Ҳамкориҳо барои пешрафти иқтисод ва тиҷорат мусоидат карданд

№1 (3302) 01.01.2015

Бо иқдоми Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 як қатор намоишгоҳ – ярмаркаҳо, озмунҳо ва мулоқоту форумҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ баргузор гардид, ки ба вусъати ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, бунёди корхонаҳои муштарак, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ барои рушди иқтисодиёту тиҷорат ва дигар соҳаҳо мусоидат намуд.

-Рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарурати ҳавасмандии дигаргунсозии мусбии соҳа, баланд бардоштани сифати маҳсулот дар назди молистеҳсолкунандагон масъалаҳои навро оид ба ҷалби технологияи нав, молҳо ва хизматрасонӣ ба бозори дохилӣ мегузорад. Тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, яке аз роҳҳои самараноки ноил гаштан ба мақсадҳои номбурда ташкили намоишгоҳҳо мебошад. Намоишгоҳ пайвандгари махсус байни бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Маҳз тавассути намоишгоҳҳо соҳибкорони кишварамон бо ҳамтоёни хориҷиашон дидору мулоқот карда, бо имконоти якдигар ошно мегарданд,- иброз дошт сардори шуъбаи фаъолияти  намоишгоҳии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Дилшод Мирсаидов.

Бояд тазаккур дод, ки соли ҷорӣ Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ширкатҳои ватанию хориҷӣ 15 намоишгоҳи байналмилалӣ ва дохилиро ташкил ва баргузор намуд.  Аз ҷумла 4-8 март намоишгоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бахшида ба Рӯзи Модар дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо ширкати намоишгоҳии «Суруши Байналмилал»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон барпо гардид. Ҳамзамон Намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ ва тиҷоратии «Тоҷикистон, Баҳор- 2014», ки санаи 3-5 апрели соли ҷорӣ якҷо бо ширкати намоишгоҳии «Тоҷ Экспо» ташкил шуда буд, таваҷҷуҳи доираҳои зиёди соҳибкорону тоҷиронро ҷалб намуд. Дар намоишгоҳи мазкур 35 ширкати хориҷӣ  аз кишварҳои Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Федеративии Германия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Франсия ва ҳафт ширкати ватанӣ  иштирок намуданд.

Ҳамсуҳбатам ёдовар шуд, ки  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Иди касбии кормандони соҳаи саноати сабуки ҷумҳурӣ санаи 4-8 июни соли ҷорӣ дар бинои Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаштумин Намоишгоҳи байналмилалии «ИнтерЛегПром-2014»-ро  ташкил кард. Бояд зикр намуд, ки намоишгоҳи мазкур ҳамасола бо мақсади рушди соҳаи саноати сабуки кишвар баргузор карда мешавад.

Давоми соли ҷорӣ бо мақсади рушди ҳамкориҳо ва пайванди соҳибкорони ватанию хориҷӣ молу маҳсулоти корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон доир гардиданд, пешкаш ва муаррифӣ гардид. Дилшод Мирсаидов  гуфт,  ки аз 1 то 6 сентябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи «Экспоцентр»- шаҳри Урумчии ноҳияи Мухтори Синзяну Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой Намоишгоҳи навбатии байналмилалии ЭКСПО «Хитой — Евразия» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 4000 ширкат аз 55 давлати дунё  иштирок намуданд. Намоишгоҳ дар масоҳати 90 ҳазор метри мурабаъ доман паҳн карда буд. Дар ин чорабинии бонуфуз  молҳои рақобатпазири кишварҳои Аврупо ва Осиё пешниҳод ва лоиҳаҳои инвеститсионию имкониятҳои туристии кишварҳо муаррифӣ гардиданд.  Бо мусоидати Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони як қатор ширкату корхонаҳо ва соҳибкорони ҷумҳурӣ дар кори намоишгоҳи  мазкур иштирок намуданд.

Яке аз чорабиниҳои бонуфузу хотирмоне, ки соли ҷорӣ барпо гардид, ин мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ  ва Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе – 2014 буд, ки рӯзҳои 14-15 октябри соли 2014 баргузор гаштанд. Дар доираи чорабиниҳои мазкур Намоишгоҳи дастовардҳои соҳибкорону сармоягузорон бо ҷалби 56 ширкату корхонаҳои шаҳру вилоятҳои гуногуни Тоҷикистон ташкил карда шуд.

-Дар ҷараёни баргузории намоишгоҳҳо ва форуму мулоқотҳо  даҳҳо созишномаҳо ба имзо расонида шуд, ки тибқи ин санадҳо ҳамкориҳои соҳибкорону тоҷирон ва намояндагони бисёр корхонаю муассиса ва идораҳо тақвият ёфта, имконоти нав барои фаъолияти минбаъда пайдо гардид. Аз ин ҷиҳат фаъолияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2014 метавон пурмаҳсул арзёбӣ кард,- гуфт дар поёни суҳбат Д. Мирсаидов.

Б. КАРИМОВ, «Садои мардум»