Ҷамшед Ҷумъахонзода раиси Палатаи савдо ва саноат интихоб шуд

№146 (3940) 04.12.2018

Бисту ҳаштуми ноябри соли равон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикис­тон ба номи Акашариф Ҷӯраев Анҷумани 7-уми Палатаи савдо ва саноати Тоҷикис­тон баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода, намояндагони дигар вазорату идораҳо, созмонҳои хориҷӣ иштирок доштанд.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид зимни суханронӣ зикр кард, ки солҳои 2014-2018 палата 629 ҷаласаи шӯро, раёсат, маҷлисҳои умумӣ ва назоратӣ гузаронид. Он узви 12 ташкилоти байналмилалӣ, аз ҷумла, палатаҳои ҷаҳонӣ, исломӣ, аврупоӣ, давлатҳои минтақаи уқёнуси Ором, аъзои ЭКО, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Бюрои намоишгоҳҳои байналхалқӣ, Иттифоқи байналхалқии саноатчиён ва соҳибкорон, Шӯрои байнидавлатии фаъолияти намоишгоҳӣ ва ярмаркавии Кумитаи иҷроияи ИДМ, Шӯрои роҳбарони палатаҳои савдо ва саноати давлатҳои ИДМ, Палатаи байналхалқии савдои «Роҳи бузурги абрешим» ва Алянси иқтисодии «Роҳи бузурги абрешим» мебошад ва дар давраи зикршуда 233 субъекти хоҷагидору соҳибкоронро муттаҳид намудааст.

Дар хотима вакилони анҷуман Ҷамшед Ҷумъахонзодаро, ки ба ҳайси директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекард, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»