Баррасии вазъи бозори молиявӣ ва ҷараёни сармоягузорӣ

№80 (4030) 04.07.2019

IMG_1137Бисту ҳаштуми июни  соли ҷорӣ  дар  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки  намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, донишмандони соҳаи иқтисодиёт, коршиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма конфронси  илмию амалӣ  дар мавзӯи  «Бозори молиявӣ ва ҷараёнҳои сармоягузорӣ» баргузор гардид.

Директори марказ Диловар Қодирзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ зикр кард, ки бозори молиявӣ ва ҷараёнҳои сармоягузорӣ  аз масъалаҳои мубрами иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Биноан, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир таваҷҷуҳро ба таъмини молиявии рушду пешрафти иқтисодиёт тавассути бозори молиявӣ  ва сармоягузорӣ  беш аз пеш равона кардааст. Албатта, дар ин самт мушкилоту монеаҳо зиёданд ва дастгирии пешниҳоду иқдомоте, ки ҷиҳати амалисозии ислоҳоти иқтисодӣ дар доираи сиёсат ва фазои сармоя­гузорӣ  барои таъмини  молиявии рушди иқтисодиёти кишвар кумак мерасонанд, муҳим ва саривақтист. Аз ин нуқтаи назар, баргузории ҳамоишҳои илмиву амалӣ бо ширкати  намояндагони масъули вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, коршиносону мутахассисони варзида барои  ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда дар ин самт кумаки амалӣ хоҳад расонид.

IMG_1149Дар идома мудири шуъбаи қарзи дохилии Сарраёсати қарзи давлатӣ ва ҷалби сармоягузории давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии  Тоҷикис­тон  Саидалӣ  Иброҳимов дар мавзӯи «Вазъи бозори молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити имрӯза»,  намояндаи  Биржаи фондии марказии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шодмон Баҳромзода дар мавзӯи «Имконият ва рушди бозори коғазҳои қиматнок», намояндаи  Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта»  Сафар Сабзалиев дар мавзӯи  «Имконият ва рушди бозори суғурта», сармутахассиси Раёсати таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегӣ Сафарҷон Азизов дар мавзӯи «Ташки лотҳои қарзӣ ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт», намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёев дар мавзӯи «Амнияти сармоягузорӣ ҳамчун омили рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон»  суханронӣ намуданд.

Сипас, вобаста ба маърӯзаҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Р.  УМАР, «Садои мардум»