Аз узви собиқи Иттифоқи нависандагон пурсиданд:
- Пас аз хориҷ шудан аз узвият худро чӣ гуна эҳсос мекунед?
- Хеле хуб, — гуфт ӯ. Пештар қариб ҳеҷ кас намедонист, ки ман узви Иттифоқи нависандагонам. Ҳоло бошад, ҳама медонад, ки…
***
Ба Ҳиллари Клинтон гуфтанд, ки агар ӯ ҳам мисли Доналд Трамп дар маъракаи пешазинтихоботӣ бо шиори «Мо метавонем!» таблиғоташро ташкил мекард, албатта, пирӯз мешуд.
Ӯ посух медиҳад:
- Барои анҷоми ин кор бояд ҳатман ба «СССР» рӯ меовардам, ки ба ин амал шояд «Миллат» розӣ намешуд.
***
Доналд Трамп эълон кард, ки агар Президенти ИМА интихоб шавад, маоши давлатиашро намегирад.
Баъди ин дар Тоҷикистон ҳам чанд нафар эълон карданд, ки агар дар ин ё он идора ва ё вазорат роҳбар таъин шаванд, аз гирифтани маош даст мекашанд.
***
Корманди БДА автомашинаеро манъ мекунад. Дар пушти фармон устоди донишгоҳиаш нишаста буд.
Устод гилаомез:
- Магар аз ман ҳам ягон тамаъ доред, шогирд?
Корманди БДА:
- Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро.
С. Умаров, «Садои мардум»