Тоҷикон

№153 (3947) 25.12.2018

 Халқи инсонпарваре дар рӯи дунё тоҷик аст,

Сокини мулки биҳишти оламоро тоҷик аст.

Босаховат, босаодат,  боматонат,  бовиқор

Бандаи содиқ ба амри Ҳақ Таоло тоҷик аст.

 

Тоҷиконанд мардумони тоҷдору бас куҳан,

Медурахшанд чун ситора дар фазои илму фан.

Тоҷиконанд меҳрпарвар, меҳровар дар ҷаҳон,

Тоҷиконанд ошиқони дил ба фармони ватан.

 

Тоҷикон бахшидаанд андар ҳама давру замон

Ташнагону гушнагонро бо муҳаббат обу нон.

Ҳар кӣ бо ихлос биншаст гирди дастурхонашон

Нури дида, тоҷи сар шуд, мутабар меҳмонашон.

 

Дар вуҷуди халқи мо ҳаргиз намебинӣ ғурур,

Аз вуҷуди халқи мо ноодамӣ афтода дур.

Мардуми мо аз абад ҳастанд нотарсу ҷасур,

Ботаҳаммул, боирода, ҳам матину ҳам сабур.

 

Аз барори кори ёрон тоҷикон дар ифтихор,

Дидани дидори ёрон дар дили тоҷик баҳор.

Гар сухан гардад ифо дар бобати меҳри Ватан,

Халқи мо созад амал бо номусу бо нангу ор.

 

Халқи тоҷикро бувад таърих басе бою ғанӣ,

Соҳиби фарҳангу илму қиссаҳои гуфтанӣ.

Халқи тоҷик гашт машҳур аз қадим то ин замон

Бо табибон, олимон, бо шеъру нақшу сӯзанӣ.

 

Халқи тоҷикро асрҳо, ки бесару бар монда буд,

Тоҷдори тоҷбарсар тоҷ аз сар монда буд,

Ҳамчу мурғи дар қафас афтода музтар монда буд,

Чун кунад парвозу бе болу бе пар монда буд.

 

Баъди Сомонӣ набуд як ҳокиме бар тоҷикон,

Он ки бошад қадрдону ҳомии пиру ҷавон.

Баъди садҳо сол бо амри Худованди ҷаҳон

Омада Эмомалӣ Раҳмон чу Пешвои замон.

 

Роҳи истиқлол ба рӯи тоҷикон гардид боз,

Сарвари мо кард моро дар ду олам сарфароз.

То ки бишносем худро раҳнамои мо бишуд,

Мо кӣ ҳастем дар ҷаҳону бо кадом арзу ниёз.

 

Лафзи тоҷик бо танин аз минбари кулли ҷаҳон,

Пешниҳоди тоҷикон гардид қабул дар созмон.

Мулки тоҷик шуд қароргоҳе барои машварат,

Халқи тоҷик гашт мизбон бар сарони ҳар макон.

 

Аз қадим то ин замон андар ҳама мулки ҷаҳон

Одамият дар талоши фоидаву моли калон.

То ба милёнҳо расида баҳрае бар ину он,

Бар фаромӯшӣ бирафта қадри обу қадри нон.

 

Пешво ҳарфе бизад дар бобати оби равон,

Ин зарурат шуд аён бар ҷумлаи аҳли ҷаҳон.

Арзиши оби равон садҳо баробар шуд баланд,

Аз ҳама молу пулу боигарӣ дар ин ҷаҳон.

 

Нораку Роғун бародарҳои нуронӣ шуданд.

Нурбахшо баҳри мо чун нури раҳмонӣ шуданд,

Халқи тоҷик шуд муваффақ бар муроди неки худ,

Шӯҳраи олам ҳама аз роҳи инсонӣ шуданд.

 

Халқи тоҷик по ниҳод бар арсаи даврони нав,

Бо умеди тозаву бо аҳду бо паймони нав.

Зиндаву ҷовид бодо халқи тоҷик то абад,

Бо умеди зиндагиву бо сару сомони нав.

 Муваффақ (Тоҳир Раҷабов)