Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№4 (3484) 09.01.2016

 

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 82.   Навъҳои музди меҳнат ва дигар даромаде, ки аз онҳо барои кўдакони ноболиғ алимент ситонида мешавад

Навъи музди меҳнат ва (ё) дигар даромаде, ки падару модар бо асъори миллӣ ва (ё) асъори хориҷӣ мегиранд ва аз онҳо барои таъминоти кўдакони ноболиғ тибқи моддаи 81 ҳамин Кодекс бояд алимент ситонида шавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии То­ҷи­кистон муайян карда мешавад.

Алимент аз тамоми намудҳои музди меҳнат ва ҳавасманд­гардонии иловагӣ, чӣ аз даромад аз кори асосӣ ва чӣ аз даромад аз кори муштарак, ситонида мешавад.

Ситонидани алимент аз ҳисоби музди меҳнат ва даромади дигари падару модар ба фоидаи кўдакони ноболиғ анҷом дода мешавад. Музди меҳнат ва даромади дигари падару модар мумкин аст аз асъори миллӣ ва асъори хориҷӣ иборат бошад. Ҳангоми рўёнидани саҳми андозаи муқарраркардаи алимент баҳисобгирии қатъии он бо пули миллӣ анҷом дода мешавад. Дар мавриди ситонидани алимент маблағи асъор бо пули миллӣ аз рўи курси Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобӣ карда мешавад. Муайян намудани номгўйи навъи музди меҳнат, дигар даромад, ки аз онҳо алимент рўёнида мешавад, ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дорад. Чунин Номгўйро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 1 октябри соли 2004 таҳти №407 тасдиқ намудааст (нигаред ба Замимаи №3).

(Давом дорад)