Ҷавонон неруи пешбаранда буданро бояд дар кор нишон диҳанд

№38-39 (4144-4145) 31.03.2020

Агар ба дурнамои рушди давлатдорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем, маълум мешавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони мамлакатро ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи муқтадири ҷомеа эътироф намудааст.

 Аз ин рӯ, ҷавонон бояд неруи пешбаранда, ворисони арзандаи миллату давлат буданро дар кор нишон диҳанд.

Табиист, ки барои расидан ба ин аҳдоф дониши қавӣ, ақлу заковат, истеъдоду малакаи фитрӣ, ташаб­бускорӣ, иқдомҳои созандаву бунёдкорона ва касбу ҳунари ҷавонон нақши муҳим доранд.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки дар маркази таваҷҷуҳи ҷавонони хушиқбол қарор гирифтааст, ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат мебошад.

Шоҳиди ҳол будем, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат мушкили асосӣ нарасидани қувваи барқ ба ҳисоб мерафт ва аҳолӣ аз моҳи сентябр то апрел бо реҷаи муайян бо барқ таъмин мешуд. Ҷиҳати бартараф намудани ин ҳолати ногувор дар кишвар тад­риҷан ду неругоҳи бузурги барқи обӣ ва даҳҳо неругоҳи хурд бунёд гардид. Мавриди истифода қарор додани ду агрегати НБО-и «Роғун» дастоварди арзанда дар даврони истиқлолият ба ҳисоб меравад.

14 январи соли 2017 бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон маҳдудияти интиқоли қувваи барқ пурра барҳам хӯрду аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ 24 соат бо қувваи барқ таъмин шуданд.

Ин иқдом дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа, ба ҷавонон имкон дод, ки фаъолиятро хуб ба роҳ монанд.

Аз он бояд ёдовар шавем, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (соли 2019), чун паёмҳои қаблӣ бо самимияти хоса ва саршор аз меҳру муҳаббат нисбат ба насли ҷавон мулоҳизаронӣ шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар кишвар 10 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият дорад. Тайи солҳои 2011-2018-ум 2200 иншооти соҳаи варзиш бунёд ва 1059 адад таъмиру таҷдид гардид. Илова бар ин, соли гузаш­та 358 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, зиёда аз 200 адад дар пойтахти кишвар, сохта шуд. Бегуфтугӯ, чунин пешравӣ дар соҳа ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим нақши муассир мегузорад.

Бо мақсади баланд бардоштани нақши ҷавонон дар рушди илму техника ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод шуд, ки солҳои 2020 -2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шавад.

Лозим ба ёдоварист, ки барои рушди соҳа аз тарафи парламент ва Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои муҳими давлатӣ қабул гардидаанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон то соли 2020» ва аз ҷумлаи онҳост.

Ҳадафи асосии санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур, фароҳам овардани шароити мусоид ва имконоти фарох ҷиҳати иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ, болоравии эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, таҳсили муносиб, таҳкими фарҳанги оиладорӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва тарзи ҳаёти солими ҷавонон мебошад.

Дар радифи пешравиҳо, ҷавонон бо баъзе проблемаҳое низ мувоҷеҳанд, ки доман паҳн кардани онҳо ба самаранокии фаъолияташон монеа эҷод мекунад. Аз ҷумла, хурӯҷи вируси норасоии масунияти одам, нашъамандӣ, сил ва бемориҳои ҷинсӣ дар байни ҷавонон метавонанд ба генофонди миллат таъсири манфӣ расонанд. Ба назари мо барои доман паҳн накардани бемориҳои номбурда дар байни ҷавонон масъалаҳои зерин бояд мадди назар бошанд:

- фароҳам овардани шароит барои ташаббускории ҷавонон;

- фароҳамсозии имконият ҷиҳати таҳсили иловагӣ;

- ташаккули низоми хизматрасонии иҷтимоӣ ва машваратӣ, васеъ гардонидани шабакаҳои хадамоти иҷтимоӣ, интихоби самтҳои пешбурди зиндагӣ ва мутоқибат ба ҷомеа;

- коркарди роҳу усули нави таъмин намудан бо ҷойи кор барои ҷавонон бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ;

- баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷавонон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, русӣ ва англисӣ, эмин будан аз шомилшавӣ ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ.

Айни замон таҳия ва амалисозии механизми муосири муқовимат бо хурофотпарастӣ, тундгароӣ, терроризму экстремизм дар байни ҷавонон аз масъалаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб мераванд.

Доман паҳн кардани ин зуҳурот ба болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон оварда мерасонад. Аз ин хотир, зарур аст, ки ҷиҳати паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ аз усулҳои зерин истифода барем:

1. Баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии иқтисодии ҷавонон ва ҳавасманд гардонидани онҳо барои амалисозии барномаҳои гуногуни соҳибкорӣ

2. Мусоидат ба ташкили хоҷагӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ бо дастрасии қарзҳои бонкӣ

3. Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, тарғиби худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии онҳо

4. Таҳкими имкониятҳо ва ба таври самарабахш амалӣ сохтани барномаи ихтиёриёни ҷавон дар самти ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани ҷавонон ва ҳавасмандгардонии сарбозони ихтиёрӣ

5.Таҳия ва амалисозии барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, ахлоқӣ, худшиносӣ, фароғатӣ ва бадеӣ дар шакли озмун ва дигар чорабиниҳо.

Мутаассифона, то кунун мо дар растаю кӯчаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ҷавононе вомехӯрем, ки ба либос ва фарҳанги ғайр тақлид мекунанд.

Бо мақсади аз байн бурдани ин зуҳурот андешаҳо зиёданд, вале, дар маҷмӯъ, барои аз байн бурдани он ҷавонони кишвар бояд тавассути таълифоти илмӣ, такмили малака ва ташаккули неруи зеҳнӣ саҳмгузор бошанд.

Муминшо ХУРРАМЗОДА,

мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун