Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

№106 (3407) 08.08.2015

Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақолаи дар рӯзномаи «Садои мардум», ки зери унвони «Суд чиро ба инобат нагирифтааст?» таҳти №70 (3371) аз 21 майи соли 2015  ба табъ расидааст, чунин вокуниш менамояд:

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Шарора»-и шаҳри Исфара  моҳи июни соли 2012 ба Суди иқтисодии вилояти Суғд бо аризаи даъвоӣ ба ҷавобгарии Корхонаи воҳиди «Суғднефтугаз», Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ ва шаҳрванд А.Ғ. Холиқов дар бораи беэътибор донистани қарори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №184 аз 16 октябри соли 2006, протоколи № 114 аз 17 октябри соли 2006 ва Шартномаи хариду фурӯши амволи мазкур таҳти № 114 аз 22 ноябри соли 2006 дар қисми моликияти ба ҶММ «Шарора» тааллуқдошта муроҷиат намуд.

Даъво чунин асоснок карда шудааст, ки бо фармони собиқ Раёсати корҳои чоҳкобии Нефтеободи Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикнефт» дар шаҳри Исфара — ҳоло КВ «Суғднефтугаз»-и шаҳри Исфара аз 21 ноябри соли 1991 Корхонаи хурди «Шарора» ташкил шуда, Оинномаи он тасдиқ карда шудааст. Бинои бекормондаи холии Неругоҳи барқи обии байниколхозии дар ҳудуди лагери пионерии «Афсонаи кӯҳӣ», воқеъ дар деҳаи Қалъачаи Мазори шаҳри Исфара бо фармони №374 аз 3 декабри соли 1991 ба тавозуни ҶММ «Шарора» дода шуда буд. Баъди ба мувозинат қабул намудани бино ҶММ «Шарора» бинои мазкурро ба маблағи 110355 рубл таъмир намуда, аз масофаи 1200 метр бо қубури тамғаи Д-76 мм бо арзиши 43844 рубл хати гази фишораш миёнаро гузаронид. Ҳудуди қитъаи замини вобасташуда дар масоҳати 0,63 гектар пурра тахту ҳамвор шуда, атрофи он бо девор иҳота шудааст. Дар асоси мактуби Раёсати корҳои чоҳкобии Нефтобод аз 12 феврали соли 1999 бо қарори раиси шаҳри Исфара  таҳти  № 614 аз 29 декабри соли 1999 қитъаи замин ба ҷамъияти мазкур вобаста карда шуда, аз ҷониби мақомоти идораи замин ба ҷамъият Сертификати ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин дода шудааст.  Ҳангоми қабули қарор дар бораи ба фурӯш гузоштани лагери пионерии «Афсонаи кӯҳӣ» ва баста шудани шартномаи хариду фурӯши биноҳои лагери мазкур ҳуқуқу манфиатҳои қонуни ҶММ «Шарора» вайрон гардидаанд. Мутобиқи ваҷҳҳои дар аризаи даъвоӣ овардашуда бинои неругоҳ (ГЭС) ва «Газопровод» амволи ҶММ «Шарора» буда, онҳо бар хилофи қонун дар музояда фурӯхта шудаанд. Бо дарназардошти асосҳои дарҷгардида, дар аризаи даъвоӣ талабот гузошта шудааст, ки қарори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 184 аз 16 октябри соли 2006, протоколи № 114 аз 17 октябри соли 2006 ва Шартномаи хариду фурӯши амволи мазкур таҳти № 114 аз 22  ноябри соли 2006 дар қисми моликияти ба ҶММ «Шарора» тааллуқдошта беэътибор дониста шаванд.

Бо ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 4 октябри соли 2012 даъвои ҶММ «Шарора»  рад карда шудааст.

Бо қарори марҳилаи  кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 декабри соли 2012 ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 4 октябри соли 2012 доир ба парвандаи мазкур бетағйир, шикояти кассатсионии ҶММ «Шарора»-и шаҳри Исфара беқаноат  мононда шудааст.

ҶММ «Шарора»-и шаҳри Исфара ба қарори марҳилаи кассатсионӣ розӣ нагардида, бо шикояти назоратӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд. Бо таъиноти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2013 шикояти назоратии ҶММ «Шарора»-и  шаҳри Исфара беқаноат монда, ирсоли парвандаи мазкур барои баррасӣ дар суди марҳилаи назоратӣ  рад шудааст.

Аз далелҳои парванда бармеояд, ки мутобиқи протоколи №114 аз 17 ноябри соли 2006 собиқ лагери пионерии «Афсонаи кӯҳӣ»-и КВ «Суғднефтугаз»-и шаҳри Исфара аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ А.Ғ. Холиқов дар музояда ба маблағи 24641 сомонӣ харида шуда, сипас мувофиқи санади супоридан ва қабул аз 29 декабри соли 2006  объекти мазкур аз ҷониби номбурда қабул карда шудааст. 24 январи соли 2006 шартномаи хариду фурӯши объекти мазкур дар Идораи нотариалии давлатии шаҳри Исфара ба қайд гирифта шуда, 14 феврали соли 2008 ба номбурда аз ҷониби идораи мазкур шаҳодатномаи ҳуқуқи моликият дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки бо дигар ҳалномаи Суди иқтисодии вилояти Суғд аз 24 ноябри соли 2010 қарори раиси шаҳри Исфара таҳти № 614 аз 29 декабри соли 1999 «Дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони базаи истеҳсолӣ ва хоҷагии ёрирасон ба Корхонаи хурди «Шарора» беэътибор дониста шуда, бо ҳалномаи суди мазкур аз 17 августи соли 2011 ҶММ «Шарора» уҳдадор  карда шудааст, ки монеа оид ба истифодаи қитъаи замини масоҳаташ 0,63 гектарро, ки ба соҳибкори инфиродӣ А. Холиқов вобаста карда шудааст, бартараф  намояд.

Ваҷҳҳои дар мақола пешниҳодшуда дар хусуси он ки амволи хусусигардонидашудаи баҳсӣ моликияти ҶММ «Шарора» мебошад, зимни баррасии парванда дар суди иқтисодии марҳилаи якум ва марҳилаи кассатсионӣ, инчунин ҳангоми омӯзиши парванда зимни санҷиши шикояти назоратии А. Ғафуров мавриди таҳлил қарор гирифта, тасдиқи худро наёфтаанд. Зеро дар асл бинои неругоҳ  (ГЭС) қаблан ба ҶММ  «Шарора» ройгон дода шуда буд. Бинобар хилофи қонун будани чунин амал, моҳи июни соли 2006 бинои мазкур ба тавозуни Корхонаи воҳиди «Суғднефтугаз» баргардонида шудааст. Аз ҷониби ҶММ «Шарора» ба суди иқтисодӣ барои исботи соҳибмулки амволи баҳсӣ буданаш ҳуҷҷатҳои эътимодноки ҳуқуқмуайянкунанда пешниҳод нашудааст.

Хулосаҳои ҳама марҳилаҳои суди иқтисодӣ дар бораи он ки доир ба парвандаи мазкур санадҳои судии ба қонун  мувофиқ қабул гардидааст, дуруст ва асоснок мебошанд. Ваҷҳҳои пешниҳодкардаи А. Ғафуров беасос буда, наметавонанд боиси бекор шудани санадҳои судии доир ба парвандаи мазкур қабулгардида бошанд.

Бо эҳтиром, муовини раис З. АБДУЛЛОЕВА