Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тавилдара ба хотири сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015 — 2016 дар ҳайати 21 нафар ситод созмон дода, нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва тасдиқ намудааст.
Имсол, тибқи нақша, барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015-2016 дар буҷети ноҳия 560 ҳазору 942 сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Барои таъмин намудани аҳолӣ бо ангишт ва гази моеъ дар ноҳия шаш нуқтаи фурӯши ангишт ва як нуқтаи фурӯши гази моеъ ташкил гардидааст. Талаботи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, таълимӣ ва кӯдакистони ноҳия барои захираи ангишт, ҳезум ва шишабандӣ дар давраи тирамоҳу зимистон қонеъ гардонида шудааст. То имрӯз дар муассисаҳои мазкур 324 тонна ангишт, 577 метри мукааб ҳезум ва 1360 литр сӯзишвории дизелӣ захира гардидааст. Муассисаҳои номбурда бо бухорию дудкашҳо ва генераторҳои барқӣ таъмин карда шудаанд. Аҳолии ноҳия низ 357 тонна ангишт, 1700 литр сӯзишвории дизелӣ ва 320 метри мукааб ҳезум захира намудаанд. Айни замон нуқтаҳои фурӯш зиёда аз 100 тонна ангишт захира доранд.
Дар ноҳия ба масъалаи захира намудани тухмии ғалладона, картошка ва дигар зироатҳои кишоварзӣ барои сари вақт гузаронидани кишти тирамоҳию баҳории зироатҳо, бунёди боғҳо, захираи хӯрока барои зимистонгузаронии чорво диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Айни ҳол дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия 193 тонна ғалладонагӣ ва 920 тонна картошкаи тухмӣ, инчунин 23 ҳазору 142 тонна хӯроки чорво захира шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»