Сухандону ғазалхон

№131 (4551) 26.10.2022

Одина РахмонҒазал дилнишинтарин навъи шеър аст, ки писанди хонандаи нуктасанҷ мегардад. Шоир Одина Раҳмон низ тавассути ғазал аз дунёи пуртахайюли хеш ба мо пайғом меорад. Ӯ бо ғазалҳояш ишқи худро нисбат ба Ватан, табиат, одамият иброз медорад. Ғазалҳои зерин шаҳодати ин гуфтаҳоянд.

* * *

Аҷоиб лаззате дар ком дорад нони деҳқонӣ,

Пур аз файзу сахо бодо, Худоё, хони деҳқонӣ. 

Муҳаммад бӯса карда дасти пуробилаи деҳқон,

Аз ин рӯ, бӯсаборон мекунам дастони деҳқонӣ. 

Чу деҳқони сахӣ марде баимон нест дар олам,

Худовандо, ато кун бандаро имони деҳқонӣ. 

Қаноат кардаву бо бешу кам шукрона месозад,

Қаноатпешаву пурсабр бошад ҷони деҳқонӣ. 

Фиребандаш агарчи борҳо, касро набифребад,

Чу оби чашма аст оинаи виҷдони деҳқонӣ. 

Агар борони раҳмат аз карам файзу сахо резад,

Зи меҳраш резадо бар ҷони мо борони деҳқонӣ. 

Чу деҳқон кас надидам бовафо дар аҳду паймонаш,

Бубанд, Одина Раҳмоно, ба дил паймони деҳқонӣ.

* * *

Забони модариам, эй забони тоҷикии ман,

Маро пайдо намудӣ аз ҷаҳони тоҷикии ман. 

Туӣ қалбам, туӣ ҷонам, вуҷудам, эй нишони ман,

Кунам шукрона ҳастӣ чун нишони тоҷикии ман. 

Чи хуш бошад саломи мо, саломи хушкаломи мо,

Равоне дар танам бошӣ, равони тоҷикии ман. 

Гумонам ҳамчу нони тоҷикӣ нони калоне нест,

Ту бошӣ, эй забонам, ҳамчу нони тоҷикии ман. 

Камони тоҷикӣ тире надорад сад намад резад,

Забони чун силоҳи мо — камони тоҷикии ман. 

Замоне Ҳазрати Одам ба лафзи ту сухан гуфтӣ,

Чӣ сон ширинзабон ҳастӣ баёни тоҷикии ман. 

Манам Одина Раҳмонат, сухандону ғазалхонат,

Забонам дар даҳон бошӣ чу ҷони тоҷикии ман.