Ҳаҷми содирот меафзояд

№ 16.06.2016

 Аз 12400 тонна нақшаи дурнамои маҳсулоти содиротии  кишоварзони минтақаи Кӯлоб 2300 тоннаи он мутааллиқ ба деҳконони ноҳияи Данғара мебошад.

Кишоварзони ноҳияи Данғара азм кардаанд, ки дар гурӯҳи навоҳии минтақаи Кӯлоб аз ҳама беш ба беруни кишвар маҳсулоти кишоварзӣ содир намоянд. Айни ҳол онҳо ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Халќии Хитой ва Афғонистон ба миқдори 1361,7 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавот содирот намудаанд, ки ин нишондод баробари 52 фоизи иҷрои нақшаи дурнамост.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»