Шона самараи ҳаждаҳ амали наҷҷорӣ аст

№151 (3945) 20.12.2018

логотипБа шарофати эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар кишвар касбу ҳунарҳои азбайн­рафта эҳё шуда, ҳунарҳои мавҷуда рушд меёбанд.

Дар шаҳри Истаравшан, ки дар гузашта яке аз марказҳои бузурги илмию фарҳангӣ ба шумор мерафт,  зиёда аз 150 навъи ҳунарҳои халқӣ пойбарҷо буда, шонатарошӣ яке аз касбҳои маъмулу машҳур ба шумор меравад.

2121- Ҳунармандон дар гузашта шонаро аз чӯбҳои бенуқси дарахти шамшод, заранг, дӯлона, зардолу, чормағз, нок, гелос ва бук тайёр мекарданд. Мутаассифона, баробари пайдо шудани шонаҳои пластмассиву алюминӣ, ки истеҳсолашонро корхонаҳои саноатӣ дар охири қарни гузашта ба роҳ монданд, истифодаи шонаҳои классикии дастисохт маҳдуд гардида, оқибат боиси қариб аз байн рафтани он шуд, — гуфт шонатароши шинох­та Содиқҷон Зарифов.

Бино ба гуфти ӯ, дар гузаштаи на чандон дур дар шаҳри Истаравшан ин касб то ба дараҷае маъмул буд, ки гузари калони шаҳр бо номи «Шонатарошон» зикр мешуд.

Ҳоло ҳам чанд авлоди шонатарошон барои аз байн нарафтани ин касби аҷдодӣ талош доранд ва аз байни онҳо сулолаи усто Икромҷон Ғафуров ҷиддӣ ба ин кор машғул мебошанд.

- Тағоям Икромҷон Ғафуров, дар бозори марказии шаҳри Истаравшан дӯкони хурди шонатарошӣ доштанд. Кор кардани он касро медидаму ҳавасам меомад. Он солҳо шона харидори зиёд дошт. Чун медидам, ки натиҷаи меҳнати тағоям серхаридор аст, меҳри касб ба дилам ҷой гирифт. Вақте ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт, бозори шонафурӯшӣ касод гардид, тағоям асбобу анҷоми шонатароширо ба ҳавлиашон кӯчониданд. Акнун барои ман имконияти ҳар рӯз дар паҳлуяшон нишаста ёрӣ расондан пайдо шуд. Кӯшиши пайваста маро ба кӯи мурод расонид, усто шудам ва баъд аз вафоти тағоям, 12 сол боз дар хонаам устохона сохта, ба ин касб машғул мебошам, — мегӯяд Содиқ Зарифов.

Моҳи сентябри соли 2002, ҳини таҷлили ҷашни 2500-солагии Истаравшан дар растаи ҳунармандон осори дастони хонаводаи усто Икром диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба худ ҷалб кард. Ба Сардори давлат шонаҳо писанд омаду чандтояшро харидорӣ карданд ва ба роҳбарони вилоят ва шаҳр супориш доданд, ки аз пайи ривоҷу равнақи ин касб шаванд.

Дар ин замина, ба хотири эҳёи ҳунарҳои халқӣ, аз ҷумла шонатарошӣ, чорабиниҳои зиёд доир гашт. Икром Ғафуров иштирокчии чандин озмуну намоишҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, барандаи дипломҳои нахустфестивали  байналмилалии «Ҳунар ва муди диёри ҳусн» (Душанбе), намоиш-озмуни байналмилалии «Санъати Роҳи бузурги абрешим» (Қирғизистон) ва узви Иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон  гашт.

Дар фестивали байналмилалии «Намоиши маҳсули дастони ҳунармандони Осиёи Марказӣ», ки дар шаҳри Париж соли 2005 доир гардид, «Нишони сифат оид ба маҳсулоти косибӣ»-и CACSA ва ЮНЕСКО-ро ба даст овард.

- Вақте ки хурд будам, тағои раҳматиам сари дӯкон (онҳо кундаи шонатароширо «дӯкон» меномиданд) менишастанду ман ба кори бисёр нозук ва машаққатталаби он кас зеҳн мемондам. Шояд бисёриҳо надоданд, ки барои аз чӯби одӣ ба шона мубаддал шудан иҷрои ҳаждаҳ амали наҷҷорӣ зарур аст. Ба тағоям суол мекардам: «Дар ҳоле ки фабрикаҳо шонаҳои сабуку арзон мебароранд, чӣ ҳоҷат ба меҳнати вазнин? Тағоям гуфтанд:

- Моли асил меҳнатро талаб мекунад ва ҳунарманди асил ҳеҷ гоҳ хор намешавад!

Дар хонаи усто Содиқҷон писаронаш Парвизу Юсуф, Искандар ва ҳатто занҳо ба ин касб алоқамандӣ доранд. Усто Содиқҷон ва писаронаш кундаро мебуранд, мекафонанд, чӯб тайёр мекунанд. Сипас, сарвари хонавода ду тарафи тахтачаро тарошида, он ба дасти Юсуфҷон мегузарад то суфтаву ҳамвор кунад. Дар идома усто дандонаҳои онро мебарорад, писарон нақш мепартоянд. Занҳо бошанд, шонаро равған мемоланд.

Вақте бо усто Содиқҷон суҳбат доштам, гуфт, ки сайёҳони хориҷиро интизор аст.

Дар поёни суҳбат сайёҳони хориҷӣ, ки аксарашон куҳансол буданд, омаданд.

Усто бо ёрии тарҷумон ба меҳмонон роҷеъ ба таърихи шона ва шонатарошӣ дар Истаравшан, тарзи тайёр кардани асбобҳои корӣ, аз чӣ гуна чӯб тайёр шудану хосияти шифобахшии он маълумот дод. Илова бар ин, тайёр кардани шонаро нишон дод.

Медидам, ки хориҷиҳо ба ҳар як ҳаракат ва суханони усто, тарзи кор мароқи ҷиддӣ зоҳир мекарданд. Дуруст гуфтаанд, ки «Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз».

Ҳусейни Назрулло, «Садои мардум»