Ҳаҷми содирот афзуд

№78 (3558) 18.06.2016

 Аз 12400 тонна иҷрои нақшаи маҳсулоти содиротии кишоварзони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 2300 тоннаи он мутааллиқ ба деҳқонони ноҳияи Данғара мебошад.

Онҳо азм кардаанд, ки дар гурӯҳи навоҳии минтақаи Кӯлоб аз ҳама беш ба беруни кишвар маҳсулоти кишоварзӣ содир намоянд. Айни ҳол ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Афғонистон 1361,7 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавот содир намудаанд, ки ин нишондод баробари 52 фоизи нақша аст.

Т. ФАЙЗАЛӣ, «Садои мардум»