Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№14 (3494) 02.02.2016

МАҲКАМ МАҲМУДЗОДА

БАХТИЁР ХУДОЁРЗОДА

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 99. Андозаи алименте, ки барои аъзои дигари оила ба тартиби судӣ ситонида мешавад

1. Андоза ва тартиби пардохти алимент барои шахсоне, ки дар моддаҳои 95-98 ҳамин Кодекс зикр шудаанд, тибқи созишномаи тарафҳо муайян карда мешаванд.

2. Дар сурати мавҷуд набудани созишномаи тарафҳо андозаи алимент, ки барои таъмини аъзои оилаи дар ҳамин боб зикргардида ба тартиби судӣ ситонида мешавад, аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавии пардохткунанда ва гирандаи алимент ва манфиатҳои дигари қобили таваҷҷуҳи тарафҳо дар шакли маблағи устувори ҳар моҳ пардохтшаванда муқаррар карда мешавад.

3. Агар барои таъмини аъзои оила, ки алимент талаб мекунад, ҳамзамон якчанд нафар уҳдадор бошанд, он гоҳ суд бо назардошти вазъи моддию оилавии онҳо андозаи иштироки ҳар яки онҳоро дар иҷрои уҳдадории алиментдиҳӣ муайян менамояд. Бо талаби ҷавобгар суд вазифадор аст, ки ҳамаи шахсонеро ки барои пардохтани алимент уҳдадоранд, ба ҳисоб гирад, сарфи назар аз он ки даъво нисбати ҳамаи ин шахсон ё фақат як нафар ё якчанд нафари онҳо пешниҳод шудааст.

Қонунгузор муқаррар кардааст, ки таъминоти бародарону хоҳарони ноболиғ ва болиғи корношоям, набераҳо, бобою бибӣ (модаркалон), падарандар ва модарандар ба таври ихтиёрӣ дар асоси созишномаи тарафайн бо муайян кардани андоза ва тартиби пардохти он анҷом дода шуданаш мумкин аст. Дар ин маврид ба созиш наомадан ва пайдо шудани баҳс тартиби судии масъалаи рӯёнидани таъминот ба миён меояд. Суд ҳангоми баррасии чунин даъво вазифадор аст вазъи моддию оилавӣ ва манфиатҳои дигари қобили таваҷҷуҳи тарафҳоро ба инобат гирад. Мазмуни мафҳумҳои номбурда дар қисми 2 моддаи 83 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода шудааст.

Алимент барои аъзои дигари оила ба тартиби судӣ дар шакли маблағи устувори ҳар моҳ пардохтшаванда рӯёнида мешавад.

Суд ҳангоми рӯёнидани алимент барои хоҳарону бародарони ноболиғ ё болиғи корношоям, бобою бибӣ, набераҳо, падарандар ва модарандар (моддаҳои 95-98 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбининамуда) дар мавриде, ки барои супоридани алимент якчанд нафар уҳдадор бошанд (масалан, якчанд бародарону хоҳарони болиғи қобили меҳнат, ки маблағи зарурӣ доранд ва ғайра) бо назардошти вазъи моддию оилавии алиментсупорандагон андозаи иштироки ҳар яки онҳоро дар иҷрои уҳдадории алиментдиҳӣ муайян месозад.

Дар ин маврид ҳалли масъала ба ихтиёри суд дода шудааст, лекин суд уҳдадор карда нашудааст. Агар ҷавобгар талаб намояд, ки ҳамаи шахсони барои супоридани алимент уҳдадор ба инобат гирифта шавад, он гоҳ суд вазифадор аст, ки талаботи ҷавобгарро иҷро намояд. Дар ин маврид суд аз рӯи талаботи мушаххаси ҷавобгар бояд аз нуқтаи назари талаботи КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 41ва 45) дигар уҳдадорони супоридани алиментро барои иштирок дар муҳокимаи судӣ ҷалб намояд. Пас аз ин суд андозаи алиментро бо назардошти ҳамаи уҳдадорони алиментсупоранда муайян месозад. Вобаста ба ҳолатҳои мушаххаси муқарраркардаи суд саҳми ҳар як уҳдадори алиментсупоранда дар иҷрои вазифааш метавонад якхела ё гуногун бошад. Ҳамин тавр, суд андозаи маблағи устувори ҳармоҳаи алиментро вобаста аз имкониятҳои моддии ҷавобгарон муаяйн месозад.

БОБИ 16 СОЗИШНОМАИ ПАРДОХТИ АЛИМЕНТ 

Моддаи 100. Бастани созишномаи пардохти алимент

Созишномаи пардохти алимент (андоза, шарт ва тартиби пардохти алимент) дар байни шахсе, ки алимент месупорад ва шахсе, ки онро мегирад ва дар сурати ғайри қобили амал будани шахсе, ки вазифадор аст алимент супорад ва (ё) гирандаи алимент — дар байни намояндагони қонунии онҳо, баста мешавад. Шахсони қобилияти амалашон маҳдуд созишномаи пардохти алиментро бо розигии намояндагони қонуниашон имзо мекунанд.

Мутобиқи қонунгузории оилавӣ уҳдадории таъминоти якдигар дар навбати аввал ба зиммаи падару модар (фарзандхондкунандагон) ва кӯдакон (фарзандхондшудагон) (моддаи 80 ва 88 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон) инчунин ҳамсарон (моддаи 90 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон) гузошта шудааст. Бародарону хоҳарон, набераҳо, бобою бибӣ, падарандар ва модарандар (моддаҳои 95-98 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон) уҳдадорони алиментсупорандаи гурӯҳи дуюм ба шумор мераванд. Шахсони номбурда ҳуқуқ доранд, ки ба таври ихтиёрӣ уҳдадориҳои алиментдиҳии худро иҷро намоянд. Он бо роҳи бастани созишнома дар бораи пардохти алимент анҷом дода мешавад. Ин тартиб шаҳодати он аст, ки қонунгузор на ҳама вақт ба таври ҳатмӣ (императивӣ) роҳи ҳалли масъалаи алиментро пешбинӣ намудааст.

Дар бастани созишномаи мазкур ду тараф иштирок менамояд. Як тараф алиментсупоранда шахси ба балоғатрасида ва қобилияти амалкунӣ дошта (дар мавриди ғайри қобили амал будан намояндаи қонунии ӯ) мебошад. Тарафи дигари созишнома алиментгиранда — намояндагони қонунии ноболиғон, шахсони ба балоғат расидаи корношоями муҳтоҷи ёрӣ шуда метавонанд. Созишномаи пардохти алиментро аз номи ноболиғони то синни 14-сола намояндагони қонунии онҳо мебанданд. Ноболиғони аз синни 14 то 18-сола шахсан созишномаи пардохти алиментро бо розигии намояндаи қонуниаш мебанданд. Агар кӯдак дар тарбияи пурраи муассисаи кӯдакона бошад, созишномаи пардохти алиментро аз номи кӯдаки то 14-сола маъмурияти ин муассиса мебандад. Падару модари аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумшуда ё дар ин ҳуқуқ маҳдудшуда танҳо ҳамчун субъекти алиментсупоранда баромад мекунанд, лекин кӯдакони худро намояндагӣ карда наметавонанд.

Моддаи 101. Шакли созишномаи пардохти алимент

1. Созишномаи пардохти алимент дар шакли хаттӣ баста шуда, аз тарафи идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ карда мешавад.

Риоя накардани шакли созишномаи пардохти алимент, ки қонун муқаррар кардааст, боиси оқибатҳое мегардад, ки меъёрҳои қонунгузории гражданӣ пешбинӣ намудааст.

2. Созишномаи пардохти алимент, ки идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ намудааст, дорои эътибори варақаи иҷро мебошад.

Мутобиқи талаботи қисми 1 моддаи 101 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи пардохти алимент дар шакли хаттӣ баста шуда, аз ҷониби идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ карда мешавад. Риоя накардани шакли нотариалии созишномаи пардохти алимент боиси беэътибории он мегардад. Чунин оқибат аз талаботи қисми 1 моддаи 190 КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд.

Қонунгузор талаботро нисбати шакли созишномаи пардохти алимент ба таври қатъӣ пешниҳод намудааст. Аммо нисбати мазмуни он чунин қатъият эҳсос намешавад. Танҳо андозаи алимент, усул ва тартиби пардохти алимент, индексатсияи андозаи алимент аз рӯи созишномаи пардохти алимент мувофиқан дар моддаҳои 104-106 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Дар асоси талаботи қисми 2 моддаи 101 КО Ҷумҳурии То­ҷикистон созишномаи пардохти алимент қурби варақаи иҷроро дорад. Аз ин рӯ, он мутобиқи тартиби муқарраркардаи КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад. Ҳангоми саркашӣ кардан аз иҷрои созишнома талаботи он ба таври маҷбурӣ иҷро карда мешавад. Барои ин кор ягон хел даъво пешниҳод кардан лозим нест. Созишнома танҳо барои иҷро пешниҳод карда мешавад, чунки ҳамчун варақаи иҷро амал менамояд. Барои ҳамин ҳам иҷрочиёни суд ва ҳам маъмурияти корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки тарафи ҷавобгар кор мекунад, нафақа мегирад, вазифадоранд, ки нисбати созишномаи пардохти алимент ҳамчун ҳуҷҷати варақаи иҷро муносибат намоянд.

(Давом дорад)