Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№167(3468) 07.12.2015

 

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

 (идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 78.     Иштироки мақомоти васояту парасторӣ ҳангоми дар суд баррасӣ намудани баҳсҳои вобаста ба тарбияи кӯдакон

1. Ҳангоми дар суд баррасӣ намудани баҳсҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон, сарфи назар аз он ки даъвои ҳимояи онҳоро кӣ пешниҳод кардааст, мақоми васояту парасторӣ бояд ҷиҳати иштирок дар баррасии парванда ҷалб карда шавад.

2. Мақоми васояту парасторӣ вазифадор аст шароити зиндагии кӯдак ва шахсеро (шахсонеро), ки даъвои тарбия кардани ӯро дорад, санҷиш намуда, ба суд санади санҷиш ва хулосаи ба он асосёфтаро доир ба моҳияти баҳс пешниҳод кунад.

Иштироки мақомоти васояту парасторӣ дар баҳсҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон, ки суд баррасӣ менамояд, ҳимояи ҳуқуқи манфиатҳои кӯдаконро пурзӯр менамояд. Аз рӯи тартиби муқаррар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 48-49) мақомоти васояту парасторӣ ҳуқуқи пешниҳод кардани даъво, аз ҷониби суд ҷалб намудани он барои иштирок дар муҳокимаи судӣ, инчунин бо ташаббуси худ иштирок кардан барои додани хулоса оид ба парвандаро дорад. Ҳамаи ин амалиёти мақомоти васояту парасторӣ бо мақсади иҷро намудани ваколаташ вобаста ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон мебошад.

Дар баррасии парвандаҳо оид ба баҳсҳои вобаста бо тарбияи кӯдакон, ки тобеияти идории судӣ доранд, мақомоти васояту парасторӣ бояд ҳатман иштирок намояд. Аз рӯи талаботи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баҳсҳои вобаста ба тарбияи кӯдак, ки суд онҳоро баррасӣ менамояд, инҳо дохиланд: ҳалли ихтилофот марбут ба тарбияи фарзандон, муқаррар кардани ҷои истиқомати кӯдак дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани падару модар (қисмҳои 3 ва 4 моддаи 65); оид ба татбиқи ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модари аз ҳамдигар ҷудо зиндагӣ мекардагӣ (қ. 2 м. 66); оид ба рафъи монеаи муоширати бобо, бибӣ (модаркалон); бародарону хоҳарон ва дигар хешовандон бо кӯдак (қ. 3 м. 67); оид ба баргардонидани фарзандон ба падару модар аз ҳар шахсе, ки бе асоси қонунӣ ё ҳалномаи суд кӯдакро дар наздаш нигоҳ медорад (қ. 1 м. 68); дар бораи маҳрум кардани ҳуқуқи падару модарӣ (қ. 1 м. 70); оид ба барқарор кардани ҳуқуқи падару модарӣ (қ. 2 м. 72); дар бораи маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ (қ. 1 м. 73); дар бораи бекор кардани маҳдудияти ҳуқуқи падару модарӣ (м. 76); дар бораи тартиби ба фарзандхонӣ қабул кардан (қ. 1 м. 126); дар бораи бекор кардани фарзандхонии кӯдак (қ. 1 м. 140); дар бораи беэътибор донистани фарзандхонии кӯдак (м. 145); дар бораи ба васӣ ва парастор баргардонидани кӯдак аз ҳар гуна шахсе, ки бе асоси қонунӣ кӯдакро дар назди худ нигоҳ медоранд (қ. 2 м. 155). Дар мавриде ки суд баҳсҳои номбурдаро бе иштироки мақомоти васояту парасторӣ баррасӣ намояд, ҳалномаи он бо вайрон кардани қонун эътироф мегардад. Мақомоти васояту парасторӣ, новобаста аз он ки дар моддаҳои зикршуда иштироки онҳо сабт шуда ё сабт нашуда бошад ҳам, иштироки ин мақомот дар мурофиаи судӣ ҳатмӣ мебошад.

Мақомоти васояту парасторӣ дар асоси таъиноти судя ба муҳокимаи судӣ ҷалб карда мешавад ва дар асоси ин санад мақомоти номбурда оид ба баҳси вобаста бо тарбияи кӯдакон хулосаи худро омода месозад. Ин ҳолат дар ҳамон маврид ҷой дорад, ки агар даъво ба суд аз ҷониби дигар субъектҳо пешниҳод шуда бошад. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 70, 73 ва 77) бевосита ба мақомоти васояту парасторӣ оиди баҳс вобаста ба тарбияи кӯдак ҳуқуқи ба суд даъво пешниҳод карданро низ додааст. Дар ин маврид ба маводҳои даъво мақомоти васояту парасторӣ хулосаи худро оид ба баҳс ҳамроҳ менамоянд. Хулосаи мақомоти васояту парасторӣ оид ба масъалаҳои вобаста ба тарбияи кӯдакон дар ҳар як ҳолати мушаххас пас аз таҳлили ҳаматарафаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда аз нуқтаи назари мутобиқати он ба манфиати кӯдак дода мешавад. Салоҳияти додани хулоса оид ба баҳсҳои номбурда танҳо ба мақомоти васояту парасторӣ дода шудааст.

Қисми 2 моддаи 78 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми васояту парасториро вазифадор кардааст, ки бевосита шароити зиндагии кӯдак ва шахсони ба тарбия гирифтаи ӯро, ки даъво доранд, бояд санҷад. Шахси мутасаддие, ки мақомоти васояту парасторӣ барои санҷиш ваколатдор менамояд, одатан нозирони муҳофизати кӯдак ё ин ки дигар кормандони шуъбаи маорифи ноҳияву шаҳр мебошанд. Шахсони номбурда шароити зиндагии кӯдак ва шахси довталаб барои тарбияи кӯдакро бояд пурра санҷанд, шароити тарбияи кӯдакро омӯзанд, муносибати кӯдакро бо довталаби тарбияи ӯ муайян созанд, хислатҳои шахсии довталаби тарбияи кӯдакро аниқ намоянд ва дигар ҳолатҳоеро, ки ба тарбияи кӯдак дахл дорад, таҳлил намоянд. Дар ин бора онҳо санади санҷиш омода месозанд. Дар асоси ин санад хулоса тартиб дода мешавад, ки он аз ҷониби мудири шуъбаи маорифи шаҳр (ноҳия) тасдиқ карда мешавад. Дар хулоса ҳолатҳои воқеии муқарраргардида пурра таҳлил гардида, мавқеи мақомоти васояту парасторӣ ба суд дар ҳал кардани тақдири минбаъдаи тарбияи кӯдак кӯмак мерасонад. Лекин суд ба ин хулоса дар маҷмӯъ бо дигар далелҳои дар парванда буда баҳо медиҳад. Дар мавриди бо хулоса розӣ набудан суд вазифадор аст, ки норозигии худро дар ҳалнома асоснок намояд.

Қайд кардан зарур аст, ки хулосаи мақомоти васояту парас¬торӣ бояд асоснок бошад. Агар он танҳо дар асоси як навишти рӯякии шароити манзилию маишии кӯдак асос ёфта бошад, чунин хулоса рӯякӣ буда, ба нафъи тарбияи минбаъдаи кӯдак намебошад ва ҳамчун далели ҷиддӣ хизмат карда наметавонад. Аз сифатнокии хулоса самаранокии иштироки мақомоти васояту парасторӣ дар мурофиаи судӣ ва ҳимояи манфиатҳои кӯдак вобаста ба тарбияи он муайян мегардад.

(Давом дорад)