Мувофиқи маълумоти оморӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ аз 2,5 то 57 фоиз афзудааст
Наваду се фоизи масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил медиҳад, аммо бо назардошти иқлими мусоид барои киштукори аксар намуди маҳсулоти кишоварзӣ, онро кишвари аграрӣ ном бурдаанд. Воқеан ҳам Ватани азизамон Тоҷикистон бо чунин шароит ва муҳите, ки дорад, биҳишти рӯйи заминро мемонад. Бо чунин табиати Худодод месазад ҳар лаҳзаи вақтро ғанимат шуморида, барои рӯёнидани ҳосили дилхоҳи маҳсулоти кишоварзӣ кӯшиш кард. Мавсими ҷамъоварии ҳосил ҳам дар арафаи анҷомёбист. Бинобар ин, хостем маълум намоем, ки то ин вақт чӣ қадар ҳосили заҳмати деҳқон ғунучин шудааст.
Дар робита ба ин аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз нақша зиёд иҷро шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ба ғайр аз пахта, дигар номгуйи маҳсулот мутаносибан аз 2,5 то 57 фоиз афзудааст.
Доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ роҳбари маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Дадабоев гуфт, ки бо мақсади рушди минбаъдаи зироатҳои даромаднокиашон баланди ба содирот нигаронида дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 таҳти №683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014», майдони мева ва ангур сол то сол зиёд гардида, то 1 январи соли 2013 майдони мева 122 ҳазор гектар ва ангур 36,5 ҳазор гектарро дар бар мегирад.То 1 октябри соли ҷорӣ дар майдони 9760 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст.
Дар муддати даҳ моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсоли мева ва ангур дар маҷмӯъ ба 419,7 ҳазор тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 ҳазор тонна ё 6,3 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуна заминҳо майдони 15620,04 гектарро ташкил медиҳанд, ки аз ин ҷумла 12667,98 гектараш заминҳои обӣ мебошад. Сабабҳои асосии бекорхобии заминҳои кишоварзӣ чунинанд:
Шӯршавӣ ва ботлоқшавӣ дар соли равон 1719 гектарро ташкил дода, нисбати соли гузашта 157,77 гектар зиёд гардидааст. Бинобар аз кор баромадани шабакаҳои обёрӣ 765,2 гектар замин кишт нашуда мондааст. Дар натиҷаи селоб зер кардан майдони 500,72 гектар замин бекор монд, ки нисбати соли гузашта 92,13 гектар зиёд аст. Бо сабаби нагузаронидани корҳои мелиоративӣ 168 гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун монда, бинобар таъмир намудани шабакаҳои обёрӣ 460 гектар замин холӣ монд.
Заминҳое, ки бо сабаби набудани оби обёрӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд, 7801,57 гектарро ташкил медиҳанд, ки нисбати соли гузашта 1124,51 гектар кам мебошад. Заминҳои фурӯрафта 368 гектарро ташкил медиҳад. Бо сабабҳои корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ дар ҷумҳурӣ майдони 3737,55 гектар замин бекор мондааст ва ин шумора нисбати соли гузашта 3202,34 гектар кам аст.
Бо вуҷуди назаррас будани баъзе нишондодҳои оморӣ, мебояд корро дар самти самаранок истифода бурдан ва азхудкунии замин ҷоннок намуд, чунки зиёд кардани майдони кишт ва бунёди боғу токзорҳои нав ҳамаҷиҳата баманфиат буда, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тозаву безарари ватанӣ саҳми намоён мегузорад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»