Сурудҳои Зафар

№61 (3362) 28.04.2015

Садриддин АЙНӢ

Суруди Зафар

Меравад пеш, пеш, пеш –

Лашкари Сурхи мо дар раҳи хеш!

 

Роҳи ӯ роҳи душманкушӣ аст,

Интиқом аз ғанимон кашӣ аст,

Ҳамлааш ҳамлаи оташӣ аст,

Хасмсӯзӣ ба вай дилхушӣ аст.

 

Меравад пеш, пеш, пеш –

Лашкари Сурхи мо дар  раҳи хеш!

 

Лашкари мо қаҳрамон аст,

Дар набарди адӯ беамон аст.

Фатҳу фирӯзиаш бегумон аст,

Гӯиё лови оташфишон аст.

 

Меравад пеш, пеш, пеш –

Лашкари Сурхи мо дар  раҳи хеш!

 

Чун зи лашкаркашаш ёфт фармон,

Дар хурӯш омад ӯ мисли тӯфон,

Хасм хошоксон шуд гурезон:

Мераҳад  аз ҷафо зуд инсон.

 

Меравад пеш, пеш, пеш –

Лашкари Сурхи мо дар  раҳи хеш!

 

Абулқосим ЛОҲУТӢ

Ман ба майдон меравам

Вақти роҳат нест, эй ҷон, ман ба майдон меравам,

Ман ба майдон аз барои ҳифзи ҷонон меравам.

 

Эй санам, з-он дам,  ки бо рӯи ту гаштам ошно,

Ҳусни беолоишатро ҷони ман шуд мубтало,

Дил ба меҳрат дода бастам бо ту паймони вафо,

Гуфтамат: гардам балогардон  туро аз ҳар бало.

Вақташ омад, аз паи иҷрои паймон меравам,

Ман ба майдон аз барои ҳифзи ҷонон меравам.

 

То насозад пои нопокон лагад хоки туро,

То нагирад дасти малъун домани поки  туро,

То напаронад хазон ранги тарабноки туро,

Н-афканад то золим  аз тан дасти чолоки туро,

Аз барои дафъи душман теғёзон меравам,

Ман ба майдон аз барои ҳифзи ҷонон меравам.

 

Кори мо ҳақ асту сустӣ нест дар виҷдони мо,

Бо ватан маҳкам бувад мисоқи ҷовидони мо,

Кӯҳро аз ҳам шикофад зӯри бепоёни мо,

Дар ҳунар ҳамто надорад халқи олишони мо.

Дар зафар кардан ба душман пур зи имон меравам.

Ман ба майдон аз барои ҳифзи ҷонон меравам.

 

 

Мирсаид Миршакар

Фаромӯшат нахоҳам кард

Гирифтам номаат, эй қаҳрамонам,

Сарафрозам, балои ту ба ҷонам,

Бипурсидӣ, ки аҳволи ту чун аст,

Ташаккур, ҷӯраҷони меҳрубонам.

 

Ту бинвиштӣ, ки «эй маҳбубаи ман,

Фаромӯшам макун дилдодаи ман»,

Зи кай боз ин қадар ту бадгумонӣ,

Надорӣ боварӣ бар гуфтаи ман?

 

Нагӯ ин сон сухан, эй ҷӯраҷонам,

Ки меранҷам аз он, эй меҳрубонам,

Ту ҳастӣ посбони кишвари ман,

Зи ҷон ширинтарӣ, эй посбонам.

 

Ба нафъи халқ мекӯшам дар ин ҷо,

Фаромӯшат нахоҳам кард асло,

Вале аз ту умеди ман ҳамин аст,

Ки афзо шӯҳрату шаъни ватанро.

Хоруғ, соли 1943

 

Суҳайлӣ ҶАВҲАРИЗОДА

Халқи Ватан хест

 Дар ҷанги калон пиру ҷавон халқи Ватан хест,

Бар зидди фашистони бади аҳдшикан хест.

То ин ки занад бомба ба фарқи сари душман,

Садҳо ба фазоҳо зи замин аэроплан хест.

Ҷунбид сафи танкаи пӯлодтани мо,

Тӯпҳои кушояндаи оташ зи даҳан хест.

Дар хок фитад сар зи тани Гитлери хунхӯр,

Аз ин дами теғе, ки ба каф хасмфиган хест.

Ин ҷо Ватани хуррами соҳибшарафон аст,

Соҳибшараф  он кас, ки паи ҳифзи Ватан хест!

 

Абдуҷаббор ҚАҲҲОРӢ

Марди майдони туем

Тоҷикистон, мо, ки фарзандони пуршони туем,

Омадем ин ҷо, паи иҷрои фармони туем.

Ҷон агар лозим шавад, мо баҳри ту ҷон медиҳем,

Ифтихори ин Ватан, мо зеби даврони туем.

Кори мо ҳақ асту мо ғолиб ба майдон мешавем,

Иқтидори мамлакат мо, қаҳрамонони туем.

Синаи гитлерчиёнро менамоем чок-чок,

То шавӣ розӣ зи мо, фарзанди ҷонони туем.

Олами инсоният фахрад ба мо доим, ки мо –

Номдорони замона, марди майдони туем.

Витебск,  моҳи феврали соли 1944

 

Фароҳамсоз: Тиллои Некқадам, «Садои мардум»