Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон

№137 (3617) 05.11.2016

Ҷумҳурии Қазоқистон баъди Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой сеюмин шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурлан Сейтимов дар ҳамоиши соҳибкорони Қазоқистону Тоҷикистон, ки 20-уми октябри соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳаят реҷенси» доир гардид, иброз дошт, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни Қазоқистону Тоҷикистон соли гузашта ба 580,4 миллион доллари ИМА расид. Дар 9 моҳи соли равон ин рақам 400,9 миллион долларро ташкил дод.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид иброз намуд, ки Қазоқистон баъди Туркия дуюмин кишвари бузурги содиротии маҳсулоти Тоҷикистон ба шумор меравад. Ӯ соҳибкорони тоҷикро даъват намуд, ки бо шарикони қазоқистонӣ бештар дар хусуси таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда гуфтугӯ намоянд.

- Имрӯз корхонаҳое бояд таъсис ёбанд, ки аз ашёи ватанӣ истифода бурда, ҷойи маҳсулоти воридотиро бигиранд, — гуфт Шариф Саид.

Намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Сӯфиев ба ҳозирин дар бораи афзалиятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон маълумот дода, таъкид намуд, ки аксар маҳсулоти корхонаҳои дар ин минтақаҳо истеҳсолшуда барои содирот пешбинӣ шудаанд. Аммо дар минтақаҳои иқтисодии мавҷуда алҳол соҳибкорони қазоқ ҳузур надоранд. Ҳамоиши мазкур шояд барои ҷалби онҳо ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ таконе бахшад.

Директор оид ба фурӯши маҳсулоти ширкати «Alageum electric»-и Қазоқистон Акҷол Савранбаев дар бораи ин ширкати бузургтарини электротехникии  мамлакат маълумот дода, гуфт, ки муассисаи  мазкур дорои 12 корхона  дар шаҳрҳои Кентав, Шимкент, Алма-ато, Туркистон, Қизилорда, Уралск, Оқтов ва Остона мебошад. Ширкат дар бунёди зеристгоҳҳои барқӣ ва кашидани хатҳои баландшиддати барқӣ машҳур буда, трансформатор ва дигар маҳсулоти электротехникӣ истеҳсол мекунад.

Аз Қазоқистон дар ҳамоиш намояндагони 30 ширкат иштирок карданд.

С. СУННАТӢ,  «Садои мардум»