Ҳамоиши стамотологҳо дар Рашт

№ 02.08.2016

 Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июли соли 2016 дар маркази ноҳияи Рашт- шаҳраки Ғарм конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами стомотология дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ» баргузор гардид.

Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қаноатшо Холиқ ифтитоҳ намуд. Зикр гашт, ки соҳаи стомотолгия дар ноҳияи Рашт дар солҳои охир ба дастовардҳои хуб ноил гаштааст. Агар солҳои охири Ҳукумати Шӯравӣ дар беморхонаҳои ноҳия ҳамагӣ 3-4 нафар  дандонпизишк ба аҳолӣ хизмат менамуд, шумораи онҳо имрӯз ба 23 нафар расидааст.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимов дар суханрониаш мухтасар оид ба дастовардҳои илми тиб дар кишвар сухан гуфт.

М. Қосимов, — директори Пажуҳишгоҳи илмию клиникии стомотология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй дар мавзӯи «Вазъи соҳаи стомотология дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ», С. Бандаев, — мудири кафедраи тибби оилавии Донишгоҳи давлатии тиббиӣ Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар мавзӯи «Ҳамоҳангсозии фаъолияти хизмати стомотологӣ ва тибби оилавӣ дар сатҳи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ» ва боз чанд тан аз мутахассисони соҳибтаҷриба дар мавзӯъҳои гуногуни марбут ба стомотолгия андешаронӣ карданд.

Дар конфронс 147 мутахассис аз тамоми навоҳии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Ҳамрадиф бо ин, бо сарварии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимов корвони саломатӣ вориди шаҳраки Ғарм шуд, ки ба ҳайати он 70 нафар мутахассиси варзида ва маъруф шомил буданд.

Мутахассисон дар беморхонаи марказӣ давоми рӯз беш аз 2000 сокини ноҳияро аз ташхис гузаронда, 10 нафар беморро ҷарроҳӣ намуданд.

 

Диловари МИРЗО, Садои мардум