Бабри барфиро ҳифз бояд кард

№107 (3744) 07.09.2017

БабриЧанде пеш  дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Форуми байнамилалӣ доир ба ҳифзи бабри барфӣ ва экосис­темаҳои он доир гардид. Дар ин ҷамъомад намояндагони 12 давлати дунё, аз ҷумла Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Ӯзбекис­тон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия, Хитой, Непал ва  ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Аз кишвари мо як гурӯҳ мутахассисон бо роҳбарии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода иштирокчии Форум буданд.

Мақсади асосии ин ҳамоиш қабули Эъломияи Бишкек доир ба ҳифзи бабри барфӣ ва экосистемаҳои он буд. Дар доираи ин Эъломия бояд то  соли 2020-ум 20 манзараи (ландшафти) бабри барфӣ нигоҳ дошта, саршумори он барқарор карда шавад.

Дар Тоҷикистон, ки дар Осиёи Марказӣ яке аз маконҳои асосии зисти ин ҳайвони нодир ба шумор меравад, айни ҳол қариб 300 бабри барфӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои ҳифзу нигоҳдории баб­ри барфӣ ва экосистемаҳои он чораҳои зарурӣ меандешанд. Аз ҷумла, аз тарафи Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии амал доир ба ҳифзи бабри барфӣ ва экосистемаҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.

Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, раиси Кумита Хайрулло Ибодзода дар рафти Форум бо намояндагони ташкилотҳои байналмилалию донорҳо роҷеъ ба масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ доир ба ҳифзи муҳити зист ва амалӣ намудани лоиҳаҳо суҳбат ва табодули назар карданд.

 Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»