Чаро қарори раиси шаҳр амалӣ намегардад?

№21 (3658) 25.02.2017

DSC_0754Мувофиқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 1 июни соли 2012 мебоист терминали мусофиркашонӣ ба самти Кӯлоб, ки дар дохили шаҳр – кӯчаи Н. Қарабоев (чорсӯи бозори «Корвон») воқеъ гардида буд, ба канори шаҳр – кӯчаи Айнӣ-22 (7-ум километр) кӯчонида мешуд. Ҳадаф аз он беҳтар намудани сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар дохили шаҳр, ки солҳои охир ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ аст ва ҷилавгирӣ аз тамбашавӣ мебошад.

Мутаассифона, ҳалли масъала кашол ёфта, баъзе аз ронандагон моҳияти онро то ҳол дуруст дарк накардаанд. Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ пайи фаҳмондадиҳӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ буда, роҷеъ ба масъала эълон дар ҳама ҷо овезон аст, вале ронандагони мусофирбари алоҳида ҷойи пештараро тарк карданӣ нестанд ва автомашинаҳои худро дар паскӯчаҳо пинҳон карда, мусофир мегиранд.

Бояд гуфт, ки терминали кӯчаи Н. Қарабоев ба ягон талабот ҷавобгӯ набуда, ҷойи вайронаеро мемонад.

Кӯчонидани ист­гоҳ бар суди ронандагону мусофирон буда, боиси дастгирист. Терминали нав, ки дар кӯчаи Айнӣ- 22-и шаҳр воқеъ гардидааст, 2,7 гектарро фаро мегирад. Дар он ҷо корҳои зиёд ба анҷом расида, дорои меҳмонхона, нонвой, нуқтаи шустушӯи мошинҳо буда, ҷавобгӯйи талаботи муосир мебошад.

- Ҳар рӯз аз таваққуфгоҳи нав қариб 900 автомашина ҷониби минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт ба роҳ мебароянд. Дар сурати пурра ба истифода додани он зиёда аз 100 нафар ба ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд, — изҳор дошт роҳбари он Саидмуртазо Бобоназаров.

- Ҷиҳати иҷрои қарори дар боло зикршуда ҳар рӯз аз соати 7 то 19 се корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ барои сафарбар кардани мусофирон дар таваққуфгоҳи нав фаъолият доранд, – гуфт нозири калони ташвиқоту тарғиботи шуъбаи БДА-и РВКД дар шаҳри Душанбе Мирзохон Саидов. — Аммо ронандаҳои гарданшахе ҳастанд, ки онҳоро ҷарима намудан лозим меояд. Барои мисол, Умедов Хайрулло Аҳтамович бо автомашинаи «Мерседес Бенс», рақами давлатиаш 50-76 ВК 01, гарчанде иҷозатномаи (литсензия) Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиётро дорад, аз истгоҳе, ки фаъолияташ мамнуъ аст, мусофир гирифт. Биноан, кормандони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе нисбаташ протоколи маъмурӣ тартиб доданд.

Тибқи маълумоти мавҷуда теъдоди нақлиёт дар кишвар қариб ба 1 млн. адад расида, 69 ҳазори он ба шаҳри Душанбе рост меояд ва рӯзе 49 ҳазор воситаи нақлиёт вориди шаҳр мегарданд.

Дар маҷмӯъ, кӯчонидани терминалҳои мусофиркашонӣ аз дохил ба канори шаҳр ногузир буда, ронандагону мусофирон бояд моҳияти ин иқдомро дарк намоянд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев