Солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари азизамон — Тоҷикистон рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар муддати кӯтоҳ садҳо корхона ва биноҳои хуштарҳу замонавии таъиноти гуногун ба истифода дода шуданд.
Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) аз ҷумлаи ташкилотҳое мебошад, ки тавассути татбиқи лоиҳаҳо дар рушди инфрасохтори соҳаи иҷтимоии кишвар саҳмгузорӣ менамояд. Бо директори иҷроияи он Сиддиқзода Шералӣ Муродалӣ суҳбате доштем, ки фишурдаи он пешниҳод мегардад.
- Хоҳишмандем дар аввал оид ба таъсиси БМИМТ ва корҳои анҷомдодаи он каме маълумот диҳед.
- Ташкилот соли 1997 ҳамчун Фонди иҷтимоии сармоягузории Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуда, соли 2002 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон табдил дода шуд. Фаъолияти БМИМТ аз соли 1997 то соли 2006 аввал дар доираи лоиҳаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Дар ин давра 615 лоиҳа дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ гардид, ки соҳаҳои маориф, тандурустӣ, барқ, оби нӯшокӣ, сохтмони роҳу пулҳо ва дигар инфрасохтори иҷтимоиро дар бар мегирифт.
Баробари татбиқи Лоиҳаи дуюми паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2005 дар заминаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон татбиқи Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» идома дорад. То соли 2014 марҳилаҳои якум ва дуюми ин барнома пурра амалӣ шуда, дар доираи марҳилаи якум 29 лоиҳа ва дар доираи марҳилаи дуюм 39 лоиҳа татбиқ гардид. Айни ҳол дар доираи марҳилаи сеюм татбиқи 14 лоиҳа идома дорад. Аз соли 2013 Барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» мавриди амал қарор дорад. Дар доираи ин барнома ба истифода додани 12 бинои таълимии нав дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Тоҷикобод ба нақша гирифта шудааст.
- Тарзи интихоби лоиҳаи татбиқшаванда чӣ гуна аст? Дар асоси муроҷиати шаҳрвандон ва ё аз ҷониби мутахассисони БМИМТ?
- Дар оғози ҳар як барнома ё лоиҳа аз ҷониби кормандони БМИМТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои дахлдор ва Ҷамъияти олмонӣ оид ба ташкилдиҳӣ, банақшагирӣ ва омӯзиш (GOPA) тадқиқоти сотсиологӣ гузаронида, дар заминаи он теъдоди муайяни мактабҳо ба рӯйхат гирифта мешаванд. Аз ин рӯйхат мактабҳое интихоб мегарданд, ки бештар ба дастгирӣ ниёз доранд.
Интихоби минтақаҳо аз ҷониби маблағгузор амалӣ мешавад, яъне то оғози барнома коршиносони мустақил тадқиқоти сотсиологиро бевосита анҷом медиҳанд ва дар асоси он минтақаи ниёзмандро интихоб мекунанд.
- Сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои татбиқи барномаҳо кадомҳоанд?
- Сарчашмаҳои маблағгузории барномаҳо гуногун буда, онҳо аз маблағҳои қарзию грантии шарикони рушд ва ҳиссагузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Масалан, маблағи умумии Лоиҳаи таҷрибавии паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва Лоиҳаи дуюми паст кардани сатҳи камбизоатӣ 34 миллион доллари ИМА- ро ташкил дода, аз ҳисоби қарзи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфта буд.
Маблағгузории Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» аз гранти Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон, ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми аҳолӣ иборат мебошад. Ҳаҷми умумии маблағҳои ин барнома дар марҳилаи якум 6,72 миллион евро, дар марҳилаи дуюм 13,54 миллион евро ва дар марҳилаи сеюм 6,86 миллион евроро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 22,4 миллион евро маблағҳои грантӣ буда, боқимонда ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар барномаҳои мазкур саҳми аҳолӣ низ вуҷуд дорад, ки аз тариқи иҷрои корҳои муайян пешбинӣ шудааст.
- БМИМТ муассисаи умумиҷумҳуриявӣ аст, аммо феълан доираи амали он танҳо ду минтақаи кишварро фаро гирифтааст. Оё имкони васеъ кардани доираи фаъолият вуҷуд дорад?
- БМИМТ ҳамчун ташкилоти ҷумҳуриявӣ, дар тамоми минтақаҳои кишвар фаъолият кардааст ва таҷрибаи ғанӣ дорад. Ҳоло БМИМТ дар доираи ду барнома дар соҳаи маориф фаъолият намуда истодааст.
Соли 2015 дар доираи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо мақсади васеъ намудани доираи фаъолияти Барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт», ноҳияҳои Тавилдара ва Ҷиргатол низ ба барнома шомил карда шуданд.
- Ҳангоми сохтмони мактабҳо бунёди дигар иншоот, аз ҷумла майдончаҳои варзишӣ низ ба назар гирифта мешавад?
- Мактабҳое, ки сохта мешаванд, бо шабакаи мустақили гармидиҳӣ, нуқтаҳои санитарӣ таъмин ва атрофи онҳо панҷарабандӣ мешавад.
Дар доираи ҳамкории бевосита бо Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон соли гузашта бунёди як майдончаи варзиширо дар шаҳри Сарбанд оғоз намудем. Айни ҳол лоиҳа амалӣ шуда истодааст ва нақша дорем, ки имсол онро ба истифода диҳем.
Муҳим он аст, ки БМИМТ дар ҳар як марҳила ба тарҳи лоиҳаҳо навоварӣ ворид месозад. Масалан, дар доираи марҳилаи дуюми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» панҷ иншоотро бо неруи барқароршавандаи табиӣ таъмин намуда будем. Ин лоиҳаҳо дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) амалӣ шуданд. Дар марҳилаи сеюм ин анъана идома хоҳад ёфт.
- Назорати корҳои сохтмонӣ ва давраи замонати иншоот чӣ гуна аст?
- Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби намояндагиҳои БМИМТ мунтазам зери назорат қарор доранд. Баъд аз ба истифода додани иншоот камбудию норасоиҳои дар давоми як соли аввал бавуҷудомада аз ҷониби пудратчӣ бартараф мегарданд.
Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»