Ба ниҳол чун ба фарзанд муносибат мебояд

№22 (3972) 26.02.2019

Ҳар сол дар мамлакат ҳазорҳо ниҳоли мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ шинонида мешавад. Ин тадбир барои таъмини амнияти озуқаворӣ, тозагии муҳити зист, барқарор ва бунёди ҷангалзорҳо, аз фурӯравӣ ва шӯршавӣ эмин нигоҳ доштани замин мусоидат мекунад.

Ҳоло мавсими ниҳолшинонӣ дар мамлакат бо ҷӯшу хурӯш идома дорад. Мутахассисон дар манотиқи гуногун шинонидани ниҳолҳои серҳосил ва минтақабобро тавсия медиҳанд. Интихоби дурусти ниҳол барои бунёди боғи хубу дарахтони пурбор кумак мерасонад. Хушбахтона, имрӯз таъсиси боғҳои интенсивӣ ба роҳ монда шудааст, ки серҳосил асту меваҳои хушсифаташ харидори зиёд дорад.

Меваҳои шаҳдбору аз лиҳози экологӣ  безарар ва хеле бозоргири кишвар ҳанӯз пурра муаррифӣ нашудаанд. Гулу гиёҳҳои шифобахши диёр, муъҷизаи табиат маҳсуб шуда, ба ҳазорҳо дард дармон аст.

Дар арафаи фарорасии баҳор дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ярмаркаи доимоамалкунандаи фурӯши ниҳолҳо, кӯчати гулҳо ва тухмии зироатҳо ба роҳ монда мешавад. Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати татбиқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2016- 2020» соли сипаришуда деҳқонон дар масоҳати 2851,2 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки аз он 2654,4 га боғ ва 195,5 гектарро токзор ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 2515 гектар дар талу теппаҳо бунёд шудааст.

Ҳамчун омӯзгори фанни биология барои шогирдонро дар рӯҳияи меҳнатдӯстиву табиатдӯстӣ тарбия кардан тавсия медиҳам, ки ба ниҳол чун ба фарзанди инсон муносибат кунанд, навдаҳои онро нашикананд ва доимо ғамхор бошанд.

Раъно МИРЗОЕВА,

омӯзгори МТМУ №35-и шаҳри Душанбе