Шаби созу наво

№ 26.09.2016

17-уми сентябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва кушодашавии мавсими 76-уми театр консерти идона баргузор гардид. Дар консерти идона ба мухлисони санъати опера ва балет намунаҳои беҳтарини осори театри мазкур пешниҳод карда шуд. Ба тамошобинон махсусан, увертюраи Толиб Шаҳидӣ «Тоҷикистон», операи «Тоҷи давлат», шеъри Низом Қосим оҳанги Тошматов дар иҷрои солистка Шарофат Усмонова, хори «Муҳаббат» — и З. Шаҳидӣ дар иҷрои гурўҳи ҳамсароён, «Пешвои миллат» шеъри Низом Қосим, оҳанги А. Ашўров, ки аз ҷониби Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Содиқ Нуруллоев, Нурафшон Нуруллозода ва оркестри театр иҷро шуд, хеле писанд омаданд.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»