Ҳамкориҳо вусъат меёбанд

№97 (3243) 18.08.2014

14 июни соли равон дар бинои  КВД КТН  «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муносибатҳои Тоҷикистону Полша конфронс баргузор гардид. Дар конфронс мушовири аввали Сафорати Полша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Славомир Стшалковски, намояндагони шуъбаи мадади савдо ва сармоягузории Сафорати Полша дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат доштанд.

Зимни конфронс Славомир Стшалковски зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти омории Полша  савдои молу маҳсулот миёни давлати мо ва  Тоҷикистон соли 2012-ум  маблағи 21,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Соли 2011 он 21,2 млн. доллари ИМА буд.  Соли 2013 то дараҷае пастравии  ҳаҷми маҳсулоти содиротии Полша ба назар мерасид. Дар панҷ моҳи аввали соли равон бошад, мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар муқоиса ба соли 2013 гардиши мол 37 фоиз зиёд шудааст.

Славомир Стшалковски дар конфронс ҳамчунин аз маҷлиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Полша оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки дар шаҳри Душанбе доир гашт, ёдовар шуд. Ӯ гуфт, ки дар маҷлиси комиссияи байниҳукуматӣ муносибатҳои дутарафаи Тоҷикистону Полша оид ба иқтисодиёт, молия, илм, маориф ва дигар самтҳои ҳамкорӣ баррасӣ  шуданд. Дар ин ҳамоиш  дар бораи ҳамкории соҳибкорон, дақиқии  иттилоот оид ба иқтидори воридотии тарафҳо низ сухан рафт. Ҳамчунин гуфта шуд, ки иштироки бевоситаи доираҳои корӣ  ва баргузории чорабиниҳо, аз қабили конференсия, ярмарка, намоиш, семинар, бизнес- форум, мизҳои мудаввар барои таҳкими муносибатҳо ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ш. АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»