Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№100 (3401) 28.07.2015

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 35.  Ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани моликияти муштараки зану шавҳар

1. Соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории амволе, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, бо ризоияти мутақобилаи онҳо сурат мегирад.

2. Ҳангоми аз ҷониби зан ё шавҳар анҷом додани муомилоти вобаста ба ихтиёрдории амволи умумӣ чунин тасаввур мешавад, ки ӯ бо розигии ҳамсари худ амал мекунад.

Муомилоте, ки аз ҷониби яке аз ҳамсарон оид ба ихтиёрдории амволи умумӣ анҷом дода шудааст, аз ҷониби суд қисман бо сабаби мавҷуд набудани розигии ҳамсари дигар танҳо ҳангоме, ғайриқонунӣ эътироф мегардад, ки агар яке аз онҳо бо чунин талаб муроҷиат намояд ва танҳо дар сурати собит гардидани он, ки тарафи дигар аз муомилот огоҳ буд ё пешакӣ бояд норозӣ будани тарафи дигарро барои анҷом додани чунин муомилот медонист.

3. Барои анҷоми муомилоти вобаста бо ихтиёрдории амволи ғайриманқул ва муомилоте, ки мувофиқи тартиби муқар­рарнамудаи қонун тасдиқ ё қайди нотариалиро талаб мекунад, бояд розигии пешакии аз тариқи нотариат тасдиқшудаи зан ё шавҳар гирифта шавад.

Ҳамсаре, ки ризоияти дар идораи нотариати давлатӣ тасдиқ­шудаи худро барои иҷрои аҳд надодааст, ҳуқуқ дорад дар қисми амволи ба худаш тааллуқдошта дар моликияти умумии якҷоя бекор кардани аҳдро талаб намояд ё ҳамсар ҳуқуқ дорад ба андозаи ҳиссаи дар боло зикргардида аз маблағе, ки ҳамсараш аз фурӯши амвол ба даст овардааст, дар давоми се сол аз рӯзи огоҳ шудан аз чунин муомилот ё мебоист аз иҷрои чунин муомилот огоҳ шавад, беэътибор донистани чунин муомилот ё пардохти пулии онро талаб намояд.

Зану шавҳар бо розигии якдигар ба моликияти якҷояи худ соҳибӣ карда, онро истифода ва ихтиёрдорӣ менамоянд. Масалан, мавриди аз тарафи мард фурӯхтан, туҳфа кардани молу мулки якҷоя (мебел, чорвои хона ва монанди он) ризоияти зан лозим аст. Ҳангоми фурӯхтан, туҳфа кардани моликияти номбурда дар назар дошта шудааст, ки зану шавҳар бо розигии мутақобилаи худ рафтор намудаанд.

Бояд қайд кард, ки Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани муомилот роҷеъ ба ихтиёрдорӣ намудани амволи ғайриманқул ва бастани аҳдҳое, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқи нотариалӣ ва ё бақайдгириро талаб менамоянд, гирифтани розигии пешакии аз тариқи нотариат тасдиқнамудаи ҳамсари дигарро пешбинӣ намудааст (қисми сеюми моддаи 35 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Пас, Кодекси номбурда шартҳои гирифтани розигии яке аз зану шавҳарро, ки ба тариқи идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ кардан лозим аст, пешбинӣ намудааст. Шартҳо инҳоянд: ихтиёрдорӣ намудани моликияти якҷояи ғайриманқул аз тарафи зан ё шавҳар, инчунин бастани аҳднома бақайдгирии давлатӣ ва қайди нотариалиро талаб менамояд.

Аҳдҳои ба тариқи идораи нотариалии давлатӣ ба расмият даровардашавандаро қонун муайян менамояд. Масалан, дар қисми дуюми моддаи 368 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қ. 1), моддаҳои 6 ва 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи гарав» муайян кардааст, ки ба гарав гузоштани амволи манқул (воситаҳои нақлиёт), ғайриманқул (хонаи истиқоматии шахсӣ) вобаста ба иҷрои уҳдадорӣ бояд дар идораи нотариалӣ ба расмият дароварда шавад. Дар ин маврид гирифтани розигии яке аз ҳамсарон оид ба бастани шартномаи гарав зарур аст. Ҳангоми риоя накардани он шартҳое, ки қонун муқаррар кардааст, аҳди басташуда оқибати ҳуқуқӣ надорад. Чунин аҳд бо даъвои яке аз ҳамсарон ба тариқи судӣ қисман беъэтибор дониста мешавад, ки аз мавҷудияти ин гуна ҳолатҳо таҷрибаи судӣ гувоҳӣ медиҳад.

Одатан шахсоне, ки ба соҳибкорӣ машғуланд, дар рафти фаъолияташон барои гирифтани кредит (қарз) эҳтиёҷманд мешаванд. Онҳо барои таъмини иҷрои уҳдадориҳояшон ҳангоми бастани шартномаи қарз (гирифтани қарзи пулӣ) молу мулки ғайриманқулро (хонаи истиқоматӣ ва ғайраро) ба гарав мемонанд. Дар ин маврид муносибатҳои қонунии зан (ё мард) бояд ба инобат гирифта шавад. Масалан, шаҳрванд А. ҳангоми бастани шартномаи қарз барои таъмини уҳдадориаш хонаи чорҳуҷрадори истиқоматиашро воқеъ дар шаҳри Душанбе ба гарав мондааст. Аммо дар маводи парвандаи хоҷагӣ оид ба ризоияти занаш нисбат ба хонаи ба гарав гузошташуда маълумоте мавҷуд нест. Агар зан қонунҳои ҷориро медонист, он гоҳ пешгирӣ кардани чунин рафтори ғайриқонунии шавҳар сари вақт имконпазир мегардид.

Зан ё шавҳаре, ки розигии аз тариқи нотариалӣ тасдиқгар­дидаи худро нисбати амволи якҷоя надода бошад, он гоҳ ӯ мутобиқи қисми 3 моддаи 35 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷи­кистон ҳуқуқ дорад қисми амволи ба худаш тааллуқдошта дар моликияти умумии якҷоя бекор кардани аҳдро талаб намояд, ё ҳамсар ҳуқуқ дорад ба андозаи ҳиссаи дар боло зикргардида аз маблағе, ки ҳамсараш аз фурӯши амвол ба даст овардааст, дар давоми се сол аз рӯзи огоҳ шудан аз чунин муомилот ё мебоист аз иҷрои чунин муомилот огоҳ шавад, беэътибор донистани чунин муомилот ё пардохти пулии онро талаб намояд. Тартиби ба суд муроҷиат намуданро қонуни мурофиавӣ муайян намудааст. Муҳлати сесолаи муроҷиат барои яке аз ҳамсарон аз рӯзи баста шудани аҳд ва ё аз лаҳзаи оид ба ин амалиёт огоҳ буданаш оғоз мегардад. Агар муҳлати сесолаи даъво бе асосҳои узрнок гузаронида шавад, дар ин ҳолат гузаронидани муҳлат барои рад кардани даъво асос мегардад. Дар қонунгузории оилавии дигар мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ба монанди Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ин муҳлати даъво 1 сол муайян карда шудааст.

(Давом дорад)