Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№73 (3374) 28.05.2015

(Идома аз шумораҳои гузашта)

МАҲКАМ МАҲМУДЗОДА

БАХТИЁР ХУДОЁРЗОДА

БОБИ 2. ТАТБИҚ ВА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ОИЛАВӢ

Моддаи 7.  Татбиқи ҳуқуқи оилавӣ ва иҷрои уҳдадориҳои оилавӣ

1. Шаҳрвандон ба ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта, ки аз муносибатҳои оилавӣ ва ҳуқуқҳои оилавӣ, аз ҷумла ҳуқуқи ҳифзи онҳо бармеоянд, бо салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ менамоянд, агар дар ҳамин Кодекс тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.

Ҳуқуқи худро амалӣ намудани аъзои оила ва иҷрои уҳдадориҳояшон набояд ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии аъзоёни дигари оила ва дигар шаҳрвандонро вайрон намояд.

2. Ҳуқуқҳои оилавиро қонун ҳифз мекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин ҳуқуқҳо хилофи таъиноташон ба амал бароварда мешаванд.

Кодекси мазкур ба шаҳрвандон имконият додааст, ки худашон ҳуқуқҳои оилавии худро татбиқ ва ҳимоя намоянд. Танҳо дар ҳолатҳои махсус, ба шарте ки ҷамъият ба ҳифзи ҳуқуқҳои оилавӣ манфиатдор бошад, дахолати прокурор ё худ мақомоти васояту парасторӣ имконпазир мегардад. Ғайр аз ин, яке аз фарқиятҳои асосии ин Кодекс аз қонунгузории собиқи оилавӣ дар он аст, ки бисёр меъёрҳои Кодекси нав тавассути созиши тарафҳо тағйир дода мешаванд, яъне муқаррароти диспозитивӣ доранд. Ин навъ муқаррароти Кодекс алалхусус ҳангоми танзими муносибатҳои амволии тарафҳо зоҳир мешаванд, яъне тарафайн дар ҳудуди қонун амал карда, ҳуқуқ доранд, ки муносибатҳои байниҳамдигарии худро бо назардошти манфиатҳои мушаххас муайян созанд.

Маълум аст, ки заминаи пайдоиши ҳуқуқу уҳдадориҳои оилавӣ далелҳои ҳуқуқист, яъне маҷмӯи амалу ҳодисаҳоест, ки қонун ё дигар санадҳои ҳуқуқӣ оқибатҳои ҳуқуқро бо онҳо алоқаманд мегардонанд. Яке аз хусусиятҳои хоси танзими ҳуқуқии Кодекси нави оила дар он ифода мешавад, ки аксар ҳуқуқҳои пешниҳодшаванда бо салоҳдиди худи аъзои комилҳуқуқи оилаҳо татбиқ мегарданд. Масалан, падару модари корношоями муҳтоҷи ёрӣ ҳуқуқи худро вобаста ба ситонидани алимент аз фарзандони болиғи худ истифода намебарад ё худ ҳамсарон ҳуқуқҳояшонро оид ба тақсими моликияти умумӣ, амволе, ки дар давраи ақди никоҳ ҷамъ кардаанд, татбиқ намекунанд. Ихтиёрдории шаҳрвандон аз истифодаи ҳуқуқҳо дар чаҳорчӯбаи муносибатҳои оилавӣ дар аксарият мавридҳо ба воситаи қонун маҳдуд карда мешаванд. Чунин маҳдудсозиҳо аз талаботи манфиати ҷомеа, зарурати ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва дигар омилҳо бармеоянд. Яке аз ин омилҳо муносибатҳои ҳуқуқии падару модар ва кӯдакон аст. Чунончӣ, ҳуқуқи падару модарон ба тарбияи кӯдакон уҳдадории асосии падару модар ба шумор меравад, ки характери конститутсионӣ (моддаи 34 банди 2 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон) дорад. Аз ин рӯ, ба уҳдаи падару модар вогузор намудани иҷро кардан ё накардани ин уҳдадорӣ роиҷ нест. Ё худ, моддаи 81 Кодекси мазкур ҳудудҳои муайян намудани андозаи алиментро мувофиқи созиши падару модар барои таъмини кӯдакони ноболиғ муқаррар кардааст. Дар бисёр ҳолатҳои дигар Кодекси оила зарурияти риояи принсипҳои асосии қонунгузории оилавӣ (моддаи 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон), меъёрҳои ахлоқию маънавиеро, ки ба табиати муносибатҳои оилавӣ созгор афтодаанд, тақозо мекунад. Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки татбиқи ҳуқуқҳои оилавӣ на танҳо аз майлу хоҳиши аъзои оила, балки аз муқаррароти қонун низ вобаста аст.

Ҷиҳати дигари муҳим он аст, ки майлу хоҳиши аъзои оила дар масъалаи татбиқи ҳар як ҳуқуқ беҳудуд нест, балки бо ҳуқуқҳои ашхоси дигар маҳдуд карда мешавад. Яъне, набояд татбиқи ҳуқуқҳои оилавӣ ба ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои шахсони дигар ва аъзои дигари оила зиён расонад. Масалан, ҳолатҳое дар зиндагӣ дучор меоянд, ки модари кӯдак (баъди қатъи ақди никоҳ) ҳуқуқи собиқ шавҳарашро ба мулоқоти писараш маҳдуд мекунад. Дар ин вазъият зан на танҳо ҳуқуқи падар, балки ҳуқуқи кӯдакро низ ба дидорбинии падар вайрон месозад.

Инчунин ҳолатҳое дучор мешаванд, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ашхоси дигар, бошуурона, бо мақсади расонидани зарар халалдор карда мешаванд. Чунончӣ, муносибати падару модар бо бобою бибӣ вайрон шуда, кӯдак аз дидорбинии бобою бибӣ қасдан маҳрум карда мешавад. Дар ин вазъият қонун на танҳо манфиати кӯдак, балки хешу табори ӯро низ ҳимоя мекунад.

(Давом дорад)