Моро касе надонист, мо ҳам касеро надонистем. Онҳо моро нашинохтанд, мо ҳам онҳоро.
Оқибат вақте ҳамдигарро ёфтанд, ки дар гӯр шуданд.
***
Инсон дар роҳи камол ҳамвора қадам мезанад. Роҳи шинохтани камол тӯлонист ва натиҷаи омӯзишу санҷишҳои зиёд аст.
***
Ҳар кӣ падару модари хешро носипосӣ мекунад ва қиблагоҳи худро зери борони таҳқир мегузорад, ба бадбахтию сахтиҳо рӯ ба рӯ ва чароғаш дар торикии зулмот хомӯш мешавад.
***
Ирода сабаби озодист ва хоста офаридан аст.
***
Эй инсонҳо! Чаро шумо аз ҷаҳон малулед? Чун ҷуръати дар киштии марг савор шудан надоред, пас малулии шумо гуноҳи бузург аст. Кӯшед, ки тӯли зиндагӣ аз ҷаҳон безор набошед. Барои хотима ёфтани зиндагӣ ҳам шуҷоати беназир лозим аст.
***
Душманонро дӯст доред, аммо нерую тавони хешро барои душманони лоиқтар ҳифз кунед.
***
Зилзила чашмаҳои навро падид оварад. Дар ҷаҳони ҳунар ҳам зилзилаҳое рух медиҳанд, ки боиси пайдоиши чашмаҳои навини ҳунар хоҳанд шуд.
***
Озодӣ муҳаббати бузург аст ва аз баракати он башар метавонад худу ҷаҳонро тағйир диҳад.
***
Залилтарин ақвоми ҷаҳон ононеанд, ки ояндабин нестанд.
***
Оинаи руҳ ақл аст.
***
Миллат бе ваҳдати маънавӣ миллат нест.
***
Он ки ба касе ҳукм мекунад, худ низ маҳкум мешавад.
***
Аз ҳунарвари козиб ҳазар.
***
Бадтарин бадӣ дар дарун аст ва одам аз дарун палид шавад.
***
Бадтарин подоши устод ин аст, ки шогирдонаш то абад шогирд монанд.
Аз китоби «Розҳо»,
ҷилди якуми осори Ҳошим Гадо