ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТӢ БО ПОКИСТОН ВУСЪАТ МЕЁБАНД

№71 (3551) 02.06.2016

Солҳои охир Ҷумҳурии Исломии Покистон ба яке аз шарикони наздики Тоҷикистон табдил ёфта, дар ҳама соҳа робитаҳояшро густариш медиҳад. Мувофиқи маълумоти оморӣ тайи чор моҳи соли равон Покистон вобаста ба расонидани кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон дар ҷои сеюм қарор дорад.

Бо ташаббуси Созмони рушди тиҷорати Покистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 — 25 майи соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе зери унвони «Корвони тиҷоратии Покистон» намоишгоҳи маҳсулоти Покистон баргузор гардид. Дар он 50 ширкат ва корхонаҳои Покистон ширкат варзида, маҳсулоти нассоҷию бофандагӣ, чармӣ, васоили варзишӣ, хӯрокворӣ, дорусозӣ, ҷавоҳирот, ҳунарҳои дастӣ ва ғайраро ба маъраз гузоштанд.

Консули тиҷоратии Сафорати Покистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Одилхон Миёнхел изҳори нигаронӣ кард, ки новобаста аз наздик будани мавқеи географӣ ва баланд будани сатҳи робитаҳои сиёсӣ ҳаҷми ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистону Покистон қаноатбахш нест. Ба андешаи ӯ яке аз омилҳо мушкили гирифтани раводид аст. Вақте низоми раводид сода карда мешавад, мардум бештар рафтуомад намуда, эътимодашон нисбати якдигар зиёд мегардад.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро хотиррасон кард, ки роҳбарони ду кишвар моҳи ноябри соли гузашта тасмим гирифтанд, ки тайи се соли оянда ҳаҷми ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Покистон бояд ба 500 миллион доллари ИМА расонида шавад.

- Тӯли як соли охир ин сеюмин намоишгоҳи молҳои истеҳсоли Покистон буда, баргузории чунин ҳамоишҳо ба соҳибкорони ду кишвари дӯст имкон фароҳам меорад, ки бо ҳамдигар равобити наздикро ба роҳ монанд, — гуфт Тариқ Иқбол.

 С. Сайфиддин,

«Садои мардум»