Баробари дигар арзишҳои моддӣ, ки дар пешбурди рӯзгори инсон нақши муҳим мебозанд, арзишҳои маънавӣ низ ҷойгоҳи муҳим доранд ва бе риоя ва арҷгузорӣ ба онҳо бисёре аз дастовардҳои миллӣ, аз қабили ваҳдату якпорчагии сарзамин, иттиҳоду ҳамбастагӣ гусаста гаштаю ба нестӣ мераванд. Мутаассифона, бо суиистифода аз давраи ҷаҳонишавӣ, ки эҳтимол паҳлуҳои мусбат ҳам дошта бошад, давлатҳои абарқудрат бо ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки ифтихороти миллӣ ва дигар арзишҳои садсолаҳо ҳифзшудаи кишварҳоро барҳам зананд ва пояи давлатдории бе ин ҳам заифи онҳоро суст гардонданд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ватандӯстро лозим меояд, ки дар баробари дигар масоил бо таҳким бахшидани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ, болобарии зиракию ҳушёрии сиёсӣ маърифати зеҳниро такомул бахшад.
Дар тӯли ҳазорсолаҳо миллати ҷафокашидаи тоҷик на як бору ду бор имтиҳонҳои сахти зиндагиро сарбаландона гузашта, дар муқовимат зидди истилогарони аҷнабӣ шоҳиди ҷонбозиҳои фарзандони қаҳрамон гардидааст. Фарзандони барӯманду ҷонфидои миллат чӣ бо силоҳ, чӣ бо қалам ба ҳифзи марзу бум, таърих, забон ва дину мазҳаб бархоста, дар ин роҳ ҷони азизи худро дареғ надоштаанд. Дар ин маврид, рӯйхати дуру дарозеро пешниҳод кардан мумкин аст, ки гузаштагони шарафманд дар чӣ вазъияти ногуворе тавонистанд, алайҳи бадхоҳони миллат истодагарӣ кунанд ва музаффарият ба даст оваранд. Шераку Спитамен, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ, қаҳрамонони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Мирзо Турсунзода ва бисёр дигарон аз шумули онҳое мебошанд, ки барои Истиқлолияти давлатӣ корнамоиҳои бемисл нишон дода, чанде аз онҳо дар ин роҳ қурбон гардидаанд. Чунин меҳисобем, ки шуҷоату қаҳрамонии онҳо беҳтарин дарси ибрату тарбияи ватандории ҳар фарди тоҷик маҳсуб меёбад.
Мутаассифона, солҳои навадуми асри гузашта ҳам миллати тоҷик ба имтиҳони мушкиле рӯ ба рӯ гардид ва қурбонии зиёд дод. Боиси ифтихор аст, ки муҳаббату садоқати беандоза ба Ватан, ба мардуми Тоҷикистон имконият дод, ки ба хоинону душманони миллат бархӯрд намуда, пирӯзӣ ба даст оранд. Мавриди зикр аст, ки аз ин сабақи талх муҳлати зиёде нагузаштааст ва он бояд барои насли ҷавон мактаби хуби ватандорӣ гардад.
Яке аз роҳҳои ҳамчун миллат аз байн бурдани халқияту миллатҳои кӯчак пиёдасозии сиёсатҳои ғаразнок тавассути созмону ташкилотҳои иртиҷоие чун «Толибон», «Ал — Қоида», «ДИИШ» ва наҳзати исломӣ мебошад. Мутаассифона, бо ҷалби намояндагони халқу миллат, пайравони дину мазҳабҳои гуногун ва даҳшатафканиҳо дар бархе аз давлатҳои арабӣ ин зуҳуроти номатлуб рӯз то рӯз авҷ гирифта истодааст. Бадбахтона, дар миён баъзе аз ҷавонони гумроҳи тоҷик низ ба доми ваҳшиёни ҷоҳили асримиёнагӣ афтода, қисмати зиёдашон қурбон гардидаанд.
Бо вуҷуди аз осмони софу беғубори Тоҷикистон пароканда шудани абрҳои сиёҳ ҳанӯз ҳам таҳдиди хавфу хатар ба сарзамин коҳиш наёфтааст. Боқимондаи онҳое, ки бо баҳонаи ҳимояти дини мубини ислом боре рӯзи маҳшарро дар кишвар қоим карда буданд, ҳоло демократияро дастак намуда, аз дурӣ миллату Ватанро сиёҳ карданӣ мешаванд. Инҳо аъзои Ҳизби террористии наҳзати исломӣ мебошанд. Онҳое, ки дар вақташ аз сиёсати роҳбарияти пешини ҷумҳурӣ низ шадидан интиқод мекарданд. Ҳатто муҳлати кӯтоҳе бо ҳаммаслакон зимоми давлатдориро ба даст ҳам гирифта буданд, вале аз ноуҳдабароӣ онро аз даст доданд. Ҳоло норозигӣ аз сиёсати роҳбарияти ҷумҳурӣ изҳор медоранд. Шояд собит кардан мехоҳанд, ки танҳо онҳо қодир ҳастанд бидуни каму кост ҷумҳуриро идора кунанд ва шукуфою пешрав гардонанд. Ҷои шакку шубҳа нест, ки ҳатто худашон ба ин афсонаҳояшон бовар намекунанд, зеро ба ҷуз туҳмату буҳтон, дасисаву иғво ва суханҳои подарҳаво ба қавли худашон, «40 соли фаъолияташон» ягон барномаи мушаххас рӯи даст надоранд.
Вазъи ноороми сиёсӣ дар Афғонистони ҳамсоя, ки даҳсолаҳост дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва фаъол гардидани ҳаракати «Толибон» — у «ДИИШ» хоинони миллатро умедвор кардааст, ки нақшаҳои ҷинояткоронаро дар Тоҷикистон дубора роҳандозӣ хоҳанд кард. Ҳатто ба гӯшаи хаёл намеоранд, ки ин ҷо Ватани онҳост ва дар он ҳаммиллатонашон зиндагӣ менамоянд, агарчӣ дар маъвизаҳояшон кафки даҳон паронда, аз миллату Ватан, дину имон сухан мегӯянд.
Вале бори дигар барои онҳо ёдовар мешавем, ки тоҷикон миллати созандаанд, на сӯзанда. Онҳое, ки аз авҷи корҳои созандагӣ дар Тоҷикистон нороҳатанд, ҳуқуқи маънавии худро тоҷики асил номидан надоранд.
Ҳоло мардуми шарифи кишвар дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам зичтар муттаҳид гардида, баҳри ободию гулгулшукуфии Ватан меҳнат карда истодаанд ва муҳтоҷи «ғамхорӣ»-и бегонагону ношукрон нестанд.
Меҳрӣ Ҷумаева, Райҳон Неъматова, омӯзгорони МТМУ № 49-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе