Сафаре, ки таассуроташ ба пешрафти соҳа мусоидат менамояд
«Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад. Вобаста ба ин, зарур аст, ки бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳар чӣ бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода шавад».
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад ва дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ ба таъсиси минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ мекушад». Таъкид шуд, ки Ҳукумати мамлакат якҷо бо вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳар чӣ бештари сармоя ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқатро таъмин намоянд.
Президенти кишвар рушди сайёҳии дохилӣ ва хориҷиро яке аз сарчашмаҳои асосии таъсиси ҷойҳои нави корӣ эълон карда, омода ва таъмин намудани кадрҳои болаёқат дар ин соҳаро яке аз шартҳои зарурӣ медонанд. Дар ин бобат нуктаи дигари муҳими Паём таъсиси минтақаҳои туристӣ мебошад.
Як гӯшаи зебои Тоҷикистони азиз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки ҷаҳониён онро аксаран бо унвони Помир ёд мекунанд. Кӯҳҳои баланд, обҳои мусаффо, пиряхҳои бузург, рӯдҳои пуршӯри кӯҳӣ, ҳайвоноти нодир, вуҷуди забонҳои мутааддид ва қадимаи ҳиндуаврупоӣ, фарҳанги қадимаи тоҷикон дар ин макон, обу ҳавои тоза таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳон ва ҷаҳонгардонро ба худ ҷалб кардааст.
- Бояд гуфт, ки бо дарназардошти табиати нотакрор, кӯҳу қуллаҳои осмонбӯс ва мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ тараққӣ додани сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти вилоят ба ҳисоб меравад.
… Бадахшон бо кӯҳҳои зебоманзар ва ҷойҳои таърихиву табиати нотакрори худ ҳамчун яке аз мавзеъҳои нодири сайёҳиву кӯҳнавардӣ, шикор ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш дар ҷаҳон эътироф гардидааст, — гуфта буданд Пешвои миллат зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 10 октябри соли 2013 дар шаҳри Хоруғ.
26 июни соли 2016 зимни ифтитоҳи бинои Маркази эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди туризм дар ВМКБ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таъкид доштанд, ки барои фаъолияти пурсамари мутахассисон дар бахши сайёҳӣ ва соҳибкорӣ шароити хуби корӣ муҳайё гардидааст.
Яке аз муаллифони ин сатрҳо, ки дар маросими ифтитоҳи марказ ширкат дошт, шоҳиди ҳол аст, ки Президенти кишвар ба кормандони соҳаи сайёҳии вилоят, ризокорон ё волонтёрон, ҷавонони ташаббускор рӯ оварда, қабл аз ҳама, таъкид бар он доштанд, ки соҳаи сайёҳӣ дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон, ки марзҳои СССР аз ин ҷо мегузаштанд, махсус рушд дода намешуд. Ҳоло он яке аз самтҳои асосӣ ва стратегии иқтисодиёти кишвар маҳсуб шуда, дар иқтисодиёти Тоҷикистон асосан соҳаи нав аст. Бинобар ин, соҳаи мазкур ба кадрҳои замонавӣ, донишманд ва қобил ниёз дорад.
Кормандон ва ризокорони Ассотсиатсияи сайёҳии экологиву фарҳангии Помир (АСЭФП), ки яке аз созмонҳои бузургтарини соҳаи сайёҳӣ ва ҷаҳонгардӣ дар қаламрави ВМКБ мебошад, суханони Президенти кишварро сармашқи кори худ карда, барои таъмини соҳа бо кадрҳои кордон ҷидду ҷаҳд доранд.
Ба ақидаи раиси иҷроияи АСЭФП Асадшо Зоолшоев, азбаски туризм барои кишвари мо соҳаи нисбатан нав буда, собиқаи тӯлонӣ надорад, барои кормандони соҳа, қабл аз ҳама, омӯхтани таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои ҷаҳон, ки сайёҳӣ дар иқтисоди онҳо яке аз ҷойҳои асосиро ишғол мекунад, хеле муҳим аст. Аз ин нигоҳ, омӯзишҳои кӯтоҳмуддат ва сафарҳои корӣ метавонанд ба маърифатнокии касбии кормандони соҳа таъсири мусбат ва самаранок расонанд.
Бо ин ҳадаф як гурӯҳ кормандони АСЭФП, намояндагони ширкатҳои туристии ВМКБ иборат аз шаш нафар ба наздикӣ ба шаҳрҳои гуногуни кишварҳои Олмон ва Швейтсария сафар карданд.
Сафари кории ин гурӯҳ бо ду ҳадафи аслӣ анҷом ёфт: омӯхтани таҷрибаи ширкатҳои туристии Олмон ва Швейтсария, шинос кардани ин ширкатҳо бо имконоти мавҷудаи туристии Тоҷикистон, бахусус минтақаи Бадахшон.
Тавре роҳбари гурӯҳ, раиси иҷроияи созмони АСЭФП Асадшо Зоолшоев иттилоъ дод, зимни сафар ҳайати онҳо ба ду зергурӯҳ ҷудо шуда, шаҳрҳои Венигерод, Берлин, Дрезден, Гамбург, Сюрих, Штутгард, Женеваро тамошо ва бо кормандони ширкатҳои туристӣ вохӯрӣ баргузор карданд.
- Аксари ширкатҳое, ки моро пазируфтанд, ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ буданд, -мегӯяд яке аз аъзои ин гурӯҳ Сафина Шоҳайдарова. -Туризм дар ин ду кишвар ҳақиқатан ҳам ба сатҳи олӣ расидааст. Ҳар сол онҳо аз туризми хориҷӣ ва дохилӣ миллионҳо евро ба даст меоранд. Рушди туризм дар ин кишварҳо зери назари мақомоти давлатӣ қарор дорад ва ширкатҳо аз ҷониби давлат дастгирии ҳуқуқӣ ва молӣ меёбанд. Барои ман хусусан ташриф ба ширкатҳои ҷаҳонии «Диамир», «Глоба Тротэ» ва BMZ хеле ҷолиб буд. Мо аз суҳбатҳои кормандон ва мутахассисони ин ширкатҳо иттилооти зиёд гирифтем.
- Тавонистем дар шаҳрҳои Берлин, Дрезден, Мюнхен, Гамбург ва Ашерслебен аудиторияҳои калонро ҷамъ карда, ба онҳо дар бораи имконоти туристии Тоҷикистон рӯнамоиҳо (презентатсияҳо)-и зиёде анҷом диҳем. Эҳсос кардам, ки шавқмандони дидани кишвари мо дар ин мамлакатҳо зиёд аст. Вале, афсӯс, дар бораи Тоҷикистон дар ин мамлакатҳо хеле кам медонанд. Бисёриҳо ҳатто гумон мекунанд, ки Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дар гирдоби ҷанги шаҳрвандист, - мегӯяд Асадшо Зоолшоев. — Зимни сафар мо тавонистем, ки бо якчанд ширкати тиҷоратӣ барои фиристодани сайёҳон ба Тоҷикистон шартнома бубандем.
Ҳайати таҷрибаомӯзи тоҷикро Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Маликшо Неъматов ба ҳузур пазируфта, барои онҳо имконият фароҳам овард, ки бо дӯстони Тоҷикистон масъулон ва намояндагони ширкатҳои бахши туризм дар Олмон суҳбат ва нишастҳои судовар дошта бошанд.
Сафири Тоҷикистон дар ин вохӯриҳо дар бораи нақши созмони АСЭФП ва бори аввал ташкил кардани ширкати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи сайёҳии Берлин, ки ҳар сол бо иштироки ширкатҳои туристии тамоми ҷаҳон баргузор мешавад, ёдрас шуда, ба мутахассисони олмонӣ дар соҳаи рушди туризм, ки ба ҳайси мушовир дар Тоҷикистон фаъолият мебаранд, изҳори сипос намуд. Дар Сафорати Тоҷикистон дар Олмон Асадшо Зоолшоев дар назди 60 нафар ширкаткунанда имконоти сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ кард.
Таҷрибаомӯзон зимни сафари омӯзишии худ бо қабули сайёҳон дар майдонҳои ҳавоӣ, хидматрасонӣ бо мошин, тарзи роҳбаладӣ, усули кори меҳмонхонаҳо ошно гардиданд.
Тавре Малика Хоразмшоева, яке аз ширкаткунадагони дигари таҷрибаомӯзӣ, ки касби роҳбаладиро пеша кардааст, изҳор дошт, «дар кишвари Олмон давлат ҳамасола барои рушди бемайлони сайёҳӣ ба ширкатҳо пул ҷудо ва сари вақт барои аз байн бурдани монеаҳо, ки ба фаъолияти соҳаи сайёҳӣ халал мерасонанд, ҳиссагузорӣ мекунад».
Таҷрибаи дигари хуби ин кишварҳо фаъолияти шӯроҳои сайёҳӣ дар минтақаҳо мебошад, ки аз ҷумлаи кормандони ширкатҳои туристӣ, иқтисоддонҳо, олимон, рӯзноманигорон таъсис шудаанд. Ин шӯроҳо мунтазам вохӯриҳо баргузор карда, пешравию норасоиҳои соҳаи туристӣ дар маҳалро таҳлил ва баррасӣ мекунанд.
Сафари мазкур бо кумаки молиявии GIZ (Созмони ҳамкории Олмон) ва SDC (Оҷонсии кумаки Швейтсария) сурат гирифт. Асадшо Зоолшоев мегӯяд, ки масъалаҳои дигари зиёди ҷолиб, ки зимни сафар ба ин кишварҳо мушоҳида шуд, ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод хоҳад гардид.
Сайфиддин СУННАТӣ, Қурбон АЛАМШОЕВ