Дар мавзӯи рӯз

Бо «Юнистрим» маблағ фиристодан беҳтар ё..?

№149 (4099) 12.12.2019

Бонки миллиЧанде пеш Бонки миллии Тоҷикистон Маркази миллии протсессингии (ММП) интиқоли маблағҳоро бе кушодани суратҳисоб таъсис дод. Мақсад аз он баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми интиқоли маблағ, таъмини шаффофияти амалиёт, коҳиши хавфҳои транзаксионӣ бо мақсади таъмини устувории низоми бонкию молиявӣ дар мамлакат ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои амалиёти бехавф арзёбӣ мешавад. Мутаассифона, баъзеҳо манфиатҳои низоми интиқоли пулро ҳимоя намуда, «бонги изтироб» зада истодаанд, ки таъсиси марказ боиси гарон шудани нархи интиқоли пул мегардад.

Инчунин,  ба ҳеҷ ваҷҳ назаррас будани ҳаҷми маблағи интиқолии муҳоҷирони меҳнатиро инкор карданӣ нестем, вале набояд фаромӯш кард, ки як қисмати маблағи аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда пули доираи соҳибкорони тоҷику хориҷӣ низ мебошад. Бонки марказии Федератсияи Россия бо нишон додани ҳаҷми маблағи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолгардида пурра ба муҳоҷирон тааллуқ дош­тани онро низ махсус таъкид накардааст.

Пайгирии масъала собит намуд, ки сабаби асосии бамаротиб афзудани интиқоли маблағ тавассути бонкҳо аз хориҷа ба дастгирии Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати аз андозбандӣ озод намудани маблағҳо рабт дорад. Бино ба гуфти шоҳидони ҳол, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз ин маблағҳо то 30 фоиз андоз ситонида мешуд.

Ба хоҳиши мо масъулини Бонки миллӣ бо далелҳои асоснок сабабҳои таъсиси Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисобро муфассал шарҳу тавзеҳ доданд. Минҷумла зикр шуд, ки солҳои охир низоми интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоб дар Тоҷикистон тамоюли рушди босуръат касб карда, тадриҷан чун дар дигар кишварҳои минтақа, ҳиссаи он дар миёнаравии молиявӣ ба таври назаррас афзуд.

Бонки миллӣ таҳлили вазъи бозори интиқоли пулро бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар Тоҷикистон гузаронида, дар натиҷа як қатор мушкилиро ошкор намудааст, ки ба устувории низоми бонкӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Муҳим он аст, ки ташкилотҳои қарзӣ ҳар рӯз маблағҳои пулии интиқолшавандаро ба муштариён аз ҳисоби худ пардохт намуда, баъд аз як ё ду рӯз онҳоро аз бонки хизматрасони низоми интиқолӣ мегиранд, ки ин раванд хавфи напардохтани маблағҳоро ҳангоми ғайрибозоргир будани низоми интиқолии байналмилалӣ зиёд менамояд. Чунин ҳолат боиси ба миён омадани мушкилии молиявии ташкилотҳои қарзӣ гардида, ҳадди ақал бо муфлисшавии ду низоми интиқоли маблағҳо («Лидер» ва «Мигом») уҳдадории онҳо дар назди ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион доллари амрикоӣ ва 45 миллион рубли русиро ташкил дод.

Маркази навтаъсис ­маҷмааи барномавию техникии БМТ буда, ҳисоббаробаркуниҳоро аз рӯи интиқолҳои фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоб тавассути суратҳисобҳои муросилотии иштирокдорон, ки дар асоси шартнома дар Бонки миллӣ кушода шудаанд, бо истифода аз воситаҳои электронии қабул, коркард, интиқол ва ҳифзи иттилоот таъмин менамояд. Он имкон фароҳам меорад, ки интиқоли фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар шакли ғайринақдӣ зуд, боэътимод ва бехатар анҷом дода шавад. Инчунин имкониятҳои навро баҳри рушди бозори интиқоли пулӣ фароҳам намуда, барои баланд бардош­тани эъти­моди аҳолӣ ба низоми бонкӣ мусоидат мекунад. Бар замми ин, сифати хизматрасонӣ барои интиқолгирандагон беҳтар гардида, имкони назорат дар заминаи ҳуқуқӣ дар сатҳи давлатӣ ва таъминнокии молиявии ҳар як амалиёти фаромарзии интиқоли маблағҳо таъмин мешавад.

Бо пайваст шудани низомҳои интиқолӣ ва ташкилотҳои қарзӣ интиқоли маблағҳои фаромарзӣ бетағйир мемонад ва Бонки миллӣ ба ҳайси бонки ҳисоббаробаркунанда ба муштариён ва иштирокдороне, ки амалиётро бо интиқоли маблағҳо иҷро мекунанд, кафолат медиҳад ва хизматрасонии интиқоли маблағҳоро бетаъхир ва бе расонидани зарар ба онҳо таъмин менамояд.

Эътироф бояд кард, ки сабаби норозигии муштариёни бонкҳо ба таври лозимӣ ба роҳ намондани корҳои фаҳмондадиҳӣ маҳсуб мешавад. Сокини шаҳри Душанбе Фарҳод Ҷӯраев мегӯяд, ки мебоист пештар  масъулин тавассути телевизион, радио ва сомонаю рӯзномаҳо маъракаи фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ мекарданд.  Дар он сурат муҳоҷирони меҳнатӣ маблағашонро на тавассути «Золотая корона», балки ба воситаи низомҳои «Юнистрим» ва «Контакт» мефиристоданд.

Сокини шаҳри Ҳисор Қосимҷон Аҳмадзода, ки чанде пеш аз Федератсияи Россия баргашт, зимни суҳбат иброз дошт, ки миёни муҳоҷирони меҳнатӣ истифодаи низоми «Золотая корона»  маъмул буд. Муҳоҷирон маблағро тавассути он аз ҳама минтақаҳои Федератсияи  Россия аз тариқи телефон зуд интиқол медоданд. Ин шабака аз 10000 рубли русӣ 100 рубл ҳаққи хизмати комиссионӣ мегирифт. «Юнистрим» бошад, 150 рубл. Илова бар ин, зимни муроҷиат ба шабакаи «Юнистрим» патент ва ҷойи қайд (регистратсия) талаб мекунанд. Агар «Юнистрим» сабукӣ пешниҳод кунад, хуб, вагарна барои муҳоҷирони меҳнатии дур аз шаҳрҳои калон бо қатъи хизматрасонии «Золотая корона» мушкил пеш меояд.

Лозим ба ёдоварист, ки то ба фаъолият оғоз намудани Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо ҳаққи хизматрасонии «Юнистрим» ба ҳисоби миёна ба Тоҷикистон 1,5 фоизро ташкил медод. Баъд аз пайваст шудан ба маркази мазкур ҷиҳати дастгирӣ намудани пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти ин низом ҳаққи хизматрасонӣ барои интиқоли маблағҳо аз 6 декабри соли 2019 то ба 0,99 фоиз поён фароварда шуд. Президенти низоми пардохтии байналмилалии «Юнистрим» Кирилл Палчун Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳоро навоварӣ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон номида, дурнамояшро нек арзёбӣ кард.

Тибқи маълумоти дастрасшуда, дар низоми «Юнистрим» 15 788 нуқтаи хизматрасонӣ дар Федератсияи Россия фаъол аст. Аз теъдоди зикршуда ба «МТС» 4 300 адад, «Теле» 2 — 2 150, агентҳои бонкии пардохтӣ — 1 696, марказҳои хизматрасонии «Почта банк» — 4 600, «Росселхозбанк» – 1 335, шабакаи дохилии  «Юнист­рим» -207, марказҳои хизматрасонии дигар ташкилотҳои қарзӣ 1 500 адад рост меояд. Илова бар ин, амалӣ намудани интиқоли маблағ тавассути сомонаи расмӣ ва барномаи мобилии «ЮНИСТ­РИМ» низ имконпазир аст.

Дар робита ба низоми «Контакт» бояд гуфт, ки он дорои зиёда аз 8 500 нуқтаи хизматрасонӣ буда, тавассути агентҳои бонкии пардохтӣ, терминалҳои пардохтии «КИВИ», аз ҷумла, барномаҳои мобилӣ ва ҳамёнҳои электронӣ маблағ интиқол менамояд.

Шояд аксар ҳамватанон надонанд, ки ғайр аз тариқи низомҳои зикргардида, инчунин интиқоли маблағ аз Федератсияи Россия ба воситаи кортҳои пардохтии «Корти миллӣ»-и ҶСП «Спитамен Бонк», ҶСК «Бонки Эсхата», ҶСП «Коммерсбонки Тоҷикистон», ҶСП «Аввалин бонки молиявии хурд» ва ҶДММ ТАҚХ «Душанбе Сити» тавассути барномаи мобилии «Сбербанк онлайн», инчунин терминалҳои «КИВИ» ва нуқтаҳои хизматрасонии «Связной» ва «Мегафон» имконпазир мебошад.

Тӯтиё Асалбекова ном сокини пойтахт аз он шиква кард, ки чанд рӯз аст маблағи аз шаҳри Моск­ва интиқолдодаи писарашро гирифта наметавонад. Чанде пеш ӯ тавассути шабакаи «Золотая корона» маблағ интиқол дода буд. Ӯ ба намояндагии бонкҳои кишвар муроҷиат кард, вале маб­лағро дастрас карда натавонист. Сипас, писараш ҳамон маблағро тавассути низоми «Юнистрим» фиристод. Вобаста ба ин, кормандони бонк ва ташкилотҳои қарзии мамлакат бояд муошираташонро дар самти роиҷ намудани муносибати инфиродӣ бо ҳар як мизоҷ тавсеа бахшанд.

Зебо Раҳимова ном сокини пойтахт ба суҳбат ҳамроҳ шуда, иброз ­дош­т, ки ӯ низ бо ҳамин мушкилӣ мувоҷеҳ аст.

- Шавҳарам аз шаҳри Салехард (округи автономии Ханти Мансийскийи Федератсияи Россия) 9 декабр маблағ интиқол намуд. 10 декабр ба чанд бонк рафтам, мегӯянд, ки «сис­тема кушода нашудааст». Ҳоло интизорам, ки кай фаъолияти система оғоз мешавад, — мегӯяд ӯ.

Қаблан баъзе аз низомҳои интиқоли пул, аз ҷумла, «Золотая корона» иддао карда буданд, ки муқаррароти қонунҳои Федератсияи Россия иҷоза намедиҳад, ки ба маркази нави пулгузаронии Тоҷикистон ҳамроҳ шаванд. Хушбахтона, ба ин масъала низ нуктаи таммат гузошта шуд ва ­масъулини Хадамоти матбуоти Бонки марказии Федератсияи Россия дар посух ба пурсиши кормандони радиои «Озодӣ» гуфтаанд, ки «қонуни ин кишвар ба пайвастани ширкатҳои интиқоли пул ба Маркази протсессингии Бонки миллии Тоҷикистон мухолифат надорад. Қонунгузории Федератсияи Россия ба шабакаҳои ирсоли пул, ки интиқолҳои фаромарзии маблағро амалӣ мекунанд, имкон медиҳад, ба Маркази протсессингии Бонки миллии Тоҷикистон пайваст шаванд».

Тавре аз маълумоти паҳннамудаи мақоми ваколатдор бармеояд, шомилшавии дигар низомҳои интиқолии маблағ ба Маркази зикршуда дар назар буда, ба зудӣ низоми Western Union низ мепайвандад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ далели он аст, ки марҳилаҳои аввали дилхоҳ  ислоҳот ва ҷорӣ намудани инноватсия мушкилотро,  ба монанди норозигии шахсони алоҳида, таҳрифи воқеият ва моҳияти иқдом ба миён меорад.

Умед дорем, ки дар заминаи пеш бурдани корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва хизматрасонии босифат, ки ба масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ асос ёфтааст,  мушкилот ва монеаҳои сунъӣ дар наздиктарин фурсат рафъ хоҳанд гашт.

Далер МЕРГАНОВ, Сайфиддин СУННАТӢ«Садои мардум»