Тараннумгари дӯстӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсонӣ

№72 (3373) 26.05.2015

Улмас Жамол 003Чанде пеш дар бинои КВД КТН «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси нашрияи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — рӯзномаи «Халқ овози» маҳфили эҷодии адиби маъруфи ӯзбекзабони Тоҷикистон, Журналисти шоистаи Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ӯлмас Ҷамол доир шуд.

Меҳмонон аввал дар ифтитоҳи осорхона — китобхонаи шоир дар ошёнаи нуҳуми бинои мазкур ширкат намуданд.  Дар осорхона дастхату мақола, ёддоштҳо, мунтахаби ашъор ва асарҳои эҷоднамудаи шоир ҷой дода шудаанд. Меҳмонон ифтитоҳи осорхона — китобхонаи шоирро фоли нек арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки осори шоир барои хонандагон, хусусан барои наслҳои оянда, аз аҳамият холӣ нест. Минбаъд ҷавонони эҷодкор имкон пайдо мекунанд, ки ҳаёту эҷодиёти шоир, тарҷумон ва рӯзноманигор Ӯлмас Ҷамолро аз наздик омӯзанд.

Ифтитоҳи чунин осорхона орзуи деринаи ин эҷодкор  буд, ки он бо дастгирии дӯстону шогирдонаш ҷомаи амал пӯшид. То замоне, ки духтари шоир Ҷамила Ҷамолова (рӯҳаш шод бод!) дар қайди ҳаёт буд, пайваста барои ташкили осорхона — китобхона саъй мекард, то ба ин васила мухлисони эҷодиёти  падараш  аз бойгонии ҷамъоваришуда истифода намоянд. Вале умр вафо накард ва Ҷамила, ки ҳамкасби падар буд ва чандин сол дар рӯзномаи «Халқ овози» кор мекард, соли гузашта дар синни 48 -солагӣ аз олам гузашт.

Сипас, бо дастгирии аҳли эҷоди нашрияҳои «Халқ овози» ва «Замон»,  заҳмати шогирди вафодораш, рӯзноманигори ҷавон Тахминаи Маҳмадсаид  осорхона — китобхона дари худро ба ҳаводорони эҷодиёти шоир боз кард.

-Ӯлмас Ҷамол ба синни 81 расида бошанд ҳам, соҳиби дили покиза ва чун пештара латифсухан ҳастанд. Он кас, пеш аз ҳама, муомилаи хуб доранд, дар тарҷумаи шеъру асарҳо ҳамто надоранд ва бисёр мехостам, ки роҳи он касро шогирдонашон идома диҳанд, — иброз дошт шоир Юсуфҷон Аҳмадзода.

Муовини директори КВД КТН «Шарқи озод» -и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умари Шерхон оид ба фаъолият ва эҷодиёти соҳибҷашн сухан ронда, афзуд, ки Ӯлмас Ҷамол чун шоир, тарҷумон ва рӯзноманигори маҳбуб дар рушди адабиёти муосир  хизматҳои назаррас карда, бо хоксориву бузургиаш байни халқ, хоса аҳли қалам, соҳиби иззату эҳтиром мебошанд.

Муовини сардабири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», шоири шинохта Парда Ҳабиб хизматҳои Ӯлмас Ҷамолро дар рушди адабиёти тоҷик арзанда хонда, аз номи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳамқаламон, шогирдон ва дӯстон соҳибҷашнро табрик намуд. Ӯ иброз дошт, ки аз заҳматҳо, кӯшишҳо ва ташаббусҳои эҷодии шоир дар ҷумҳурӣ огоҳанд, зеро ашъори Ӯлмас Ҷамол ба одамон некӣ, вафодорӣ, ватандӯстӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсониро талқин мекунанд.

Сипас, перомуни паҳлуҳои эҷодӣ ва аҳамияти адабию тарбиявии осори Ӯлмас Ҷамол суханрониҳо сурат гирифт. Дар маҳфил зикр шуд, ки Ӯлмас Ҷамол ҳамчун шоири таронасарову ғазалсаро шинохта шуда, беш аз сад тарона ва ғазалҳояшро овозхонҳои тоҷику ӯзбек ба оҳанг дароварда, месароянд.

Дар назди ҳозирин адибони ӯзбекзабони тоҷикистонӣ ва мухлисони ашъори шоир базми шеъру наво ташкил намуданд.

Бино ба гуфтаи аҳли илму адаб, Ӯлмас Ҷамол баробари тарҷумониву рӯзноманигорӣ дар рушди адабиёту ҳунар ва густариши дӯстӣ миёни тоҷикону ӯзбекон хидматҳои арзанда кардааст. Тавре худи шоир дар маҳфили эҷодӣ зикр намуд: «Мо бояд ба қадри дӯстии халқҳоямон расем ва онро ба наслҳои оянда мерос гузорем». Ёдовар мешавем, ки Ӯлмас Ҷамол 17 майи  соли 1934 дар шаҳри Ургути вилояти Самарқанд ба дунё омадааст. Дар замони шӯравӣ як муддат ҳамчун мудири шуъбаи ӯзбекии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Пас аз хатми УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) -соли 1961  фаъолияти кориашро ба сифати омӯзгор ва рӯзноманигор дар шаҳри Регар (имрӯза Турсунзода), Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намуда, аз соли 1963 то имрӯз дар рӯзномаи «Совет Тожикистони» (ҳозира «Халқ овози») фаъолият мекунад.

Донандаи хуби забони тоҷикӣ — форсӣ буда, баробари эҷоди шеъру қисса ва ҳикояҳо, ашъори зиёди шоирони адабиёти классики тоҷику форс ва муосирро ба забони ӯзбекӣ баргардон кардааст. Ҳамзамон дар вазни арӯз шеъру ғазалҳои зиёд эҷод намудааст, ки ин на ба ҳама шоирони ӯзбек имконпазир шудааст. Аз соли 1969 то ҳол беш аз 30 китоби ашъор ва чор девон бо номҳои «Сурур», «Масрур», «Манзур» ва «Маъмур»  ба табъ расида, дастраси алоқамандони шеъру адаб гардидааст.

Хизматҳояш бо ордени «Дӯстии халқҳо» ва нишони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

Х. ШАРИПОВ, «Садои мардум»