Театри шаҳри Ваҳдат 60-сола шуд

№149 (4099) 12.12.2019

Бо қарори Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикис­тон аз 8 октябри соли 1959 таҳти №436 дар назди Қас­ри маданияти ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) театри халқӣ таъсис дода шуд. 60 сол аст он номи яке аз таъсисдиҳандагону роҳбарони муассиса Анвар Ғуломовро дошта, фаъолият менамояд. Чанд рӯз пеш, бахшида ба 60 — солагии театр дар Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат чорабинии бошукӯҳ доир гардид. Меҳмононро зери навои карнаю сурнай пешвоз гирифтанд. 

Дар оғоз аҳли театрро роҳбарону намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳунарпешагони машҳури Театри академии драммавии ба номи Лоҳутӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва адибону санъаткорон табрик карда, чанде аз собиқадорони театр бо ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат қадрдонӣ шуданд.

Баъд намоиши театришуда ва барномаи консертӣ манзур гардид. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Маҳкам Зубайдуллоев таронаи  «Давлат аст», ҳунарпешагони театр порча аз намоишномаҳои «Аз Ҳамадон то Хатлон», «Кохи назм», «Кори Умурзоқ» ва «Номаи бос­тон»-ро манзури ҳозирин гардонданд. Ҳамчунин, суруду таронаҳо дар васфи Ватан, сулҳу дӯстӣ, ҷавонӣ дар иҷрои санъаткорон садо дод.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»