Аккредитатсияи нозирони созмонҳои байналмилалӣ

№16 (3317) 05.02.2015

2 феврали соли 2015 таҳти раёсати раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён ҷаласаи навбатии Комиссия баргузор гардид. Дар он масъалаҳои бақайдгирии рӯйхати номзадҳо аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот тибқи пешниҳоди Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди ҲСДТ, муайян намудани шакл ва андозаи бюллетенҳои интихоботӣ, инчунин аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ аз Созмони Ҳамкории Шанхай ва Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Баъд аз омӯзиши ҳамаҷонибаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи моддаҳои 12, 35 ва 38 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯйхати 13 нафар номзад аз Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва 65 нафар шахсони боэътимоди ҳизб ба қайд гирифта шуданд.

Дар ҷаласаи Комиссия зикр гардид, ки Анҷумани Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон номзадии 22 нафар аъзои ҳизбро тибқи рӯйхат ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот пешбарӣ карда буд. Бинобар сабаби аз ҷониби ҳашт нафар  номзади пешбаришуда пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои дар моддаи 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқарраргардида Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мактуби расмӣ муроҷиат карда, хоҳиш намудааст, ки номзадии ҳашт нафар тибқи рӯйхати ҳизб ба қайд гирифта нашавад. Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  номзадии Воҳидова Файзинисо Маноновна, Умаров Ҳоҷимуҳаммад, Шерзамонов Алим Мамадрасулович, Қудратов Шуҳрат Абдувалиевич, Насруллоев Бахтиёр Асатуллоевич, Раҳимов Раҳим Наимович, Қураева Муаззама Қарақуловна ва Давлатов Саидаброр Абдуалимович аз рӯйхати ҲСДТ хориҷ карда шуданд.

Инчунин номзадии Соҳибназаров Фирдавс Анварович, ки тибқи рӯйхати Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон пешбарӣ шудааст, дар асоси мактуби Прокуратураи  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2015 бекор карда шуд. Соҳибназаров Фирдавс барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин мутобиқи  моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон) ва 262 қисми 3 банди «в» (қонунигардонӣ (расмикунонии) даромадҳои  бо роҳи ҷиноят бадастоварда  ба миқдори махсусан калон)  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, нисбати ӯ бо ин моддаҳо ва дигар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ 23 январи соли 2015 айб эълон карда шудааст. Дар асоси талаботи зербанди 7 қисми 1 моддаи 33 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои қасдонаи вазнин ва ё махсусан вазнин аз тарафи мақомоти таҳқиқу тафтишот гумонбар  шудаанд, ҳуқуқи ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзад шуданро надоранд.

Доир ба масъалаҳои муайян намудани  шакл ва андозаи бюллетенҳои интихоботӣ, аккредитатсияи нозирони байналмилалӣ аз Созмони Ҳамкории Шанхай ва Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо низ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Аккредитатсияи минбаъдаи нозирон аз дигар созмонҳои байналмилалӣ бо дарназардошти ворид шудани пешниҳодҳо дар ҷаласаҳои минбаъдаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд шуд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»