Бонуи соҳибдили зардӯз

№33 (3513) 08.03.2016

002Салима Каримова аз зумраи бонувони ҳунармандест, ки дар эҳё ва рушди ҳунари зардӯзӣ ва сӯзанидӯзӣ саҳми бориз дорад. Нозукиҳои ин ҳунари миллиро аз модари зиндаёдаш Маҳбубахон Абдумаҷидова омӯхтааст.

Дар суҳбат бо мо ёдовар шуд, ки дар тифлӣ модараш ба дӯхтани камзӯлу тоқӣ ва ҷомаву матоъҳо машғул гардида, дӯстрӯяконашро  дар атрофаш ҷамъ меовард, то аз хурдсолӣ ба ҳунари зардӯзӣ дил банданду аз сирру асрори ҳунараш огаҳ шаванд. Падари бузургвораш, ки ба шеъру шоирӣ муҳаббати беандоза дошт ва шоири хуб ҳам буд, фарзандонашро дар рӯҳияи шеърдӯстӣ тарбият намудааст. Аз ин ҷост, ки Салима Каримова ҳунар ва шеърро дар фаъолияташ истифода намуда, дар офаридаҳояш шоҳбайтҳои шоиронро ҳаккокӣ кардааст.

Нақши дастони муъҷизаофари ин бонуи ҳунарро имрӯзҳо дар тамоми манотиқи Тоҷикистон дидан мумкин аст.

Пардаи зардӯзишудаи саҳнаи Театри ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, ки бо санъати  баланд оро дода шудааст, соли 2004 ба муносибати 70 — солагии ин боргоҳи ҳунар аз ҷониби Салима Каримова ва шогирдонаш тарҳрезӣ ва нақшпардозӣ шудааст.

- Соли 2008 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешпардаи саҳнаи Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 420 метри мураббаъро ташкил медод, бояд таҷдид ва аз он 105 метраш тариқи дастидӯз нақшпардозӣ мешуд. Барои иҷрои ин кори нозук ва заҳматталаб ба мо 75 рӯз муҳлат доданд, ки кам буд. Ҳамроҳи хоҳарон ва 30 нафар шогирдам  тамоми неру ва ҳунари худро сарф намуда, дар 74 рӯз, яъне як рӯз қабл аз вақти муайяншуда, ин корро ба сомон расонидем, — мегӯяд номбурда.

Соли 2012 бо ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ дар шаҳри Хуҷанд Маркази омӯзишӣ ва истеҳсолии  «Шероз» ифтитоҳ гардид,  ки дар он Салима Каримова фаъолият дорад. Ин бонуи ҳунар пайваста баҳри такмили маҳораташ кӯшиш менамояд. Соли 2012 бо дастгирии раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба деҳаи Шофиркоми вилояти Бухоро сафар карда, аз устодони забардасти ин ҳунар, ки тоҷиктаборанд, нозукиҳои ҳунари йӯрмадӯзӣ ва сӯзанидӯзии бухороиро омӯхт.

Дар маросими тантанавие, ки бахшида ба 1150 — солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри бостонии Панҷакент баргузор гардид, ҷомаи зебои зардӯзишударо, ки маҳсули дастони пурэъҷози Салима Каримова буд, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пӯшониданд, ки боиси ифтихори ин ҳунарманд аст. Айни ҳол донишҷӯи Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии шаҳри Чкалов буда, ният дорад, ки сатҳи маърифаташро такмилу тавсеа бахшида, ба Ватани азизу маҳбуб — Тоҷикистон қадри имкон хидмат кунад. Боварӣ дорем, ки дар ин ҷода низ комёб хоҳад шуд.

Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»