Атласи тоҷик ҳам Хитойӣ мегардад?

№103 (3740) 28.08.2017

DSC_0420Корхонаи замоне машҳури «Тоҷикатлас» ҳанӯз соли 1937 ҳамчун артели «Ватан» таъсис ёфта,  чанд маротиба тағйири ном кардааст. Соли 1972 онро ба иттиҳодияи истеҳсолӣ табдил доданд, ки 3 фабрикаи шоҳибофиро муттаҳид менамуд ва дар як сол 1800 ҳазор метр матоъ истеҳсол мекард (Энсиклопедияи Душанбе, с. 2004, саҳ. 494). Соли равон «Тоҷикатлас» метавонист ҷашни 80-солагиашро таҷлил намояд. Мутаассифона, имрӯз касеро ба ин коргоҳ ва чунин ҷашн коре нест. Ҳама онро фаромӯш кардаем, ҳол он ки солҳои зиёд бо номи он ва маҳсулоти милливу беназираш, ки машҳури ҷаҳон гардида буд, ифтихор мекардем.

Дар боби манфиати наху матои абрешимӣ, зебоиву рангҳои мафтункунандаи атлас, ки воқеан ҳам бонувони тоҷикро ба назар хубтар ҷилва медод, чизе намегӯем, фақат ҳамин байтро ёдовар мешавем:

Танашро дода бо пероҳани абрешимин оро,

Гумон созӣ, ки гул дар барги гул печида меояд…

Вале наметавонем ба хотир наорем, ки замоне атласи «Тоҷикатлас» дар намоишгоҳу ярмаркаҳои байналмилалӣ баҳои баланд гирифта, ҳамаро мафтун менамуд. Аз ҷумла, навъ­ҳои атласи «Тоҷикистон», «Намози шом» ва «Хосиятхон» дар ярмаркаи байналмилалии Лейптсиг (Олмон) ва дар шаҳри Пловдив (Болгария) сазовори медали тилло гардида буд.

Мутахассиси соҳа, пешқадами истеҳсолот Бозорой Аҳмадоваро  қариб дар тамоми дунё мешинохтанд. Ҳар хориҷие, ки ба Тоҷикистон  меомад, ба куртаҳои атласи бонувони тоҷик ҳатман таваҷҷуҳ зоҳир мекард. Вале имрӯз дари собиқ Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикатлас» баста аст. Аз паси панҷараи деворҳо манзараи ҳузнангез ба чашм мерасад. Гирду атроф пур аз баргу коғазпораҳо.

Чанд сол қабл коргоҳ фаъол буду бархе умед доштанд, ки аз нав эҳё мегардад.

Соли 1996 иттиҳодияи истеҳсолии мазкур тағйири шакл намуд. Вале ҳанӯз мутахассисон пароканда нагашта буданд. Ба хотири нигоҳ доштани истеҳсолот соли 2000-ум сехи истеҳсоли матоъҳои пахтагин низ кушода шуд. Соли 2002 бошад, «Тоҷикатлас» яке аз муассисони Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам –«ВТ-Роҳи абрешим» гардид, ки  ҳадафи он коркарди нахи пилла то дараҷаи матоъҳои тайёри миллӣ буд. Дар ҳамон айём сехҳои тайёрӣ, ресандагӣ, тортанӣ, пилтаресӣ, рангрезӣ ва бофандагӣ кор мекарданд. Намудҳои нави атлас ба вуҷуд омада буд. Соли 2003 истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои бадеии миллӣ ба роҳ монда шуд. Имрӯз чунин хулоса бармеояд, ки ин тадбирҳо барҳадар рафтаанд. Корхона аз кор монда, коргарон пароканда шуданд.Тибқи маълумоти корманди масъули Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ Шоҳин Ҷумъаев, корхона замоне аз феҳрис­ти корхонаҳои ноҳия бароварда, дертар гӯё боз баргардонида шудааст. Муддате онро ба хонаи кадом мамлакате табдил додаанд. Баъдан, гӯё касе онро хусусӣ кардааст. — Вале ин маълумот низ дақиқ нест,- мегӯяд Ш. Ҷумъаев.

Хуб дар хотир дорем, ки баҳори соли равон, хусусан, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи ҷаҳонӣ, на танҳо донишҷӯёну мактабиён ва устодони онҳо, балки духтаракони муассисаҳои томактабӣ низ бо шавқу ҳавас ва ифтихор куртаҳои атлас ба бар карда буданд. Шаҳри зебои мо ба назар боз ҳам зеботар  ҷилва менамуд. Вале бо сабаби камчинии атлас нархи он якбора хеле боло рафт. Мегӯянд, ки тоҷирон қисми зиёди ин атласро аз Хитой овардаанд. Атласи тоҷикӣ аз Хитой!? Магар айб нест?

Бале, имрӯз корхонаи «Хуҷандатлас» фаъол асту атласҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ истеҳсол менамояд. Бархе аз соҳибкорон  истеҳсоли намудҳои гуногуни атласро дар хонаҳои худ ба роҳ мондаанд. Вале ин талаботи рӯзафзуни бонувони моро ба ин матои тоҷикии хитойишаванда қонеъ намуда наметавонад. Аз ин рӯ, ҳоло ки дер нашудааст, яъне бинои корхонаи собиқи «Тоҷикатлас» хароб  нагардидааст, ҳатто шояд дастгоҳҳояш низ мавҷуд бошанд ва муҳимтар аз ҳама, ҳанӯз бархе аз мутахассисони соҳа дар қайди ҳаётанд, зарур аст, ки ин корхона аз нав барқарор гардад. Барқарор намудани фаъолияти корхонаи истеҳсоли атлас на танҳо ҳазорон нафарро ба ҷойи кор таъмин менамояд, балки ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ, ки яке аз соҳаҳои басо муҳим ва муфид барои сокинони деҳоти кишвар аст, мусоидат хоҳад кард.

Мо — тоҷикон, ки атласро матои миллии хеш медонем, айб аст, ки онро аз Хитой харидорӣ намоем. Меандешам, ки ояндагон моро намебахшанд, агар рӯзе атлас, воқеан ҳам, матои хитойӣ гардад.

Н.НИЗОМӢ,

«Садои мардум»