Дар сари дуроҳаи зиндагӣ ҳайрону дар гардишҳояш саргардонам.

 Зиндагӣ аз макру фиреб, субҳу шом, сиёҳу сафед иборат аст.

Ҳар яке бо дандонҳои наҳангиашон риштаи умрро кӯтоҳ мекунанд…

Зиндагӣ як субҳест, ки мо дар дурахши офтоб худро ҷустем.

  Булбул дар марғзоре хомӯш мегашт. Парандае пурсид: — Чаро ӯ вазифаашро иҷро намекунад?

Дигаре дар ҷавоб гуфт:

- Ин марғзор ба ӯ тангӣ мекунад, ӯ орзуи марғзори васею боғи зебо дорад.

  Ман ҳарф чидаму маънӣ навиштам, бехабар аз он ки пеш аз ман ин ҳамаро кайҳо боз чидаанд.

  Ба дунё омадам, ки ҷуфт кунаму дар замин ақлу хирад корам. Вале афсӯс шамоле омада, дарахти хиради маро пур аз чангу хок кард.

  Эй ёри бевафо, ту маро девсирату шайтонсифат гуфтӣ, вале онро фаромӯш кардию нагуфтӣ, ки он чӣ буд? Он кӣ буд?

ДӮСТНОМА

  Аз ҳама ғами мушкил он аст, ки дӯст дӯстро тарк намояд.

 На ба ҳар кас муяссар мешавад, ки дӯсти ҳақиқӣ пайдо намояд.

 Дӯст камёб аст.

  Дӯст ноёб аст.

  Дӯст умуман нест.

 Агар дӯсте пайдо кардӣ, ҳеҷ гоҳ аз даст мадеҳ.

 Дар зиндагӣ на ба ҳар кас муяссар мешавад, ки соҳиби ёру дӯст бошад.

 Дӯст доштан ба худи кас вобаста аст.

 Бе дӯст боз ҳам беҳтар аст.

  Агар дӯст дошта бошӣ, хуб аст.

ТАБИБИ ҲАР КАС ХУДИ ӮСТ

Ҳар замоне ки андуҳгин мешавӣ, ба марғзор рав. Ба ҳаракати ҷонварони хурдтарин аҳамият деҳ, як муддат худро хушҳол ҳис хоҳӣ кард. Агар ин ҳам ба ту кумак накард, пас ба лаби рӯди шӯх ва баъд ба бари кӯҳҳо ва ҷангалҳо сафар бикун, шояд ту он ҷо — болои кӯҳҳо худро озодтар ҳис кунӣ.

Умуман, ту ба худ табиб бишав. Ба ту, ба ҷуз худат, дигар ҳеҷ кас табиб шуда наметавонад. Табиби ҳар шахс худи ӯст. Дардатро худат медонӣ, худат шифоятро ёб.

Як муддате дар рӯи олам хомӯшӣ фароҳам омад.

Дилаш мехост бигиряду би­гиряд, вале чашмаи чашмонаш аллакай хушк шуда буд.

Мехоҳӣ рафтан, рав!

Оқибати ҷудоӣ, пайвастан аст.

Ин боде, ки мевазад, сари чандин касонро хӯрдааст.

Ин аз сари ту, аз сари вай, аз сари ман, аз сари ҳама мемонад.

Он чун гузашт, ин ҳам мегузарад, оқибат ҳама гузаронанд.