Аз нишастҳои матбуоти

№12 (3158) 05.02.2014

Ошкорнамоии ҷиноятҳо беҳтар шудааст

Соли 2013 дар ҷумҳурӣ 18336 ҷиноят ба қайд гирифта шуда буд, ки нисбат ба соли 2012-ум 1743 ҳолат зиёд мебошад. Сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо 87 фоизро ташкил медиҳад.

Дараҷаи ошкор сохтани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили куштор, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, роҳзанӣ, авбошӣ ва қаллобӣ беҳтар гардидааст. Дар ин давра 14 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ бо аъзогии 118 нафар муайян ва дастгир карда шуд, ки дар содир намудани 91 ҷинояти махсусан вазнин, аз ҷумла ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ, бандитизм, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, террористӣ ва ғайра даст доштанд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯйӣ ва амалиётҳои махсус 48 нафар узви ташкилотҳои террористӣ, аз ҷумла 31 нафар аз ташкилоти Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, 17 нафар аз ташкилоти «Ансоруллоҳ» ва шаш нафар узви дастаи Абдулло Раҳимов, ки 12 ҷиноят содир кардаанд, муайяну дастгир шуданд. Аз ҷумлаи ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта 1333 нафар боздошт ва 614 нафар шахсони беному нишон гумшуда муайян шуданд.

Аз тарафи мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ соли 2013 дар ҷумҳурӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор 6 тоннаву 686 кило маводи мухаддир мусодира шуд, ки 484 килои он маводи сахттаъсири героин мебошад.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯйӣ ва ҳамкории самаранок бо аҳолӣ 1080 адад силоҳи оташфишон мусодира гардид. Аз соли 1994 то соли 2013 ҷамъи умумии силоҳҳои мусодирагардида 36 ҳазору 451 ададро ташкил медиҳад.

Соли сипаригашта дар ҷумҳурӣ зиёда аз як миллион қоидавайронкунӣ дар роҳҳо ва 1466 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2012- ум 85 ҳолат, аз он ҷумла садамаҳои нақлиётие, ки боиси марги одамон гардидаанд, 20 ҳолат, шумораи ҳалокшудагон 30 нафар ва маҷруҳшудагон 78 нафар зиёд мебошад. Дар ин давра 1330 ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки маблағи зарар 15 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Муовини аввали вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Бузмаков доир ба ин ва дигар паҳлуҳои фаъолияти мақомот гузориш дод.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

 Ошкоргӯйии раис ва ноогоҳии бархе журналистон

Нишастҳои матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз лиҳози тарзи баргузорӣ ва муносибати масъулинаш бо журналистон, дар муқоиса бо нишастҳои матбуотии дигар сохторҳо, бамаротиб хубтар аст. Чунин хулосабарорӣ самараи мушоҳидаи якдафъаина набуда, дар заминаи иштирок дар онҳо ва муқоиса бо нишастҳои матбуотии дигар ба вуҷуд омадааст.

Раиси кумитаи фавқуззикр Абдувалӣ Комилов дар ҳама нишастҳо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки муносибати озод миёни масъулини кумита ва журналистон роиҷ бошаду онҳо ба саволҳои хеш посухҳои қаноатбахш гиранд.

Иттилоъ гирифтем, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ масоҳати  умумии манзилҳои истиқоматии бунёдгардида 975 ҳазору 656 метри мураббаро ташкил додааст. Иҷрои корҳои сохтмониву васлгарӣ дар ин давра, бино ба гуфти масъулин, ба 4 миллиарду 928 миллиону 377 ҳазор сомонӣ баробар аст. Давоми  муҳлати зикршуда барои 15 ҳазору 575 талаба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, барои қабули 2120 нафар дармонгоҳ ва беморхонаҳо бо фарогирии 521 кат мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Айни замон аз 65 шаҳру ноҳияи кишвар Нақшаи генералии 36 шаҳру ноҳия таҳия гардидааст.

То ба имрӯз дар пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашии кумита таҳия ва тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳрҳои Панҷакент, Қайроққум, ноҳияҳои Бохтар, А.Ҷомӣ , Восеъ ва Ғончӣ ҷараён дорад.

Нақшаҳои генералии шаҳри Истиқлол, ноҳияҳои Темурмалик, Ҷ.Румӣ, Дарвоз, Вахш, Спитамен, Муъминобод, Ванҷ, шаҳраки С.Исоеви ноҳияи Ҷ.Румӣ пурра ба анҷом расида, дар мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.

Соли гузашта, тибқи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 64 шаҳру ноҳияи мамлакат вобаста ба сифати корҳои сохтмониву васлкунӣ санҷишҳо гузаронида шуданд. Зимни  ин санҷишҳо, ки дар 1314 адад иншоот амалӣ гардид, барои ҷой доштани нуқсонҳо масъулин ба маблағи 310280 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Боиси таассуф буд, ки баъзе журналистоне, ки аз самт ва ҳадафҳои фаъолияти кумита огоҳии комил надоштанд, бо саволҳои соддалавҳонаву ба фаъолияти ин кумита умуман рабтнадоштаашон, худро хандахариш намуданд. Ҳарчанд Абдувалӣ Комилов ин омилро сарфи назар намуда, ба чунин саволҳо низ посух гуфт, вале журналистон ва соҳибрӯзномаҳоро мебояд минбаъд сари ин масъала ҷиддӣ андеша кунанд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»

Манъи қатораҳо дар кишвари ҳамсоя идома дорад

Давоми соли 2013 аз тарафи  воситаҳои ахбори оммаи Федератсия Россия иттилоъ паҳн шуд, ки гӯё дар қатораҳои мусофиркаши Ҷумҳурии Тоҷикистон  шаш ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир ошкор шудааст.  КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» рӯй додани чунин се ҳодисаро тасдиқ намуд ва сетои дигарро рад кард. Вобаста ба ин ҳодисаҳо нисбати роҳбаладони қатораҳое, ки ба ин кор даст доштанд, чораҳои қатъии интизомӣ андешида шудаанд. Дар ин бора 29 январи соли ҷорӣ раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонуллои Ҳукуматулло зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, давоми соли гузашта 58 ҳазор мусофир бо роҳи оҳан ба Федератсияи Россия сафар карданд.

Ҳамзамон дар нишаст зикр шуд, ки алҳол дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тарафи гумрукчиёни ин кишвар нуҳ қатораи Тоҷикистон аз ҳаракат боздошт шудааст. Кишвари ҳамсоя иддао дорад, ки дар қатораҳои мазкур борҳои НБО-и «Роғун» ва мӯзаҳои ҳарбӣ барои сарбозон мавҷуд аст, вале масъулини КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ин иддаои ҷониби Ӯзбекистонро рад карданд.

Илова бар ин, соли 2013 содироти молҳои хоҷагии халқ 536 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2012-ум 77 ҳазор тонна кам мебошад. Воридоти маҳсулот 4 миллиону 108 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки дар қиёс ба соли 2012-ум 544 ҳазор тонна кам аст. Соли 2013 тавассути роҳи оҳан зиёда аз 74 ҳазор тонна бензин, 35 ҳазору 117 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 80 ҳазору 402 тонна гази моеъ ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид шудааст.

Роҳи оҳани Тоҷикистон барои идомаи сохтмони хати нави роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа 50 миллиону 334 ҳазор сомонӣ маблағ харҷ намуда, дар ин роҳ аз оғози сохтмон то имрӯз 197 миллиону 192 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»

 Чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ зиёд буданд

Ректори Донишкадаи санъати  Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Диловар Латипов зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки айни замон дар донишкада 1768 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Аз ин ҳисоб 1092 нафар дар шуъбаҳои рӯзона ва 676 нафар ғоибона таълим мегиранд.  Тибқи Барномаи давлатии омӯзиш ва такмили забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2004-2014 бо ибтикори кафедраи забонҳои хориҷӣ «Ҳафтаи забони русӣ», «Ҳафтаи забони англисӣ» ва «Шаби назм» ташкил ва гузаронида шуд. Дар донишкада тибқи квотаи президентӣ 121 нафар (53 нафар писар, 68 нафар духтар) таҳсил доранд. Инчунин ҳафт нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба курси якуми зинаи магистратура бо ихтисоси фарҳангшиносӣ қабул шуданд.

Донишкадаи мазкур макони асосии тайёркунандаи мутахассисони баландпояи соҳаи фарҳангу санъат ба ҳисоб меравад. Донишҷӯёни курси дуюми шуъбаи мусаввирӣ дар бахши санъати тасвирӣ ва наққошӣ Б.  Боймуродов ва О. Бобомуродов дар  Фестивали байналмилалии «Бозиҳои делфӣ», ки аз 16 то 22 июни соли сипаришуда дар Федератсияи Россия баргузор шуд, ширкат намуда,  соҳиби диплому мукофотҳо гардиданд. Бо мақсади пурзӯр намудани корҳои эҷодию тарбиявӣ соли 2013 зиёда аз 100 чорабинии фарҳангию оммавӣ дар байни донишҷӯён,  ба монанди озмунҳои «Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад», «Навозандаи беҳтарин»  таҳти унвони  «Сози хушу овози хуш»,  озмуни қироати шеър «Байтбараки Наврӯзӣ» ва ғайра доир гаштанд.

 Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»

 Ниятҳои нек ва азми қавии Абдусалом Қурбонов

Усули баргузорӣ ва раванди саволу ҷавоб дар нишасти матбуотӣ бо вазири нави  молияи мамлакат Абдусалом Қурбонов собит намуд, ки номбурда дар ин соҳа шахси тасодуфӣ набуда, аз бурдубохти бахши молияи мамлакат огоҳии комил дорад. Нуктаи муҳим ва ҷолиб он буд, ки ниятҳои номбурда баҳри беҳбудӣ бахшидани вазъи соҳа ва аз байн бурдани хароҷоти бесамар нек буда, азмаш қатъӣ мебошад.

Дар соли 2013 нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусбӣ арзёбӣ гардида, ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ бо афзоиши реалии 7,4 фоиз ба 40,5 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат  ба ҳамин давраи соли гузашта 4,4 млрд.сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 5,3 млрд. доллари амрикоӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 147,1 млн. доллар ё 2,9 фоиз афзоиш ёфтааст.

Меъёри таваррум дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шуда, ба 3,7 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба соли 2012-ум  2,7 банди фоиз кам мебошад.

Дар натиҷаи таъмини идоракунии самараноки молияи давлатӣ, ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 100 фоиз таъмин ва ба он зиёда аз 11,5 млрд.сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати як соли  пеш 1,9 млрд.сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои нақшаи даромади ҷории Буҷети давлатӣ 100,1 фоиз таъмин ва ба буҷет 9,3 млрд. сомонӣ ворид гардидааст.  Дар ҳамин росто, иҷрои Буҷети ҷумҳуриявӣ 100,2 фоиз, буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ ба андозаи 103,0 фоиз ва буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 92,0 фоизи нақшаро ташкил додааст.

Вазири молия аз он нигаронӣ намуд, ки дар соли сипаригашта Буҷети давлатӣ аз рӯйи се намуди андоз ба маблағи 129,7 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби андоз аз фурӯш (алюминийи аввалия ва маҳсулоти коркардшуда) 8,4 млн. сомонӣ, аз ҳисоби аксизҳои берунӣ  87,2 млн.сомонӣ  ва воридоти ғайриандозӣ 34,0 млн. сомонӣ таъмин  нагардид.

Дар давраи зикршуда  афзоиши бақияпулиҳои андоз нисбат ба 1 январи соли 2013-ум 241,9 млн. сомониро ташкил дода, ҳаҷми онҳо ба 1 январи соли 2014 ба 882,7 млн. сомонӣ  баробар гардид.

Дар посухи саволҳои хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» бобати раванди низоми ягонаи иттилоотӣ миёни Вазорати молияи мамлакат, БДАТ «Амонатбонк», Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати кишвар, ки бо супориши Президенти мамлакат роҳандозӣ шудааст ва омилҳои коҳиш ёфтани қарзи хориҷии ҷумҳурӣ дар муқоиса ба Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ Абдусалом Қурбонов зикр намуд, ки  низоми фавқуззикр муназзам фаъолият мекунад. Вобаста ба омилҳои коҳиш ёфтани қарзи хориҷии кишвар мавсуф гуфт, ки «кам гардидани ҳаҷми қарзи хориҷӣ  ба афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ва пардохти он дар ҳаҷми 100 миллион доллари ИМА рабт дорад».

Д. Мерганов, «Садои мардум»

 Парвози тайёраҳо бехатар бошад

Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» Анвар Махсудов  зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки баракати кори мо дар нияту амали хайр аст. Мақсади асосии роҳбарият, муназзимону муҳандисон ва дигар коргарони корхона таъмини бехатарии парвози киштиҳои ҳавоӣ мебошад.

Дар соли 2013 пардохтҳои корхона ба Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  беш аз 15 миллион сомониро ташкил  дод, ки нисбат ба соли 2012 дар маҷмӯъ 13,39 фоиз зиёд аст.

Имрӯз КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба 309 ширкати ҳавопаймоии сохторҳои гуногуни ватаниву хориҷӣ хизмат мерасонад. Давоми соли гузашта корхона ба 66073 адад тайёраҳо хизматҳои гуногун пешниҳод намуд.

-Асоси пешрафту фаъолияти пурсамар дар ҳама соҳаҳо ба кадрҳои он вобаста аст. Бахусус дар соҳаи аэронавигатсия бояд мутахассисон дониши махсус ва масъулияти баланд дошта бошанд. Бинобар ин, дар корхона ба таълиму тарбияи ҳирфавии мутахассисон аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

Дар давраи ҳисоботӣ  149 нафар мутахассисон  барои такмили донишу маҳорат аз курсҳои омӯзишӣ гузаштанд. Кормандони мо дар марказу таълимгоҳҳои машҳури Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Чехия, Ҷумҳурии Австрия  ва Маркази таълимии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бозомӯзӣ мекунанд. Алҳол мо ба тармиму азнавсозии Маркази омӯзишӣ шурӯъ кардем, ки дар оянда дар он на танҳо аэронавигаторон, балки кормандони дигар сохторҳои соҳаи авиатсия метавонанд машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронанд. Барои онҳое, ки дар ин марказ ба таълиму омӯзиш фаро гирифта мешаванд, тамоми шароит муҳайё мегардад,- иттилоъ дод А. Махсудов.

 Б. КАРИМЗОДА,  «Садои мардум»

 Манъи қатораҳо дар кишвари ҳамсоя идома дорад

Давоми соли 2013 аз тарафи  воситаҳои ахбори оммаи Федератсия Россия иттилоъ паҳн шуд, ки гӯё дар қатораҳои мусофиркаши Ҷумҳурии Тоҷикистон  шаш ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир ошкор шудааст.  КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» рӯй додани чунин се ҳодисаро тасдиқ намуд ва сетои дигарро рад кард. Вобаста ба ин ҳодисаҳо нисбати роҳбаладони қатораҳое, ки ба ин кор даст доштанд, чораҳои қатъии интизомӣ андешида шудаанд. Дар ин бора 29 январи соли ҷорӣ раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонуллои Ҳукуматулло зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, давоми соли гузашта 58 ҳазор мусофир бо роҳи оҳан ба Федератсияи Россия сафар карданд.

Ҳамзамон дар нишаст зикр шуд, ки алҳол дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тарафи гумрукчиёни ин кишвар нуҳ қатораи Тоҷикистон аз ҳаракат боздошт шудааст. Кишвари ҳамсоя иддао дорад, ки дар қатораҳои мазкур борҳои НБО-и «Роғун» ва мӯзаҳои ҳарбӣ барои сарбозон мавҷуд аст, вале масъулини КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ин иддаои ҷониби Ӯзбекистонро рад карданд.

Илова бар ин, соли 2013 содироти молҳои хоҷагии халқ 536 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2012-ум 77 ҳазор тонна кам мебошад. Воридоти маҳсулот 4 миллиону 108 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки дар қиёс ба соли 2012-ум 544 ҳазор тонна кам аст. Соли 2013 тавассути роҳи оҳан зиёда аз 74 ҳазор тонна бензин, 35 ҳазору 117 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 80 ҳазору 402 тонна гази моеъ ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид шудааст.

Роҳи оҳани Тоҷикистон барои идомаи сохтмони хати нави роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа 50 миллиону 334 ҳазор сомонӣ маблағ харҷ намуда, дар ин роҳ аз оғози сохтмон то имрӯз 197 миллиону 192 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст.

Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»

 Чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ зиёд буданд

Ректори Донишкадаи санъати  Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Диловар Латипов зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки айни замон дар донишкада 1768 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд. Аз ин ҳисоб 1092 нафар дар шуъбаҳои рӯзона ва 676 нафар ғоибона таълим мегиранд.  Тибқи Барномаи давлатии омӯзиш ва такмили забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2004-2014 бо ибтикори кафедраи забонҳои хориҷӣ «Ҳафтаи забони русӣ», «Ҳафтаи забони англисӣ» ва «Шаби назм» ташкил ва гузаронида шуд. Дар донишкада тибқи квотаи президентӣ 121 нафар (53 нафар писар, 68 нафар духтар) таҳсил доранд. Инчунин ҳафт нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба курси якуми зинаи магистратура бо ихтисоси фарҳангшиносӣ қабул шуданд.

Донишкадаи мазкур макони асосии тайёркунандаи мутахассисони баландпояи соҳаи фарҳангу санъат ба ҳисоб меравад. Донишҷӯёни курси дуюми шуъбаи мусаввирӣ дар бахши санъати тасвирӣ ва наққошӣ Б.  Боймуродов ва О. Бобомуродов дар  Фестивали байналмилалии «Бозиҳои делфӣ», ки аз 16 то 22 июни соли сипаришуда дар Федератсияи Россия баргузор шуд, ширкат намуда,  соҳиби диплому мукофотҳо гардиданд. Бо мақсади пурзӯр намудани корҳои эҷодию тарбиявӣ соли 2013 зиёда аз 100 чорабинии фарҳангию оммавӣ дар байни донишҷӯён,  ба монанди озмунҳои «Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад», «Навозандаи беҳтарин»  таҳти унвони  «Сози хушу овози хуш»,  озмуни қироати шеър «Байтбараки Наврӯзӣ» ва ғайра доир гаштанд.

 Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»

 Ба беш аз як миллион мусофир хизмат расонида шуд

Вақте мо барои ширкат дар нишасти матбуотӣ ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омадем, дар ин ҷо муваққатан фурудоӣ ва парвози тайёраҳо, бинобар ҳавои номусоид ва боридани барфи зиёд манъ гардида буд. Роҳбарияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» барои хабарнигорон шароит фароҳам оварданд, то бевосита хати парвозро бубинанд. Дар он ҷо, бо вуҷуди ҳавои сард, кор ҷӯш мезад. Барои тоза кардани хати парвоз техникаи гуногун ва ҳайати кормандон сафарбар шуда буданд.  Ҳамзамон намояндагони воситаҳои ахбори омма имкон пайдо карданд бо рафти сохтмони терминали нав шинос шаванд.

Корҳои асосии бунёди сохтмони терминали нави фурудгоҳ  асосан анҷом ёфтааст.  Ҳоло корҳои алоҳидаи сохтмонӣ ва насбу таҷҳизонӣ дар дохили бино идома дорад. Ёдовар мешавем, ки терминали навро Ширкати сохтмонии «VINCI»-и Фаронса бунёд менамояд, ки дар он коргарони маҳаллӣ низ иштирок доранд.

-Мувофиқи нақша, терминали нави замонавӣ дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт,- иттилоъ дод зимни нишасти матбуотӣ директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Рустам Холиқов.

Тибқи маълумотномаи муфассали ба хабарнигорон пешниҳодгардида, коллективи фурудгоҳ соли 2013 баҳри баланд бардоштани сифат ва самаранокии кор ба як қатор дастовардҳо ноил шудаанд. Маблағи умумии дар давоми сол ба ҳисоби Буҷети давлатӣ гузаронидаи фурудгоҳ 50,4 миллион сомониро ташкил дод. Дар ин давра ба беш аз 1 миллиону 200 ҳазор мусофир хизмат расонида шуд. Тавре маълум аст, бо мақсади беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар фурудгоҳ низоми ягонаи «ОНЛАЙН» ҷорӣ шудааст.  Тӯли соли 2013 аз ин система 77121 нафар шаҳрвандони кишвар истифода карданд ва маълум гардид, ки барои 9340 нафар вуруд ба қаламрави Федератсияи Россия манъ аст. Истифодаи низоми мазкур  имкон дод, ки 6481960 доллари амрикоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфа шавад. Дар нишаст ҳамзамон таъкид шуд, ки ҳоло ҳам на ҳама шаҳрвандон моҳияти ин системаро мефаҳманд. Дар натиҷа маблағи зиёдро харҷ  намуда, ба хориҷа сафар мекунанд ва бозпас гардонида мешаванд.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

 Шиносойӣ бо донишкадаи навтаъсис

- Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар заминаи шуъбаи рассомии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013 таҳти №144 таъсис ёфтааст,-  гуфт  ректори донишкадаи мазкур Ҷамшед Ғаниев. Дар донишкада ду факултет – «Санъати тасвирӣ» бо кафедраҳои «Мусаввирии дастгоҳӣ», «Графики дастгоҳӣ» ва факултети «Дизайн» бошад,  бо кафедраҳои «Санъати муҷассамавӣ ва ороишоти-амалӣ», «Тарҳрезии бадеӣ ва муҳити меъморӣ» мавҷуд аст.

Айни замон дар донишкада 188 донишҷӯ таҳсил мекунад. Донишҷӯёни тибқи шартнома таҳсилкунанда  53 нафарро дар бар мегиранд.  Бояд зикр намуд, ки бо мақсади шиносойи шаҳрвандон бо донишкадаи  навтаъсис, намоиши корҳои эҷодии донишҷӯён ва дар арафаи саршавии маъракаҳои  анъанавии «Довталаб 2014-2015» ҷиҳати ҷалби дӯстдорони санъати тасвирии миллӣ ва муосир  чорабиниҳои «Дарҳои кушода» — и донишкада доир гардид,- гуфт ректори донишкадаи мазкур  Ҷамшед Ғаниев.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»

  Зарари молиявӣ бештар ошкор гардид

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов зикр намуд, ки бо мақсади таъмини хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявӣ, мақомоти назорати давлатии молиявӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, марказҳои идораи барномаҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидории давлатӣ 1464 тафтишу санҷиш гузаронида, ба маблағи 241,2 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуданд.  Аз маблағи умумии зарари ошкоргардида 29,3 миллион сомонӣ хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, 17,1 миллион сомонӣ камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, 56,3 миллион сомонӣ изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ, 18, 96 миллион сомонӣ зарар аз иҷораи амволи давлатӣ, 51,7 миллион сомонӣ талафи воситаҳои пулию молӣ ва 67,9 миллион сомониро маблағи кам  ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо ташкил медиҳад.

Дар давраи сипаригашта аз ҷониби воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1325 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд ошкор шудааст. Аз ин шумора 302- тои онҳоро ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ташкил медиҳанд, ки 336- тоаш ҷиноятҳои дуздӣ бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, 394- тоаш қаллобӣ, 69 адад ҷиноятҳои сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, 81 адад ҷиноятҳои гирифтан ва додани пора, шаш адад ришвадиҳии тиҷоратӣ ва 36 адад гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯйӣ мебошад.

Дар самти ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо комиссияҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 156 ҳолати вайронкунии қонуни мазкур аз ҷониби кормандони мақомоти давлатӣ ошкор гардид. Оид ба ин қонуншиканиҳо маводҳо тартиб дода, барои баррасӣ ба судҳо ирсол ва нисбати шахсони гунаҳгор ҷарима татбиқ карда шуд.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

 Хоҷагиҳои деҳқонӣ ба техникаи кишоварзӣ эҳтиёҷ  доранд

 Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 50 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) мавҷуд аст ва аксари онҳо ба техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ эҳтиёҷи калон доранд. Имрӯз ба корхона зиёда аз 260 ариза аз хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) барои дарёфт намудани техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ворид гардидааст. Дар ин бора директори Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» Саидмурод Хайриддинов хабар дод.

Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки давоми соли 2013 КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ба 138 хоҷагии деҳқонию (фермерии) шаҳру ноҳияҳои кишвар бо тариқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) ба маблағи 15 миллиону  893 ҳазору 785 сомонӣ техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ ҷудо намудааст, ки дар қиёс ба соли 2012 зиёд аст.

Ҳамзамон соли сипаригардида аз ҳисоби амалиёти лизингӣ 15 миллиону 340 ҳазору 800 сомонӣ, подоштҳои лизингӣ 2 миллиону 36 ҳазору 400 сомонӣ, марказҳои хизматрасонии техникӣ 1 миллиону 368 ҳазору 475 сомонӣ, ҷамъ 18 миллиону 745 ҳазору 675 сомонӣ ба корхона маблағ ворид гардидааст.

Аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ 101 адад трактор, 2 адад комбайни ғалладарав, 106 адад таҷҳизот ба маблағи 13 миллиону 853 ҳазору 685 сомонӣ, ғайр аз ин 21 адад трактор, 21 адад испор ба маблағи 2 миллиону 286 ҳазору 900 сомонӣ аз ҳисоби Фонди шарикӣ, маҷмуан ба маблағи 16 миллиону 140 ҳазору 585 сомонӣ харидорӣ гардидааст. Инчунин соли 2013 аз тарафи Президенти Тоҷикистон 5 адад картошкаканак, 5 адад култиватори картошка, 5 адад картошкашинонак ба маблағи 472 ҳазору 850 сомонӣ аз хориҷи кишвар дастрас гардид, ки рӯзҳои наздик мавриди истифодаи кишоварзони Рашт қарор мегирад

КВДҶ «Тоҷикагролизинг» барои амалӣ намудани дархостҳои хоҷагиҳо чораандешӣ намуда, то имрӯз бо як қатор корхонаву ташкилотҳои хориҷӣ ҷиҳати дастрас намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо мулоқоту вохӯриҳо гузаронид.

Корхонаи мазкур соли ҷорӣ дархосту талаботи зиёда аз 145 хоҷагии деҳқонии ҷумҳуриро барои ба даст овардани техника ва мошинолот омӯхта, муайян намуд, ки ин хоҷагиҳо ба 110 адад трактори МТЗ, 100 адад испор, 4 комбайни ғалладарав, 10 адад тойбанд ва 10 алафдаравак ниёз доранд.

Х.ШАРИПОВ, «Садои мардум»