Муҳоҷирати меҳнатӣ

Авфи Вазорати корҳои дохилии Россия ба муҳоҷирон

№ 14.10.2021

Моҳи май Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар бораи норасоии қувваи корӣ дар баъзе аз соҳаҳои хоҷагии ҳалқи мамлакат сухан ронда, таъкид намуд, ки ҳукумати Россия бобати рафъи ҳолати бавуҷудомада бояд чораҳои амалиро роҳандозӣ намояд. Ҳар хабару ҳисоботи тоза дар бораи вазъи кор дар соҳаҳои ҳоҷагии ҳалқи Россия дурустии суханони ӯро собит менамояд. Масалан, даҳаи аввали моҳи сентябр шаҳрдории Москва эълом дошт, ки танҳо дар соҳаи сохтмони пойтахт норасоии қувваи кор 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳол он ки, тибқи нақша, то соли 2024 ба мамлакат, дар маҷмӯъ, ба миқдори панҷ миллион муҳоҷири меҳнатиро ҷалб кардан зарур аст. Яке аз чораҳои аввалин дар роҳи рафъи мушкил авфи 300 ҳазор нафар муҳоҷир аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон (150 ҳазор нафарӣ аз ҳар ду ҷумҳурӣ) гардид, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия аз мамлакат ронда шуда буданд. Дар ин бора 8 октябри соли ҷорӣ президенти Федератсияи муҳоҷирони Россия Вадим Коженов эълом намуд. Ӯ гуфт, ки авф танҳо нисбат ба онҳое татбиқ  мегардад, ки бо қарори ВКД-и Федератсияи Россия аз кишвар ронда шудаанд. Нисбат ба онҳое, ки бо ҳукми суд ронда шудаанд, авф татбиқ карда намешавад.

Зикр гардид, ки рӯйхати авфшудагон ҳанӯз 18 август аз сомонаи ВКД хориҷ карда шудааст. Бинобар ин, муҳоҷирони меҳнатии аз ҷониби ВКД-и Россия рондашудае, ки барои кор ба ин мамлакат баргаштан мехоҳанд, барои муайян намудан метавонанд ба сомонаи мазкур дархост фиристанд,

-Ба касе эътимод накунед. Ба сомона худ дархост фиристед ва маълумоти дақиқ бигиред,- таъкид менамояд В.Коженов

Бояд қайд намуд, ки қаблан, дар тӯли шаш моҳи аввали соли равон ба 99 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ иҷозати вуруд ба Федератсияи Россия дода нашуда буд. Айни ҳол бошад, тибқи маълумоти сардори Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Федератсияи Россия генерал-лейтенант Валентина Казакова, то ибтидои моҳи октябр дар Россия наздик ба 7 млн. муҳоҷир ҳузур дошт, ки ҳузури қисми хеле ночизи онҳо ғайриқонунист. Он муҳоҷирони меҳнатиро, ки то 30 сентябр ба қайд гузошта нашудаанд, зарур аст то 30 декабри ҳамин сол  будубошро дар мамлакат қонунӣ намоянд.

Н.НИЗОМӢ,

«Садои мардум»