Аз фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

Ҳар қитъаи замин ҳосил медиҳад, танҳо меҳнат лозим аст

№86-87 (3387-3388) 25.06.2015

баЗаминҳои ҳудуди деҳоти «Ҳилолӣ»- и ноҳияи Хуросон 2007 гектарро ташкил медиҳанд.  Мардуми он асосан ба  кишоварзӣ машғуланд. Аз суҳбат бо раиси Ҷамоати деҳоти «Ҳилолӣ» Рустам Қодиров маълум шуд, ки  188 хоҷагии деҳқонӣ вобаста бо шароиту имконият зироатҳои гуногуни кишоварзӣ парвариш менамоянд.

Онҳо фаъолияти худро мувофиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» ба роҳ мондаанд.

Вақтҳои охир деҳқонон ба парвариши пахта рӯ овардаанд, ки  фоидаи бештар дорад. Имсол масоҳати кишти пахта 1400 гектарро ташкил додааст, ки баробар ба  нисфи майдони кишти ҳудуди деҳот мебошад. Бисёр хоҷагиҳои деҳқонӣ дар парвариши ин зироат таҷрибаи бой доранд. Порсол хоҷагиҳои деҳқонии «Бобои Равшанқул» (роҳбараш Қурбоналӣ Ҳасанов), «Раҷаб» (роҳбараш Толиб Раҷабов), «Аламшоҳ» (роҳбараш  Гулмаҳмад Шарифов) аз ҳар гектар 40- 45 сентнерӣ ҳосили пахта  гирифта, даромади зиёд ба даст оварданд.

Дар ҳудуди ноҳия заминҳои аз гардишмондаро дубора мавриди истифода қарор медиҳанд. Чунончӣ, дар майдони бештар аз 50 гектар хоҷагии деҳқонии «Асадулло» боғҳои  интенсивӣ бунёд намудааст. Акнун дар ин қитъаҳо, ки шӯразору беҳосил буданд, ниҳолҳои себу олу  нашъунамо доранд. Чунин дигаргунӣ дар усули хоҷагидорӣ собит месозад, ки аз тамоми заминҳои ин минтақа ҳосили хуби зироатҳои гуногун гирифтан мумкин аст. Деҳқонон зимни суҳбат иброз доштанд, ки барои расидан ба ин ҳадаф танҳо меҳнат кардан лозим меояд.

Дар ҳудуди деҳоти «Ҳилолӣ» сохта, ба истифода додани корхонаи  нави коркарди пахтаи «Водии заррин» ва хоҷагии зотпарварии «Саодат» ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти  кишоварзӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуданд.

Солҳои охир дар ҳудуди деҳоти «Ҳилолӣ» бо сармоягузории давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ чандин  биноҳои таълимӣ ва тандурустӣ сохта шуданд. Чунончӣ, порсол бинои таълимӣ иборат аз ҳашт синфхона дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38, бинои таълимӣ дар деҳаи Ҷомӣ барои 450 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло дар ҳудуди деҳоти мазкур 11 мактаб, ду беморхона, ҳашт бунгоҳи тиббӣ фаъолият доранд.

Дар корҳои ободонию созандагӣ низ  саҳми соҳибкорони маҳаллӣ зиёд аст. Аз ҳисоби маблағи онҳо роҳҳои байни деҳот  сангфарш карда шуданд. Бо дастгирии онҳо соли ҷорӣ, ки Соли оила эълон шудааст, тӯйи  суннатии ҳафт кӯдак ва як ҷуфт арӯсу домод барпо шуд.

Ҷамоати деҳот дар доираи муқаррароти  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, ободонӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо диққати ҷиддӣ медиҳад. Доир ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҳисоби вакилони Ҷамоат, зиёиён, шахсони обруманд комиссия таъсис дода шудааст. Аъзои комиссия дар муассисаҳои таълимӣ суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд. Фаъолияти комиссияҳо дар маҷлиси Ҷамоат мавриди муҳокима қарор мегиранд.

Натиҷаи андешидани чунин чорабиниҳо буд, ки давоми сол зимни баргузории ҷашну маросимҳо қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашуд.

Корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ, бахусус ҷалби духтарон ба таҳсил хуб ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба ташкили даъват ба хизмати ҳарбӣ ва дигар чорабиниҳо  раиси Ҷамоати деҳоти «Ҳилолӣ» Рустам Қодиров гуфт, ки  нақшаи даъват ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ пеш аз муҳлат иҷро шуд. Ҳоло аз деҳоти «Ҳилолӣ» 40 нафар дар қисмҳои низомӣ хизмат карда истодаанд.

Ба қарибӣ аз номи командири қисми низомӣ ба номи падару модари хизматчии ҳарбӣ Комилҷон Менглибоев сипоснома омад. Ин боиси хурсандии волидайн, омӯзгорону хонандагон гашт. Рафтори намунавии сарбоз дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон  таъсири мусбӣ мегузорад. Бисёр ҷавонон хоҳиш доранд, ки мисли ҳамдеҳаашон хизмати ҳарбиро содиқона ба ҷо оранд.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки сокинони деҳоти «Ҳилолӣ» бо истифода аз таҷрибаи пешқадами кишоварзӣ, имкону шароити мусоид баҳри ободии кишвар фаъолият доранд.

М. Аъзам, «Садои мардум»