Ҳикматҳои зиндагӣ

Зиндагӣ — номаи пур аз ҳикмат

№108 (4214) 05.09.2020

ШОҲКОР

Абӯсаиди Абулхайрро гуфтанд:

- Фалонӣ парвоз карда метавонад.

Гуфт:

- Магас ҳам парвоз мекунад.

Гуфтанд:

- Фалониро чӣ мегӯӣ, ки рӯи об роҳ меравад?

Гуфт:

- Аҳамияте надорад, пораи чӯбе ҳам ин корро мекунад.

Аз ин посухҳои Абӯсаид ҳайрон шуда пурсиданд:

- Пас аз назари ту шоҳкор чист?

Гуфт:

- Ин, ки дар байни мардум зиндагӣ кунӣ, вале ҳеҷ гоҳ ба касе захми забон назанӣ, дурӯғ нагӯӣ, макр насозӣ, суиистифода накунӣ, касеро наранҷонӣ. Ин аст шоҳкор.

 ИМОН, ЭЪТИМОД ВА УМЕД

Рустоиён тасмим гирифтанд барои боридани борон дастаҷамъона дуо кунанд. Рӯзе, ки барои дуо намудан ҷамъ шуданд, танҳо як писарбача бо худ чатр дошт. Ин, яъне, имон.

Кӯдаки яксолаеро тасаввур кунед. Замоне ки ӯро бардошта ба ҳаво мепартоед, вай механдад, чун медонад, ки ӯро медоред. Ин, яъне, эътимод.

Ҳар шаб ба рахти хоб медароем, вале намедонем, ки фардо зинда аз ҷогаҳ бармехезем ё не. Бо вуҷуди ин ҳар шаб даруни ҷогаҳ то хобамон бурдан дар бораи фардо меандешем. Ин, яъне, умед.

 ДУНЁ ФАҚАТ БАРОИ ИНСОН НЕСТ

Ҳеҷ магасе дар андешаи фатҳи абрҳо нест ва ҳеҷ гурге гурги дигарро ба хотири андешааш намекушад. Ҳеҷ калоғе ба товус рашк намебарад. Ҳеҷ муше ба филе ба хотири бузургиаш ҳасодат намеварзад ва занбӯр медонад, ки гул барои парвона ҳам ҳаст. Замин мечархад, то офтоб ба самти дигараш ҳам нур пошад ва хок дар рӯёнидан ба зишту зебо намеандешад. Ҳеҷ мавҷуде дар замин бештар аз инсон ҳамнавъашро қазоват намекунад ва ба хоку хун намекашад.

Эй инсон, дунё фақат барои ту нест!

РӮЙДОДИ АҶИБИ ТАЪРИХ

Ҳангоми ҳамлаи Наполеон ба Россия дастае аз сарбозони ӯ дар маркази шаҳраке дар ҳоли ҷанг буданд. Яке аз фармондеҳони фаронсавӣ нохудогоҳ аз ҷанговарони худ ҷудо мешавад. Гурӯҳе аз сарбозони қазоқ аз паи ӯ меафтанд ва дар кӯчаҳои пурпечутоби шаҳрак таъқибаш мекунанд. Фармондеҳ, ки ҷони худро дар хатар мебинад, по ба фирор мегузорад ва саранҷом саросема вориди як дӯкони пӯстфурӯшӣ мешавад. Вай бо садои ларзону канда-канда ба сӯи пӯстфурӯш фарёд мезанад: кумакам кун, ҷонамро наҷот бидеҳ! Дар куҷо пинҳон шавам?

Пӯстфурӯш фармондеҳро зери пӯстини зиёде пинҳон мекунад. Лаҳзае нагузашта сарбозони қазоқ ба дӯкон медароянд.

- Ӯ куҷост? — дод мезананд ба сари пӯстфурӯш, — мо дидем, ки ба ҳамин дӯкон даромад.

Сарбозон бо вуҷуди эътирози пӯстфурӯш дӯконро тагурӯ мекунанд. Тали пӯстинҳоро бо найзаҳояшон сих мезананд, аммо фаронсавиро наёфта, баромада мераванд.

Фармондеҳ солим аз зери пӯс­тинҳо берун меояд ва дақиқае баъд сарбозонаш аз роҳ мерасанд. Пӯстфурӯш аз фармондеҳ мепурсад:

- Бубахшед, ки аз шумо ин суолро мекунам. Бигӯед, ки зери пӯс­тинҳо аз тарси он ки лаҳзае баъд маргатон фаро мерасад, чӣ эҳсосе доштед?

Фармондеҳ қоматашро рост карда, синаашро ба пеш дамонда, хашмгинона фарёд мезанад:

- Ту чӣ тавр ҷуръат карда, аз ман чунин суол мекунӣ? Сипас, ба сарбозонаш рӯ меорад: — Ин мардаки густохро бигиред, чашмонашро бибандед ва бурда парронед! Ман худам шахсан фармони оташ кушоданро медиҳам.

Сарбозон пӯстфурӯшро кашон-кашон бо худ мебаранд. Дар назди деворе рост монда, чашмонашро мебанданд. Пӯстфурӯш ҳис мекунад, ки шамоли сарде тамоми баданашро фаро мегирад, рухсораҳояш хунук мешаванд, пойҳояш ба ларза медароянд. Ҳамин дам садои фармондеҳро мешунавад:

- Омода шавед! Ҳадаф гиред!..

Андешаи он ки чанд лаҳза пас тирҳо баданашро ғалбер мекунанд ва ӯ ҷони ширинашро аз даст медиҳаду дигар ҳаргиз олами равшанро намебинад, эҳсоси ғайриқобили даркро дар вуҷуди пӯстфурӯш бедор месозад. Ашки чашмонаш аз зери чашмбанд ҷорӣ мешавад.

Пас аз сукуте тӯлонӣ пӯстфурӯш садои қадамзаниро мешунавад. Лаҳзае баъд чашмбандашро мегиранд. Нури офтоб чашмонашро кӯр мекунад. Вай суроби хираи фармондеҳро дар рӯ ба рӯяш мебинад ва садои ӯ ба гӯшаш медарояд:

- Акнун фаҳмидӣ, ки он лаҳзаҳо ман чӣ эҳсосе дош­там?!

Таҳияи ВОРИС