Ягона рӯзе, ки тағйирнопазир аст

№30 -31 (3667 - 3668) 18.03.2017

wallpapers-spring-19Биё, эй мурғи субҳи навбаҳорон,

Биё, эй ҷашни ҷумла одамиён.

Ҷадида кун зи нав дунёи куҳна,

Биё, эй шӯри ишқу ҷӯши имон.

Яке аз бошукӯҳтарин ҷашнҳои мардуми форсзабон ин ҷашни Наврӯз мебошад. Ҳикмати он ончунон ғанӣ аст, ки аз маҳдудаи мардуми форсизабон фаротар рафта, ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва аз куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Дар ин маврид Абурайҳони Берунӣ, донишманд ва олими қарни даҳум, дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст».

Шояд тӯли таърих дар васфи ҳеҷ ҷашне мисли Наврӯз шеър ва ҳикмат нагуфта бошанд. Таваҷҷуҳи шоирон ба ҷашни Наврӯз бесобиқа аст ва баҳору Наврӯзро бидуни шеър наметавон тасаввур кард:

Наврӯз дар ин саҳни чаман омадааст,

Бо бӯи гулу мушку суман омадааст.

Ай духтари тоҷик, чаканпӯшӣ бикун,

Вақти чакану рӯзи чакан омадааст.

Баҳору Наврӯз дар ашъори шоирони тоҷик фасли ишқу ошиқӣ, раҳоӣ аз ғаму ғусса ва фурсат барои шурӯи зиндагии саршор аз муҳаббат аст.

Аз омадани ҷашни Наврӯз, қабл аз ҳама, кӯдакон хушҳол мешаванд ва бо баргузории маросими гулгардонӣ ба ҳама аз омадани Наврӯз пайғом медиҳанд. Соҳибхонаҳо гулҳоро ба чашму абрувон молида, ба хурсандии бачаҳо ҳамроҳ мешаванд.

Пеш аз ҳама, дар ин рӯз тоҷикон хонаи худро сафед мекунанд. Сарулибоси нав мепӯшанд ва ба якдигар беҳбудиҳои зиндагиро таманно менамоянд.

Дар айёми Наврӯз расму оинҳои пурасрор хеле зиёданд, ки ин ҷашнро боз ҳам зебову шукӯҳманд мегардонанд. Таҳқиқи онҳо моҳияти Наврӯзро беҳтар бозгӯйӣ намуда, паҳлуҳои норавшани онро ҳувайдо месозад.

Деринаи Карим