Барӯйхатгирӣ ва муоинаи техникаи кишоварзӣ

№56 (3536) 28.04.2016

09288ec823dc8dc86bc92d0dfaa67f4eРаёсати кишоварзии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар арафаи оғози кишти  баҳорӣ маъракаи барӯйхатгирӣ ва муоинаи назоратии техникаҳои кишоварзӣ ва  мошинолотро ба роҳ монд. Ба ин хотир, аз ҳисоби мутахассисони  варзида гурӯҳи корӣ таъсис ёфт, ки фаъо­лиятро аз Кооперативи истеҳсолии «Наврӯз» ва Кооперативи тиҷоратии ба номи Исохон Ҳамзаев оғоз намуд.

Дар ҷараёни санҷиш маълум гардид, ки ҳар ду хоҷагӣ ба мавсими кишт омодагии хуб дида, техникаю мошинолоти кишоварзиро пурра аз  таъмир баровардаанд.

Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзии ноҳияи Шаҳринав Кооперативи истеҳсолии «Наврӯз» дорои 500 гектар замини обӣ ва 350 гектар замини лалмӣ мебошад. Деҳқонони хоҷагӣ дар майдони 180 гектар гандум, ҷав, пиёзи барвақтӣ ва дигар намуди зироатҳоро кишт кардаанд.

Кооперативи тиҷоратии ба номи Исохон Ҳамзаев 300 гектар замини обӣ ва 342 гектар замини лалмӣ дорад. Дар ин хоҷагӣ то имрӯз 112 гектар ғалла, 12 гектар пиёзи барвақтӣ кишт намудаанд. Аз оғози фасли баҳор деҳқонони хоҷагӣ дар 25 гектар сабзавот, 50 гектар тухмии чигити навъи «Дӯстӣ» коштаанд. Раиси хоҷагӣ Исмоил Сафаров гуфт, ки саҳмдорон дар 342 гектар замини лалмӣ ғалла, ҷавдор, зағир ва нахӯд кошта буданд, ки айни замон нашъунамои онҳо хуб аст. Дар 100 гектар замини обие, ки деҳқонон ҳанӯз дар оғози фасли зимистон барои кишти баҳорӣ омода карда буданд, ният доранд сабзавот парвариш намоянд.

 Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»